logo

иқтисод

РАШТ. СОҲИБКОРӢ ДАР ҲОЛИ РУШД АСТ, АММО...

Соҳибкорони ноҳияи Рашт давоми ду соли охир дар бахшҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва савдо  21 иншооти нави саноативу тиҷоратӣ бунёд карданд.
Ба иттилои  Ҷӯраҷон Зулфиқаҳҳоров, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои ноҳия,  солҳои охир теъдоди соҳибкорони маҳаллӣ афзуда, қариб ба  3000  нафар расид.  Беш аз ду ҳазори онҳо   дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият дошта, наздики 600 нафар ба   тиҷорат ва  хизматрасонӣ машғуланд.  Шумораи соҳибкорон дар ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 117 нафар  зиёд шудааст. Ҳамчунин,  аз аввали сол  то имрӯз ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ташкили  фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ наздики 100 ариза ворид гардид.
-  Саҳми соҳибкорон дар рушду нумӯи ноҳия назаррас аст. Давоми солҳои  2014  - 2015 аз ҳисоби онҳо  дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  ноҳия  ба маблағи зиёда аз 6 миллиону 700  ҳазор сомонӣ  марказҳои савдо,  меҳмонхона,  нуқтаҳои таъмири автомашина ва фурӯши сӯзишворӣ сохта ба истифода дода шудаанд.  Айни замон  сохтмони 8 иншооти дигар бо дастгирии соҳибкорон идома дорад. Роҳбарияти ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Исфандиёр" тайи 2 соли фаъолияти хеш дар доираи корҳои  хайриявӣ ва бунёдкорӣ  беш  аз 50 километр роҳро дар ҷамоатҳои деҳоти Боқӣ  Раҳимзода, Оби меҳнат ва мавзеи Самсолиқ ба маблағи 1 миллиону 34 ҳазор сомонӣ таъмир намуд.  Барои  барқарорсозии канали мавзеи Поҷеи дараи Камароб  50 ҳазор сомонӣ, кашидани хати оби нӯшиданӣ ба деҳаи Поҷе  50 ҳазор сомонӣ ва сохтмони дарвозаи даромадгоҳи ноҳия дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ масраф намудааст. Инчунин, ҷиҳати сохтмони  ду синфхона  ва  биноҳои ёрирасон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 - и ноҳия 65 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ кард, - гуфт Ҷӯраҷон Зулфиқаҳҳоров. 
Гузашта аз ин,  масъулони соҳа    дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои   ташкили корхонаҳои хурди истеҳсоли афшура, хушкондани меваю сабзавот, парвариши чорво, барқарорсозии системаи гармидиҳии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ғайра  лоиҳаҳои сармоягузориро тарҳрезӣ намудаанд.   Дар заминаи он якҷо бо мутахассисони Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар бо соҳибкорони маҳаллӣ доир ба рушди истеҳсолот, барқарорсозӣ ва бунёди корхонаҳои саноатӣ,  туризм,  ҷалби сармоягузории хориҷӣ се маротиба семинару вохӯриҳо гузаронданд.  Бо  мақсади  равнақи соҳаи тиҷорат аз  ҷониби филиали   бонкҳо  тақрибан 600 ҳазор сомонӣ ба  соҳибкорон қарз дода шуд.
Ҳарчанд  дар ноҳия  рушди бахши соҳибкории хурду миёна мушоҳида мешавад,    барои таъмини пурраи аҳолии ноҳия бо маҳсулот ҳанӯз корхонаҳои истеҳсолӣ намерасанд.  Дар диёри Рашт ҳазорҳо гектар боғи мева ҳосил медиҳанд ва хоҷагиҳои зиёди чорвопарвар  фаъолият доранд,  аммо   корхонаҳои коркарди пӯсту пашм ва  мева ангуштшуморанд. Ба андешаи мутахассисони соҳа,   кам будани  маблағҳои  сармоягузорӣ  ва қарзҳои имтиёзноку фоизашон паст барои  соҳибкорони маҳаллӣ монеаҳои асосии  хуб рушд намудани истеҳсолот мебошанд. Аз ин рӯ, барои беҳбудии сатҳи зиндагии сокинон ва ободонии ноҳия дастгирии молистеҳсолкунандагони водии мазкур аҳамияти хоса дорад ва иҷрои ин амал аз масъулони соҳа роҳандозии чораҳои заруриро тақозо мекунад.     
Худодод  ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2016    №: 154    Мутолиа карданд: 442

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед