logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНМАРД. ЧАРО БА Ӯ ПАЙРАВӢ НАКУНЕМ?

Дар партави сиёсати созандаи давлату Ҳукумат дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст обод намудани шаҳру ноҳияҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Ноҳияи  Фархор низ аз баракати дастони фарзандони бонангу номусаш беш аз пеш шукуфон мегардад. Миёни соҳибкорони маҳаллӣ ҷавонмарди саховатпеша Диловар Муҳиддинов маҳбубияти зиёд дорад. “Ӯ, воқеан ҳам, ҷавонмарди саховатпеша аст”, - мегӯянд мардум дар васфаш.
 
Соли 2014  нахустин тасмиме, ки Диловар гирифт, ин таъмир ва асфалтпӯш кардани 10 километр роҳи солҳо корношоям гаштаи маркази ноҳия буд. То соли 2015 мақсади худро амалӣ ва мушкили мардумро осон намуд. Баъдан Д. Муҳиддинов аз ҳисоби даромадҳои худ як қатор корҳои дигари барои сокинон судмандро низ пайи ҳам анҷом додан гирифт. Бо назардошти он ки сокинони Ҷамоати деҳоти Ғайрат солҳо боз аз набудани  таваллудхона мушкилӣ мекашиданд, ӯ дар беморхонаи ин ҷамоат шуъбаи таваллудхонаро сохт ва бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз намуда, ба истифода дод.  Ин амали хайр ҳамчунин боис гашт, ки 12 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шавад.
  Бунёди як бинои 3 – ошёна барои 420 хонанда дар мактаби № 6 - и  ноҳия низ аз баракати дастони ин ҷавонмарди бонангу номус аст. Барои сохтмони ин бинои замонавӣ Д. Муҳиддинов 7 миллиону 245 ҳазор сомонӣ сарф намудааст.
Албатта, корҳои анҷомдодаи Диловар Муҳиддинов аз чашм пинҳон намемонад. Ин аст, ки хурду бузурги ноҳия дар симои ӯ ҷавонмарди ватандӯстеро мебинанд, ки кору фаъолияташ лоиқи пайравӣ ва намунаи ибрат аст.

Лола Ризоева, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2016    №: 154    Мутолиа карданд: 437

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед