logo

ҳуқуқ

АДОЛАТИ СУДӢ. ТАЪМИНИ ОН МУНОСИБАТИ ОДИЛОНА МЕХОҲАД

Дар таърихи ҳар халқу миллат санаҳои сарнавиштсозе ҳастанд, ки дорои аҳамияти бузург буда, бо мурури айём ва гузашти солҳо арзиши бештару возеҳтар пайдо мекунанд. 9 - уми сентябр ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин санаи мубораку саодатофар аст.

Таърих ин ҳақиқатро фаромӯш нахоҳад кард, истеҳкоми давлати навини тоҷикон, ки дар оғози Истиқлолияти давлатӣ масири пурпечутобе дошт, ба фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди мустақим дорад. Дар ин давра, халқи тоҷик дар партави сиёсати сулҳовари Сарвари маҳбуби худ имтиҳони сангини таърихро паси сар намуда, мисоли камназири ҳалли мусолиҳатомези ҷанги шаҳрвандиро ба ҷаҳониён нишон дод.
Айни замон кишвари мо, ба масири муносибатҳои нави байналмилалии сиёсиву ҳуқуқӣ ворид гардида, санадҳои асосии марбут ба ҳуқуқи инсонро эътироф намудааст.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ нақши мақомоти судӣ дар таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, ҳуқуқу озодиҳо чашмрас гардид. Зеро ба манзури таҳкими ҳокимияти судӣ, ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунсолорӣ, баланд бардоштани масъулияти судяҳо дар мавриди қабули қарорҳои қонуниву асоснок, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, дар чанд давра барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ амалӣ гашт. Вале ислоҳоти соҳа амалан аз замони қабули Конститутсияи кишвар оғоз шудааст. Зеро дар ин санади олии ҳуқуқӣ бори аввал таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба се шоха - қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар гардид. Ин муқаррароти Конститутсия баёнгари демократисозии ҷомеа шинохта шуда, дар низоми ҳуқуқии кишвар дигаргуниҳои мусбат ба бор овард. Чунончи, дар доираи ислоҳоти судӣ, ки маҳз Конститутсия ба он асос гузошт, Суди конститутсионӣ, судҳои ҳарбӣ таъсис ёфта, таҷдиди суд - арбитраж ба суди иқтисодӣ ба амал омад. Ҳамчунин, дар мамлакат Суди Олии иқтисодӣ, дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе судҳои иқтисодӣ таъсис ёфтанд, ки тағйироти куллие дар низоми ҳуқуқии кишвар дониста мешавад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки эъмори ҷомеаи воқеан демократӣ, пешрафти муносибатҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ ба фаъолияти бонизоми ҳокимияти судии мустақил, беғаразу устувор ва босалоҳият алоқаманд аст. Аз ин рӯ, роҳбарияти олии мамлакат ба низоми ҳокимияти судӣ  ва таъмини мустақилияти он таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо мақсади баланд бардоштани вазъи иҷтимоии кормандони мақомоти судӣ пайваста тадбирҳои судманд меандешанд. Дар ин робита, бо Фармони Президенти мамлакат, аз 2 августи соли 2011, ба андозаи 100 дарсад зиёд шудани маоши вазифавии судяҳоро метавон мисол овард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ оид ба нақши ҳокимияти судӣ дар татбиқи амалии адолат ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки: «Мустақилияти ҳокимияти судӣ чун рамзи адолат аз обрӯву нуфузи он дар ҷомеа, сатҳи омодагии касбии судяҳо дар мавриди доварии софдилонаи онҳо ба нафъи инсон, ҷомеа ва давлат вобаста аст. Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ татбиқ ва таъмини адолати судӣ мебошад. Аз ин рӯ, адолат дар фаъолияти мақомоти судӣ фақат дар сурате амалӣ мегардад, ки онҳо парвандаҳоро воқеъбинонаю беғаразона ва бо риояи қатъии талаботи Конститутсия ва қонунҳо ҳаллу фасл намоянд».
Ин таъкиди Сарвари давлат ҳамаи кормандони мақомоти судии кишварро вазифадор менамояд, ки зимни иҷрои рисолати пуршарафи худ одилона рафтор намуда, дар таъмини адолати судӣ ва ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ талош варзанд.

Саврия ВАЛИЕВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи ҷамъбасткунии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.08.2016    №: 153    Мутолиа карданд: 1082

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед