logo

иҷтимоиёт

ЛӮХТАКИ ДАСТИ ДИГАРОН НАШАВЕМ!

Ё ҚИССАИ ҶАВОНЕ, КИ БАРОИ ПАЙРАВӢ БА СОЗМОНИ ИФРОТИИ «ТОЛИБОН» 25 СОЛ ПУШТИ ПАНҶАРА РАФТ
Шаҳриёр Турахонов аввалҳои моҳи апрели соли 2015 тавассути шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» бо Умар ном шахс шинос шуд. Баъд аз ду ҳафтаи шиносоӣ дар суҳбатҳои доимии интернетӣ Умар мавзӯи «ҷиҳод» ва фарз будани онро барои ҳар як мусалмон тарғибу ташвиқ намуда, мансубияти худро ба ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳаракати «Толибон» изҳор дошт ва Шаҳриёрро барои ба муқобили «кофирон» ҷиҳод кардан аз номи ташкилоти экстремистӣ - террористии «Толибон» даъват кард.
Дере нагузашта, Умар ба зеҳни Шаҳриёри нуздаҳсола ақидаҳои ифротиро ҷой намуда, бо роҳи таъсири ғоявӣ ӯро барои гаравидан ба ин ҳаракат моил сохт.
Дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Шаҳриёри акнун роҳгумро намояндаи Умар - Ҷамол ном чӯпон, ки аз паштузабонони афғон буд, аз рӯйи расмаш шинохта пешвоз гирифт. Ҷамол ӯро ба хонаи Ҳакими Араб ном мӯйсафеди 70 - сола дар мавзеи Кокули ин кишвар ҷой намуд. Баъд аз гузаштани як ҳафта Ҷамол аз хонаи Ҳакими Араб Шаҳриёрро гирифта, ба мавзеи Бойдингак бурд ва ба Умар таслим кард.
Пас аз як моҳ Умар ӯро ҳамроҳи аскаронаш ба назди Мустафо ном қумандони ташкилоти экстремистӣ - террористии «Толибон» бурд. Ному насаби аслии ӯ, тавре  ки тафтишот муайян кардааст, Холиқов Раҳимҷон Назирович буда, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ҳоло дар Дашти Арчии Афғонистон қарор дорад. Дар рафти вохӯрӣ Раҳимҷон Холиқов, бо тахаллуси «Мустафо», ба ӯ ҷиҳод бар зидди «кофирон» - ро тарғиб намуд.
Ҳамин тавр, Шаҳриёр Турахонов тахминан як моҳ дар қароргоҳи низомии Мустафо бо ҳамроҳии 40 нафар ҷангҷӯёнаш таълимоти ақидавию динӣ ва ҷангиро аз ҷониби гурӯҳи муҷоҳидон таҳти роҳбарии Раҳимҷон Холиқов, Мавлавӣ Камол, Мавлавӣ Исрор ва Мавлавӣ Шералии афғонтабор гирифт.
Баъди омода шудан барои содир намудани ҷиноятҳои террористӣ дар мавзеи Тошкӯтали Дашти Арчии Афғонистон шӯрои қумондонҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии «Толибон» баргузор гардид. Дар ин ҷаласа қумондонҳо қарор намуданд, ки дар баробари содир кардани таркишҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо, бо истифода аз имконият дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таркишҳо ба амал оранд.
Мустафо 28 октябри соли 2015  Шаҳриёрро вазифадор намуд, ки дар назди Театри опера ва балети ба номи Садриддини Айнӣ худро битарконад. Ӯ ба иҷрои ин амали ҷиноятӣ розигӣ дод. Мустафо барояш дастур дод, ки дар хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Панҷ, намояндаашро бо номи Абубакр мунтазир шавад, то ки ӯ воситаи таркандаро оварда, дар миёнбандаш маҳкам намояд. Тибқи нақшаи тарҳрезишуда, ҳангоми наздик шудани Шаҳриёр ба ҷойи таъйиншуда таркиш бо роҳи пахш намудани тугмача аз ҷониби Абубакр бояд ба амал бароварда мешуд.
Шаҳриёр тибқи супориши гирифтааш 2 ноябри соли 2015, аз деҳаи Дашти Арчии Афғонистон вориди ноҳияи Фархор шуд. Рӯзи 5 ноябр дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ  ӯ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дастгир гардид ва дар ниҳоят бо ҳукми суд 25 сол равонаи зиндон шуд.
Акнун Шаҳриёр Турахонов  вақти зиёде дар ихтиёр дорад, то ба дарки ин асл бирасад, ки лӯхтаки дасти дигарон шудааст. Барои онҳо, ки бадхоҳи миллату давлати Тоҷикистон ҳастанд, ба ҳеҷ ваҷҳ сарнавишти Шаҳриёр ва дигар ҷавонони раҳгуму беандешае, ки шомили гурӯҳҳои ифротӣ шудаанд, муҳим нест. Муҳим он аст, ки бо дасти чунин ҷавонони зудбовар оромию суботро дар Тоҷикистон халалдор намуда, ғаразҳои сиёсиашонро бароварда созанд.
Ҳамакнун, тамоми даврони ширини ҷавонӣ, айёми худсозиҳо ва ташаккулёбиҳо, марҳилаҳои беҳтарини умрро Шаҳриёр пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард. Чӣ илоҷ, тавре ки халқ мегӯяд: «Худкардаро даво нест…».
Носирҷон МАЪМУРЗОДА, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2016    №: 154    Мутолиа карданд: 654

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед