logo

ҳуқуқ

ЭЪТИМОДИ МАРДУМ. НИЗОМИ НАВ ДАР АФЗОИШИ ОН МУСОИДАТ МЕКУНАД

Ислоҳоти милитсия дар пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо ва нигоҳдории муҳити иҷтимоии бехатар нақши муҳим дошта, дар ин самт ҷорӣ кардани системаи «Китоби электронии баҳисобгирии ҷиноятҳо» афзалияти бештар дорад. Таъсиси ин низоми иттилоотӣ  тавассути портали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба аризаю хабарҳо дар бораи ҷиноят ва ҳодисаҳо эътимоди аҳолиро нисбат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афзун мегардонад.
Ба шаҳрвандон пешниҳод намудани хизматрасонии электронӣ дар бораи бақайдгирии аризаву хабарҳо вобаста ба ҷинояту ҳодисаҳо, ба роҳ мондани фаъолияти автоматикии қисмҳои навбатдории мақомоти корҳои дохилӣ, қабул ва таҳлили ариза, мукаммал гардондани фаъолият дар самти ҳамкорӣ бо ҷомеа, зервоҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти назоратӣ ва дигар бахшҳое, ки ба ҷараёни автоматикунонӣ ҷалб карда мешаванд, системаи кории «Китоби электронии баҳисобгирии ҷиноятҳо» - ро ташкил медиҳанд.
Бино ба гуфтаи ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Алӣ Бобоназарзода, ин система баҳисобгирии қатъии муроҷиати шаҳрвандон бо пешниҳод намудани варақаи хабардоркунӣ ба муроҷиаткунанда, назорати автоматии муҳлати баррасии ариза аз ҷониби роҳбарият ва мақомоти назоратӣ, ҳамзамон самаранокии ҳамкории шаҳрвандонро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин мекунад. Аз ҷумла, кормандони шуъбаҳои корҳои дохилӣ минбаъд ҳисоботи омории худро ба таври автоматӣ пешниҳод менамоянд.  Ин раванд ба кормандони милитсия (минбаъд политсия) барои боз ҳам пурратар азбар намудани раванди криминалистӣ, алоқамандии аризаҳо, парвандаҳои ҷиноятии бақайдгирифташуда ва протоколҳои маъмурӣ, ҷамъоварии оперативии иттилоот, сабти зангҳои телефонӣ, таҳлили амиқи вазъи оперативӣ, ҳисоботдиҳии автоматикунонидашудаи ҷорӣ ва даврӣ, ниҳоят барои ошкор намудани саривақтии ҷиноятҳо мусоидат хоҳад кард.
«Китоби электронии баҳисобгирии ҷиноятҳо» ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар бораи бақайдгирии ариза ва хабарҳо оид ба ҳодисаҳо, раванди тафтиши ариза ва хабарҳо, инчунин, парвандаҳои ҷиноятӣ ва протоколҳои маъмурии нисбат ба онҳо бозкардашуда ба тариқи онлайн маълумот бигиранд.
Тибқи маълумоти Алӣ Бобоназарзода, маблағгузории барнома то имрӯз ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Аз ҷумла, як қатор чорабиниҳое пешбинӣ гардидаанд, ки маблағгузории донориро тақозо доранд. Бо ин мақсад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои амаликунонии Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 ва таъсис додани механизми маблағгузорӣ аз ҳисоби донорҳоро ба уҳдаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намудааст.
Ҳангоми гузарондани ислоҳоти милитсия стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи политсия, таҷрибаи кишварҳои дигар, аз ҷумла давлатҳое, ки дар онҳо ислоҳоти дахлдор гузаронда шудааст, ба назар гирифта мешавад. Ҳадафи асосии ин ислоҳоти фарогир ба вуҷуд овардани роҳҳои коммуникатсионие мебошад, ки аҳолӣ аз милитсия иттилооти барои рафтори бехатар зарурбударо дастрас намояд. Аз ҳама муҳимаш, шаҳрванд наҳаросида дар бораи таҳдидҳо ба амният, ҷинояту ҷинояткорон ва дигар ҳодисаҳои зиддиҷамъиятӣ ба полис хабар дода, дар ташаккули ҷомеаи бехатар мусоидат намояд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.08.2016    №: 153    Мутолиа карданд: 1349

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед