logo

иҷтимоиёт

МУСОБИҚА БА РАВАНДИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ ТАКОНИ ҶИДДӢ БАХШИД

Дар ноҳияи Айнӣ Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ  ҷамъбаст шуд.

Гулсара  Зокирзода, муовини раиси ноҳия, зикр кард, ки ҳайати комиссия дар асоси нишондиҳандаҳое, ки  Қоидаҳои гузарондани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ пешбинӣ намудааст, бо назардошти  натиҷаи  дастовардҳои дар зарфи се соли охир бадастомада, озмунро ҷамъбаст ва ғолибони мусобиқаро муайян намуд. Аз рӯи баҳогузориҳо Ҷамоати деҳоти Шамтуч ҷойи якум, Ҷамоати деҳоти Айнӣ ҷойи дувум ва Ҷамоати деҳоти Урметан ҷойи сеюмро сазовор гаштанд.  Дар озмуни “Деҳаи беҳтарин” деҳаи Айнӣ аз Ҷамоати деҳоти Айнӣ,  Шамтуч аз Ҷамоати деҳоти Шамтуч  ва Зеробод аз Ҷамоати деҳоти  Дар - Дар  мутаносибан  ҷойҳои 1, 2 ва 3 – юмро  ишғол  намуданд.  Дар  бахши “Маҳаллаи   беҳтарин” ҳамаи маҳаллаҳо фаъолона иштирок ва бо назардошти меъёрҳои баҳогузории озмун маҳаллаҳои Писёки деҳаи Сангистон, Ангори деҳаи Зеробод   ва   Вунҷи деҳаи Урметан ғолиб дониста шуданд.
Дар мусобиқаи оилаи намунавӣ оилаи Асадхон Эшонов аз Ҷамоати деҳоти  Рарз,  Одина Дӯстмуродов аз Ҷамоати деҳоти Анзоб  ва Назар Эшов аз Ҷамоати деҳоти Фондарё  пирӯз гаштанд. Зимни ҷамъбасти озмуни “Хонаи намунавӣ”  хонаҳои Сабоҳат Ҳасанова аз Ҷамоати деҳоти Айнӣ,  Сино Ҷӯраев аз Ҷамоати деҳоти Анзоб ва Наҷот Шукӯҳӣ аз Ҷамоати деҳоти Урметан иштирок ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. 
Додоҷон РӮЗИЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2016    №: 154    Мутолиа карданд: 706

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед