logo

фарҳанг

ЛИБОС ЯК РУКНИ ФАРҲАНГИ МИЛЛИСТ

Дар шароити ҷаҳонишавӣ нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ дар мисоли фарҳанги он басе муҳим мебошад. Дар ин миён, либос ҳам яке аз василаҳои муассири муаррифии миллат ба ҳисоб меравад. 
 
Дар замони шӯравӣ ба тарзи либоспӯшии мардуми шаҳри Душанбе назар афканда, фарқи онро аз кишварҳои дигар ҳис намекардед. Имрӯзҳо бошад, мардуми мо хеле тоҷикона либос мепӯшанд. Як сол пеш тарзи либоспӯшии занҳои моро  дида Мария Корчак, корманди масъули дастгоҳи Иттифоқи ходимони театрии Федератсияи Русия, бо ҳавас баён дошт: «Чунин ба назар мерасад, ки ин мардум аз либоси миллиашон ифтихор доранд!»  Ва ҳамин тавр ҳам ҳаст. Имрӯз либоси миллии мо бо назардошти талаботи мӯд таҳия шуда, ҳам нишондиҳандаи табъи воло ва ҳам ифтихори миллиамон мебошад. «Хотираи таърихӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад, - мегӯяд доктори илмҳои таърих Гузел Майтдинова. – Он ҳар халқу миллатро дар тамоми раванди инкишофаш ҳамроҳӣ менамояд. Ба мо муяссар гардид, ки либоси асри V – ро реставратсия намоем. Ҳангоми ҳафриёти як оромгоҳи ноҳияи Фархор ҳайкалчаҳои гилинеро дарёфт намудем, ки аз рӯйи онҳо тарзи либоспӯшии занони минтақаро барқарор намудан мумкин аст. Онҳо мисли хитонҳои юнонӣ бошанд ҳам, камарбандашон болотар ва домонашон паҳну остинҳояшон дароз аст. Ҳоло аксари духтарони мо ҳамин гуна либос мепӯшанд. Ин ҳамон тарзи либоспӯшии миллие аст, ки дар асри III – и пеш аз милод, дар замони кӯшониён, роиҷ буд».
Ба андешаи муҳаққиқ дар ин муддат тарзи дӯхти либос низ кам тағйир хӯрдааст. Аз нигоҳи табъ ва завқ зани имрӯзаи тоҷик аз ҳамтои фаронсавиаш фарқе надорад. Ҷавонони мо ба қадду басти худ либосҳои шинамеро интихоб менамоянд, ки ба ҳуснашон ҳусн зам менамояд. Ҷавондухтаронамон низ дар интихоби матоъ, тарзи дӯхт ва пӯшидани либос хеле боҳуштар гардидаанд.
«Мутаассифона, мо имрӯзҳо шоҳиди он низ гашта истодаем, ки бархе аз занону духтарон ба ҷои муаррифии фарҳанги миллии худ, баръакс, ба таблиғи фарҳанги бегона машғуланд. Ин амал дар тарзи либоспӯшии онҳо маълум мегардад, ки хеле нигаронкунанда аст, - иброз медорад Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ. – Бархе аз занону духтарони мо байни либоси миллӣ ва бегона фарқ гузошта наметавонанд. Онҳо ҳамон сатру ҳиҷоби бегонаро ҳамчун либоси миллӣ қабул кардаанд. Бояд қайд намоем, ки масъалаи либос ин масъалаи як порча матоъ нест. Гап сари либос - ҳамчун як рукни асосии фарҳанги миллӣ меравад, ки онро бояд ҳифз намуд».
«Сатре, ки дар ислом омадааст, дар аксари либосҳои миллии тоисломии мо низ риоят мешавад, - мегӯяд Г. Майтдинова. – Сатре, ки духтарони мо мепӯшанд ба сатри аврат иртиботе надорад. Он тақлиди кӯр-кӯрона ба либоси кишварҳои дигар асту халос. Зеро, аксари духтарон ва ҷавонзаноне, ки сатрпӯшанд, чуноне ки мебинем, он қадар ҳам муътақиди дин нестанд. Онҳо барои он сатр мепӯшанд, ки онро мӯд меҳисобанд».
Вобаста ба ин, тарроҳони мо кӯшиш намуда истодаанд, ки ба бозор либосҳои таҷдидшудаи миллиро ворид созанд. Вале, ба андешаи Г. Майтдинова, ин талошҳои онҳо, айни замон, қонеъкунанда нест. Мо танҳо бо фаҳмонидан ва танқиди ин раванд ба ҷое намерасем. Бояд ба ҷавонон либоси миллии ба замона мутобиқ ва барои истифодабарӣ мувофиқро пешкаш намоем. Ҷавонон ҳамеша дар мӯд равияҳои авангардиро пайгирӣ месозанд. Барои ин, мо бояд ҳатман театри мӯд дошта бошем. Бояд воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои интернетии мо тарғибкунандаи фарҳанг ва маънавиёти мо, аз ҷумла либоси миллиамон, бошанд.
Имрӯзҳо пироҳанҳои атласу адраси бофтаю дӯхтаи устоҳои маҳаллӣ хеле мӯд шудаанд, ки хушоянд аст. Мавсими тирамоҳу зимистони гузашта ҷома, ҷомача, камзӯл ва хилъатҳои занонаи аз атласу адрас дӯхташуда пайдо гардиданд. Дар кӯчаҳои шаҳр духтаронро бо ин либосҳо дида ҳавасатон меояд. Вале, бояд кӯшиш ба харҷ  дод, ки истеҳсоли чунин матоъҳо на ба таври инфиродӣ ва дар корхонаҳои хурд, балки дар коргоҳҳои миёна низ ба роҳ монда шавад. Пиллапарварӣ то ҳол яке аз самтҳои фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзиро ташкил медиҳад. Ба кор даровардани корхонаҳои азими  пилларесӣ ва газворбарорӣ мушкил бошад ҳам, дар минтақаҳо ташкил намудани корхонаҳои миёна, бо ҷалби миқдори камтари кормандон, аз имкон берун нест.
Ба андешаи Гузел Муҳиддиновна низ «ҳунарҳои мардумӣ метавонанд ҳам ба нафъи фарҳангу маънавиёти миллӣ хизмат намуда, ҳам манбаи хуби даромад бошанд. Аммо, фарқ миёни кори косибон ва санъати мӯд аз замин то осмон аст. Бояд мутахассисони соҳа дар асоси таърихи чандинҳазорсолаи либоси миллиамон равандҳои наверо ба миён оранд, ки, пеш аз ҳама, ба завқу табъи зиёиён мутобиқ омада, аз он миёни мардум паҳн гардад. Маҳз бо ҳамин восита мо метавонем трендҳои миллии худро дар кишварҳои дигар низ паҳн намоем».
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.08.2016    №: 153    Мутолиа карданд: 1382

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед