logo

иҷтимоиёт

ТАРКИШ ДАР ХАТЛОН. МАСЪУЛОН БА КУҶО МЕНИГАРАНД?

Прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа мақолаи «ТАРКИШ ДАР ХАТЛОН Масъулон ба куҷо менигаранд?» - ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», таҳти № 135, аз 12 июли соли 2016, чоп шудааст, мавриди санҷиш қарор дод.

Муайян карда шуд, ки бо қарори раиси ноҳияи Бохтар, таҳти № 36, аз 21 феврали соли 2001, аз заминҳои ғайрикишоварзии Ҷамоати деҳоти «Авангард» 0, 29 гектар замин барои сохтмони нуқтаи фурӯши маводи нафтӣ дода шудааст.
Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани тарҳи шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон», аз 12 декабри соли 2011, таҳти № 627 ва қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани тарҳи шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон», аз 29 марти соли 2012, таҳти № 303 тарҳи шаҳри Қӯрғонтеппа мувофиқи лоиҳа тағйир дода шуда, аз ҷумла нуқтаи фурӯши маводи нафтӣ ҳам ба заминҳои шаҳри Қӯрғонтеппа дохил гардидааст.
Тибқи қарори раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, таҳти № 568, аз 5 ноябри соли 2015, барои азнавсозии нуқтаи фурӯши сӯзишвории гази моеъ ба ҶДММ «Баҳор Ойл» дар шаҳри Қӯрғонтеппа, дар ҳудуди қитъаҳои замини дар истифодааш қарордошта, воқеъ дар буриши кӯчаҳои ба номи Ҷ. Мирзоқодирова, Г. Норинов (Ургутмаҳалла) дар мувофиқа бо шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба амал бароварда шуд.
Ҳамин тариқ, нуқтаи фурӯши сӯзишвории гази моеи ҶДММ «Баҳор Ойл» дар шаҳри Қӯрғонтеппа пурра азнавсозӣ шудааст.

М. С. ИСМОИЛЗОДА, 
иҷрокунандаи вазифаи прокурори
шаҳри Қӯрғонтеппа, мушовири
адлияи дараҷаи 3


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2016    №: 154    Мутолиа карданд: 433

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед