logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ФОРУМИ ИҚТИСОДӢ

2 августи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ҳамоишҳои Ҷакарта дар форуми 12 - уми умумиҷаҳонии иқтисодии исломӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар кори чорабинии бузурги байналмилалӣ, ҳамчунин сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Индонезия, Гвинея, Малайзия, Бангладеш, Шри Ланка, намояндагони воломақоми ҷумҳуриҳои Алҷазоир, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Камбоҷа, Нигерия ва роҳбарону коршиносони варзидаи ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ, аз ҷумла баргузории форуми умумиҷаҳонии иқтисодии исломиро иқдоми муҳим барои муҳокимаи созандаи ҷанбаҳои гуногуни раванди рушд ва дигар масъалаҳои мубрами иқтисодию иҷтимоии ҷаҳони муосир маънидод кард.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, вазъи ҷаҳони имрӯза зудтағйирёбанда буда, бар асари чолишҳои нави ҷаҳонӣ ва афзоиши омилҳои зиёди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ суботи бозорҳои тамоми минтақаҳои олам халалдор ва суръати рушди иқтисодиёт паст шуда истодааст. Аз ин лиҳоз, таъкид кард Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин вазъи ҳассос моро водор менамояд, ки пайгирона дар ҷустуҷӯи ташаббусҳои тозаву роҳҳои муассири истиқрори суботи фарогир ва ба ин манзур таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳоямон бошем.
Вазифаи умумии мост, ки замина ва механизмҳои нави ҳамкории самарабахши ҷавобгӯ ба манфиату ормонҳои мардумонамонро пайдо намуда, татбиқи онҳоро ба роҳ монем, - изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Бо ёдоварӣ аз тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини пешрафти соҳаи соҳибкорӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он дошт, ки дар чунин шароит Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии худро бо ҳамаи мамлакатҳои дӯст ва шарикони рушд, ҳамчунин созмону муассисаҳои минтақавию байналмилалӣ тақвият бахшида, ба тараққиёти бештару хубтар ноил гардад.
 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ҳамшарикии зич бо кулли кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла олами ислом буда, хоҳони ҳамкории васеъ ва воқеӣ бо онҳо дар ҳамаи соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, беҳтаргардонии кори минтақаҳои озоди иқтисодӣ, сармоягузорӣ, роҳу нақлиёт, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, энергетика, кишоварзӣ, кӯҳнавардӣ, туризми кӯҳӣ ва экологию солимгардонӣ мебошад.
Ба андешаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, мусоидат ба ҳамгироии бештару васеъ, фаъол гардондани дастгирии ҳамдигар, таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд, тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки барои мо бояд дар сатҳи ҳадафҳои стратегӣ қарор дода шаванд.
Пас аз анҷоми форум дар маркази ҳамоишҳои Ҷакарта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳову ҳукуматҳо ва дигар иштирокчиёни ҳамоиш барои хотира акс гирифта, дар ҳамин ҷо намоишгоҳи форуми 12 – уми умумиҷаҳонии иқтисодии исломиро тамошо карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2016    №: 154    Мутолиа карданд: 294

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед