logo

сиёсат

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТӢ ДАР ФАРҶОМИ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ИНДОНЕЗИЯ

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори умум,
хонумон ва ҷанобон!
Нахуст мехостам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия ва мардуми дӯсти он барои даъвати инҷониб ҷиҳати анҷом додани ин сафар, ҳамчунин пазироии самимӣ ва истиқболи гарми ҳайати Тоҷикистон сипоси амиқи хешро иброз намоям.
Ин боздид аз кишвари зебоманзару зудтараққиёбандаи Индонезия ба ҳайати мо таассуроти нек бахшид. Мо комёбиҳои  назарраси мардуми Индонезияро дар шоҳроҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар баланд арзёбӣ менамоем. Нақши созандаи кишвари Шумо дар умури минтақавӣ ва байналмилалӣ низ шоистаи таҳсин аст. Ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои музокироти имрӯзаи сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ менамояд.
Мувофиқаҳои дар рафти ин сафари мо ҳосилгашта боз як қадами устувор дар самти таҳкиму тавсеаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди кишварҳоямон мебошанд. Муҳим он аст, ки ҷонибҳо бо таъкиди ҳавасмандии хеш ба рушди ҳамёрӣ дурнамои густариши ҳамкориҳояшонро дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мушаххас гардонданд.
Мо бастаи нави санадҳои ҳамкории дуҷонибаро ба имзо расонидем, ки таҳкимбахши заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои тарафҳо мебошад. Давлатҳои мо тасмим гирифтанд, ки ҳадафмандона ҷиҳати рушди тиҷорат, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва омӯзиши имкониятҳои ҷалби сармоя ба он, ҳамчунин таҳкими робитаҳои гуманитариву фарҳангиашон кӯшишҳои бештар фаъол ба харҷ диҳанд.  Дар ин робита мо пешниҳодоти худро ҷиҳати самаранок ба кор андохтани иқтидорҳои дар ин арсаҳо мавҷуда ба мақоми олии ҷониби Индонезия манзур намудем.
Ҳамзамон, бо назардошти нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ   оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ, мо салоҳ донистем, ки фаъолияти мунтазами он ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин, даъват ба амал овардем, ки ҷониби Индонезия иштироки худро дар татбиқи лоиҳаҳои зиёди  сармоявии Тоҷикистон, ки аксарашон аҳамияти минтақавӣ доранд, фаъол гардонад. Барои ин амалия дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди мо, аз ҷумла  гидроэнергетика,   саноати сабуку коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди инфрасохтори туризм имкониятҳои фаровон ва мусоид вуҷуд доранд.
Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки дар ин ҷода барои соҳибкорону ширкатҳои Индонезия ҳама шароитҳои заруриро фароҳам орад. 
Дар рафти музокирот мо  атрофи  масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ибрози ақида намудем. Маълум шуд, ки назароти ҷонибҳо роҷеъ ба бисёре аз ҷанбаҳои мавзӯъҳои доғи рӯз, минҷумла терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва исломситезӣ ба ҳам мувофиқ ё наздик мебошанд. Дар ин робита, мо сари он ақида омадем, ки ҳамёрии кишварҳоямонро дар доираи ҳамоишҳо ва созмонҳои ҳамкориҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Муколамаи ҳамкории Осиё, Ҳаракати адами тааҳҳуд ва ғайра тақвияти бештар бахшем.
Зимни музокирот мо бо Ҷаноби Олӣ, Президенти муҳтарами Индонезия оид ба чанде аз масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳаводиси ахири олами ислом   мубодилаи афкор анҷом додем.
Аз ин дидгоҳ, мо ҷонибдории худро аз талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти истиқрори сулҳу суботи пойдор дар  кишвари дӯсту ба Тоҷикистон ҳамсояи Афғонистон иброз доштем.
Дар мавриди идомаи муколамаи  сиёсии доимӣ мо идомаи тамосу машваратҳои  байнидавлатии ду кишварро дар сатҳҳои гуногун таъкид кардем.
Дар ин росто ман аз ҳамтои худ, Ҷаноби Олӣ  Ҷоко Видодо  даъват ба амал овардам, ки дар фурсати барояшон муносиб аз Тоҷикистон боздид намоянд ва меҳмони азизу олиқадри мардуми Тоҷикистон шаванд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.08.2016    №: 153    Мутолиа карданд: 305

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед