logo

иқтисод

АЗ "ГУЛВАРД" ТО "ҲАФТ АВРАНГ"

СУХАН ДАР БОРАИ ДАСТОВАРДҲОИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ МЕРАВАД

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, мисли дигар шаҳру навоҳии кишвар пеш рафта, сол ба сол ободу зебо гардида истодааст.  Дар ин муддат корҳои ободонӣ вусъати тоза пайдо намуда, барои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ бахши кишоварзии ноҳия ҳолати ногувор дошт. Барои ислоҳи вазъият аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир андешида шуданд. Ислоҳоти соҳа шурӯъ ва шакли нави хоҷагидорӣ ҷорӣ гардид. Замин ба соҳиби ҳақиқиаш дода шуд. Ин аст, ки давоми солҳои охир истеҳсоли ғалла, пахта, картошка, сабзавот, полизиҳо, мева ва дигар маҳсулот 5,6 баробар афзуд. Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ин муддат 3,2  баробар зиёд шуд. Аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ солҳои охир  бе мадади  сармоягузорон фаъолият   намуда истодаанд.
Тахсиси маблағҳо барои тоза намудани заҳбуру  заҳкашҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ  сол ба сол зиёд мешавад. Масалан, агар дар соли 2001 дар ин самт ҳамагӣ  15 ҳазор сомонӣ  ҷудо шуда бошад,  соли гузашта маблағгузорӣ ба 420 ҳазор сомонӣ  расид. Ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи  рушди  соҳаи  боғу токпарварӣ дар ноҳия   1052 гектар боғи  нав  бунёд  ва 36 гектар боғҳои  куҳна  барқарор  гардиданд.
Дар ин муддат як қатор корхонаҳои нави саноатӣ арзи вуҷуд карданд. Аз ҷумла, ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Сафо», «Навобод», «Баракати Ҷомӣ», «Беҳрӯзи Мурод», «Файзи Ҷомӣ» бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамчунин, даҳҳо коргоҳҳои саноатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, нуқтаҳои фурӯши молҳои ниёзи мардум бунёд гардиданд, ки имрӯз ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат карда истодаанд.
Бо вуҷуди  буҳрони молиявию  иқтисодӣ,  тамоюли  мусбати рушди  иқтисодиву иҷтимоӣ  дар ноҳия нигоҳ   дошта шуд. Соли гузашта  ҳаҷми   маҷмӯи  маҳсулоти дохилӣ  нисбат ба соли 1995 - ум 3,8  маротиба афзуда, рушди ҳарсолаи  он 9,1  дарсадро  ташкил дод. Истеҳсоли  маҳсулоти  саноатӣ 3,6  баробар,   кишоварзӣ 3,4, ҳаҷми гардиши  мол  2,8   ва  хизматрасонии пулакӣ  ба аҳолӣ  3,2  баробар  зиёд  гардида, буҷети маҳаллӣ  85 дарсад  зиёд шуд.
Пешбурди сиёсати андозу буҷет, самаранок истифода бурдани захираҳои молиявӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди иҷтимоию  иқтисодии  ноҳия  дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дорад. Дар ин самт ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ дар даҳ соли охир мунтазам зиёд гардида, қисми хароҷоти буҷет доир ба дастгирии соҳаҳои афзалиятнок, хусусан хароҷоти иҷтимоӣ сол ба сол афзоиш ёфта истодааст. Буҷети маҳаллии ноҳия  дар соли 2001-ум 666 ҳазор сомониро ташкил медод. Соли гузашта он  ба   19608,5 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки 29,4 маротиба зиёд мебошад.
Баҳри пешрафти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг низ як қатор иншооти муҳим сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз соли 1991 то имрӯз аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 29 иншооти таълимии нав барои 6136 ҷойи нишаст бунёд ёфт. Ҳамчунин, дар назди 16 муассисаи таълимӣ сохтмони 59  синфхонаи иловагӣ барои 1365  ҷойи нишаст ба анҷом расида, як бинои боғчаи бачагон азнавсозӣ шуд. Маблағгузории   соҳа  сол ба сол зиёд гардида истодааст.   Агар дар соли 2001 ба ин мақсад ҳамагӣ 454,1  ҳазор сомонӣ  ҷудо шуда бошад, соли гузашта он 26956,3 ҳазор сомониро ташкил дод. Буҷети  соҳаи  тандурустӣ  дар соли 2005  - ум 154,4  ҳазор сомон буд, ки ин нишондод дар соли 2011  ба  9768,2  ҳазор сомонӣ  расонда шуд.
Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати дастгирии варзишгарон ва   оммавигардонии варзиш  дар заминаи муассисаҳои таълимӣ даҳҳо толори варзишӣ ба истифода дода шуда, ҳамзамон, дар варзишгоҳи марказӣ, бо маблағгузории  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, як толори варзишии гӯштигирӣ бунёд ёфт.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ   8480 нафар  бо ҷойи   кори   доимӣ  таъмин шуд, ки аз ин   3840  нафарашро   занон   ташкил  медиҳанд. Ҳамзамон, дар ҳамин давра  барои  12460  нафари бекор  ҷойҳои  нави  корӣ  таъсис  дода  шуданд.
Бо мақсади рушди қолинбофии дастӣ дар заминаи хоҷагии деҳқонии «Бобои Алӣ» коргоҳи «Гулвард» таъсис ёфт, ки дар он 70 нафар занону духтарони маҳаллӣ асосан ба қолинбофӣ, дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ фаро гирифта шуданд. Соли равон дар маркази ноҳия коргоҳи «Ҳафт авранг» таъсис дода шуд, ки беш аз 15 нафар занону духтарони хонашин ба  адрасбофӣ машғуланд.
 31 декабри соли 2014 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои солҳои 2015-2019 қабул ва моҳи феврали  соли ҷорӣ “Нақшаи генералии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ” тасдиқ шуд. Сокинони ноҳия бовар  доранд, ки бо татбиқи ин санадҳои муҳим ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ боз ҳам ободу зебо гашта, ба яке аз гӯшаҳои зебоманзари Ватани маҳбубамон табдил меёбад.

Абдухолиқ МӮСОЕВ,
 роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.08.2016    №: 153    Мутолиа карданд: 515

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед