logo

фарҳанг

НИГОҲИ ТАЪРИХ: ТОҶИКОН ВА ҚАЗОҚОН ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАНД

Халқи қазоқ бо мардуми тамаддунофари тоҷик аз нигоҳи таърихӣ, фарҳангӣ, расму оин ва дину мазҳаб пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳамкорӣ ва дӯстии ин ду кишвари ба ҳам бародар барои рушди иқтисод ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандонашон оварда мерасонад ва баҳри оромиву ободии минтақа мусоидат менамояд.

Тоҷикон бештар дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон кору зиндагӣ доранд. Дар ин ҷо асосан зодагони водии Зарафшон, махсусан Мастчоҳ, шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Ҷиззах умр ба сар мебаранд. Мутобиқи  омори соли 2014 дар қисмати ҷанубии Қазоқистон 3353 хоҷагии  тоҷикнишин ба қайд гирифта шудааст. Мавзеи зисти онҳоро асосан ноҳияҳои Мақтаарал ва Сариагаш ташкил медиҳад. Дар деҳаҳои Бостондиқ, Интимақ ва Енекс 5 - 6 ҳазорӣ, дар ноҳияи Мақтаарал ҳаждаҳ ҳазор тоҷик сабти ном шудаанд. Мутобиқи маълумоти оморӣ дар шаҳри Алма-Ато дувуним ҳазор ва атрофи пойтахт - шаҳри Остона наздик ба понздаҳ ҳазор тоҷик зиндагӣ менамоянд.
Таърихи таъсиси диаспораи тоҷикон дар Қазоқистон ба солҳои 1920 - 1930 рост меояд. Дар ин солҳо бо тасмими роҳбарони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чанде аз оилаҳои тоҷикро барои омӯхтани таҷрибаи заминдорӣ ба ин кишвар фиристода буданд. Иқлими ин диёр, махсусан заминҳои навоҳии ҷанубии кишвар мардуми тоҷикро писанд омаданд. Зеро ин қисмати Қазоқистон заминҳои обиву ҳосилхези зиёд дошта, аз сабаби ботлоқзор буданашон, аз назари ҳукуматдорони ҳамонвақта дур монда буданд. Маҳз ба шарофати боғбониву деҳқониву ҳунармандии халқи тоҷик ин заминҳо ба боғу майдонҳои фарох ва мевадиҳанда табдил ёфтанд.
Заминҳои корамро аслан тоҷикон вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ва иқлимашон истифода мебаранд. Масалан, агар дар ноҳияи Сариагаш деҳқонон бештар ба кишти зироатҳои полизӣ ва сабзавот машғул шаванд, дар ноҳияи Мақтарал ба кишти пахта, шолӣ, харбузаву тарбуз ва донагиҳо авлавият медиҳанд. Дар ин самт, онҳо ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ муваффақ шуда, ҳоло дастранҷи кишоварзии худро ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил содир мекунанд.
Забони тоҷикӣ ба шарофати ғояҳои ояндасози аҳли зиёи кишвар ва расму оинҳои миллӣ, ки тавассути барномаҳои Телевизиони Тоҷикистон пахш мешаванд, зинда ҳаст, ҳамчун забони муошират дар ҳамаи минтақаҳои тоҷикнишин мавриди истифода қарор дорад. Дӯстиву рафоқат, хешу таборӣ дар байни тоҷикони Қазоқистону Тоҷикистон ҳамоно пайдор мебошад. Тоҷикон бо гузашти чандин даҳсола ҳанӯз ҳам Тоҷикистонро ватани аҷдодии худ медонанд. Бавижа, дар маҳаллаи Фирдавсӣ ҳама урфу одатҳои суннатии тоҷикӣ ҳифз гардида, пирони рӯзгордида рафти баргузории онҳоро таҳти назорат гирифтаанд.
Мактабҳои тоҷикӣ дар ин кишвар асосан дар ду самт – тоҷикӣ ва тоҷикӣ - қазоқӣ амал мекунанд. Дар ноҳияи Сариагаш ду мактаб ба номи Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, дар ноҳияи Мақтарал ду мактаб ба номи Абулқосими Фирдавсӣ ва Алишер Навоӣ буда, фаъолияти таълимиашон комилан бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Муассисаҳои таълимие, ки ба номи Секен Сейфулин, Садриддин Айнӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мирзо Турсунзода ва Ҳоҷӣ Аҳмад Яссавианд, бо забонҳои тоҷикӣ ва қазоқӣ фаъолияташонро пеш мебаранд.
Соли 2013 Вазорати маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон барои мактабҳои бо дигар забонҳо фаъолияткунанда барномаи таъмини китобҳои дарсиро таҳия ва дар асоси он мактабҳои тоҷикиро низ бо китобҳои дарсӣ таъмин намуд. Бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон квотаҳои президентӣ барои тоҷикони муқими Қазоқистон низ фиристода шуда, хонандагони болаёқат бо интихоби соҳаҳои омӯзгорӣ, тиб, ҳуқуқшиносӣ, муҳандисӣ ва ғайра ба донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистон қабул мешаванд.

Бегмуҳаммад ШОДИЕВ,
сокини Ҷумҳурии Қазоқистон, омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.08.2016    №: 153    Мутолиа карданд: 1301

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед