logo

иҷтимоиёт

Идигул Қосимзода: “БОЛО БУРДАНИ САТҲИ ДОНИШИ ЗАНОНУ ДУХТАРОН МУҲИМ МЕБОШАД”

Тоҷикистон соли 2013 ба узвияти Комиссия оид ба мақоми зан дар Созмони Милали Муттаҳид  пазируфта шуд.  Дар таърихи истиқлол нахустин бор соли 1995 дар Конфронси чоруми умумиҷаҳонии занон, ки дар шаҳри Пекин баргузор гардид, бонувони мо низ ширкат варзиданд. 
Ҳамаи ин замина гузошт, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда силсилаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ: Конвенсия «Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак» - ро ба тасвиб расонад. 
Дар ин раванд боло бурдани сатҳи дониши занону духтарон хеле муҳим буд. Маҳз бо ҳамин мақсад квотаи президентӣ таъсис дода шуд. Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин маврид зикр намуд, ки аз соли 1997 то соли 2005 тибқи квотаи президентӣ 5548 ҷой ба духтарони деҳоти дурдаст барои ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаро гирифтан дода шуд. “Дар ин муддат тибқи квота 10482 нафар духтар  дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қабул гардида, зиёда аз 7889  нафар донишгоҳҳои олиро хатм намуданд. Айни замон, 2608  духтар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил намуда истодаанд. Дар соли таҳсили 2015 - 2016  аз 1312 нафар ҷавононе, ки тибқи квота қабул гардидаанд, 678 нафари онҳоро духтарон  ташкил медиҳанд. 123 нафар духтарони тибқи квота соҳиби маълумоти оли гашта, дар сатҳҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолият намуда истодаанд”.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба таҳсилоти касбӣ ҷалб намудани занону духтарон низ идома дорад. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2012 - 2013 дар ҷумҳурӣ  4502 нафар духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҷалб шуданд. Вобаста ба ин, И.Қосимзода иброз дошт, ки “Кумитаи занон ва оила ҷиҳати татбиқи воқеии сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат роҷеъ ба ҷалби бонувони манотиқи дурдасти кӯҳистон  бо ҷойи кор барномаи бовусъатеро роҳандозӣ намуда, бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ барои бонувони хонашин ҷойи кор таъмин менамояд.
Ба хотири ҷалби занону духтарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба касбомӯзӣ корҳои хонагии ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудааст, ки шумораи коргоҳҳои хурд имрӯз ба 49 адад расидааст. Занҳои ноҳияҳои Шуғнон,  Ишкошим ва Роштқалъа ба ҷӯроббофӣ, муҳрабофӣ ва тоқидӯзӣ машғул буда, маҳсулоти истеҳсолкардаашонро дар назди ташкилотҳои “Де Памир” ва “Лаёқат” ба фурӯш мегузоранд”.
- Имрӯз мо бояд проблемаи таъбизи занро на танҳо чун масъалаи иҷтимоиву сиёсӣ, балки ҳамчун ҳалли проблемаи афзоиши сиҳатии аҳолӣ баррасӣ намоем.
Ҳанӯз дар анҷумани сеюми занон зикр шуда буд, ки яке аз роҳҳои паст кардани таъбиз нисбат ба занон расондани дастгирии маънавию психологӣ ба занон - қурбониёни зӯроварӣ тавассути ташкили марказҳои буҳронӣ, марказҳои ноҳиявии машваратии ҳуқуқӣ ва телефонҳои боварӣ мебошад. «Бо дастгирии молиявии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи  ҷумҳурӣ, кумита ва шуъбаҳои дар шаҳру ноҳияҳо будаи он 110 маркази  иттилоотӣ - машваратӣ фаъолият дорад. Дар ин марказҳо  ҳуқуқшиносон ва равоншиносон ба шахсоне, ки ба хушунат дучор гардидаанд, ба таври ройгон машваратҳои судманд медиҳанд,- мегӯяд И. Қосимзода.

Ҳ.САНГОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2016    №: 154    Мутолиа карданд: 662

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед