logo

ҳуқуқ

РАМЗИ ШАРАФУ НОМУС

Мирзозода Сафаралӣ РАҲИМ, 
муовини Прокурори генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарпрокурори
ҳарбӣ, генерал - майори адлия  

Бо гувоҳи таърих аввали солҳои соҳибистиқлолӣ, замоне ки ҳанӯз оташи ҷанг аланга мезад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии  Эмомалӣ Раҳмон дар баробари амалӣ намудани тадбирҳои дигар, барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар ва барқарор кардани фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ оғоз бахшид. Аввалин иқдоме, ки ба ташкилёбии мақомоти прокуратураи ҳарбӣ заминаи воқеӣ гузошт, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2 апрели соли 1992, таҳти № ФП- 63 «Дар бораи  трибуналҳои ҳарбӣ ва мақомоти додситонии  ҳарбие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд», мебошад.

Моҳи феврали соли 1993 яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ - Артиши миллӣ новобаста аз шароити вазнини сиёсию иқтисодии мамлакат бе таҳкурсии моддию техникӣ ташкил  ёфт. Аз ин рӯ, зарурати таъсис додани сохтори нав ба миён омад, ки назорати иҷрои қонунҳо ва риояи оинномаҳои ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ  таъмин  намояд.
 Моҳи январи соли 1993 дар сохтори Прокуратураи генералӣ вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарпрокурори ҳарбӣ  ворид  карда  шуд. Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як воҳиди мустақил дар сохтори Прокуратураи генералӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз  10 декабри соли 1995, таҳти № 343 таъсис ёфт.
Сарпрокуратураи ҳарбӣ, ки дар ҳайати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон як сохтори муҳими низомӣ маҳсуб меёбад, дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, кӯшунҳо ва дигар воҳидҳои  ҳарбӣ саҳми арзанда дорад. Меҳнати софдилонаю талошҳои пайгиронаи кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ба инобат  гирифта шуда, бо фармонҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли сипаришуда шаш нафар бо медали Ҷасорат ва ду нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз  гардонда  шуданд.
Дар ин радиф, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд: «Ҳар яки мо вазифадорем, ки бо амалисозии иқдому ташаббусҳои неку созанда ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлолият, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, беҳтар гардондани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон бо роҳи ҳарчи зудтар расидан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии худро дар назди халқ ва давлати  Тоҷикистон  содиқонаву  софдилона  иҷро  намоем».
Сарпрокуратураи ҳарбӣ низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар таъмини риояи қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорад. Бовар дорем, ки мардуми сарбаланду бонангу номус, ватандӯсту меҳанпараст ва соҳибтамаддуни тоҷик бо дарки қадру қимат ва арзиши таърихии Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои бузурги ин давра сиёсати давлату Ҳукумати мамлакатро минбаъд низ самимона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2016    №: 154    Мутолиа карданд: 1451

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед