logo

фарҳанг

ҲИФЗИ БОЙГОНӢ ҲИФЗИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ АСТ

Бойгонӣ қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи сохтори давлатӣ буда, ҳамчун манбаи асосии нигоҳдории маводҳои ҳуҷҷатӣ ва иттилоотии фаъолияти давлатӣ паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дар давраҳои муайяни таърихӣ мебошад. Омӯзиши таърихи гузашта дар заминаи маводи бойгониҳо ба даст оварда мешавад, зеро онҳо инъикоскунандаи воқеии тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа мебошанд.
Мусаллам аст, ки ҳар як коғаз, ҳуҷҷат, расм, нақша, ҳатто пора ё ҷузъи хурди онҳо далели тасдиқсозанда ва раднашавандаи ҳақиқати таърихӣ мебошад. Вобаста ба ин, доир ба дастовард ва мушкилоти пешорӯи Саридораи давлатии бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истода бо сардори идораи мазкур, номзади илмҳои таърих Дилором Мирсаидова суҳбате оростем, ки фишурдаи онро бароятон пешкаш менамоем.

- Дилором Амоновна, мусаллам аст, ки соҳаи бойгонидорӣ ба таври мутамарказу системанок танҳо дар нимаи аввали асри гузашта шакл гирифта, минбаъд ба қолаби муайян даромада рушд намуд. Дар ин ҷода таҷрибаи таърихии халқи мо аз кишварҳои ҳамсоя чӣ фарқиятҳо дорад?
- Таҷрибаи аз худ намудани дастовардҳои кишварҳои аврупоӣ дар соҳаи бойгонидории мо ва кишварҳои ҳамҷаворамон, манзур кишварҳои пасошӯравӣ аст, тақрибан як хел сурат гирифтааст.
Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза бойгонии Кумитаи иҷроияи уезди Хуҷанд, ки 9 апрели соли 1924 бо қарори комиҷроияи мазкур таъсис дода шудааст, нахустин муассисаи соҳа ба шумор меравад. 20 марти соли 1931 Кумитаи иҷроияи марказии Шӯрои комиссарони халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар бораи тасдиқ ва дар амал ҷорӣ намудани Низомнома дар бораи ташкили кори бойгонӣ дар ҷумҳурӣ қарори махсус қабул намуд. Дар асоси ин санад Хазинаи ягонаи давлатии бойгонии ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуд. То солҳои 90 – уми асри гузашта соҳаи бойгонидорӣ таркиби муайянро доро гардид. Он аз Сарраёсати бойгонии назди Шӯрои вазирони Тоҷикистон, 4 бойгонии вилоятӣ, 2 бойгонии марказии давлатӣ ва 10 бойгонии ноҳиявӣ иборат буд.

- Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ инфрасохтори ягонаи бойгонидории он низ аз байн рафт. Ҷумҳуриҳои мустақил ба коркарди санадҳои қонунгузории миллии худ дар ин соҳа пардохтанд. Имрӯз заминаи меъёриву ҳуқуқии соҳаро кадом санадҳо ташкил медиҳанд?
- 6 июли соли 1992 аз ҷониби сарони кишварҳои узви ИДМ қарордод дар бораи ворисони собиқ бойгониҳои давлатии ИҶШС ба имзо расонида шуд. Тибқи он ҷонибҳо дар асоси принсипи тақсимнопазирии хазинаҳои дар натиҷаи фаъолияти сохторҳои мақомоти олии давлати шӯравӣ ташаккулёфта ва ҳуҷҷатҳои дар бойгониҳои давлатии берун аз марз ҳифзшаванда, барои ба даст овардани ҳуқуқи соҳибӣ талош намеварзанд.
Ин нукта қобили зикр аст, ки дар хазинаи бойгонии миллии мо маҷмӯи маводҳое мавҷуданд, ки давраи аз нимаи дувуми асри ХIХ то имрӯзро дар бар мегиранд.

- Оё барои миллате, ки таърихи чандинасра дорад, ин миқдори ночиз нест?
- Сабаби асосие, ки боиси як марҳилаи нисбатан хурди таърихиро дар бар гирифтани бойгонии миллии мо гардидааст, дар тақсимоти миллӣ – ҳудудии соли 1924 нуҳуфтааст. Дар натиҷаи он, марказҳои асосии тамаддуни халқи тоҷик (Самарқанд, Бухоро, Хоразм) ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаштанд. Вобаста ба ин, тамоми маводҳои асосии бойгонӣ, ки таърихи халқи тоҷикро то солҳои 60 – уми асри ХIХ дар бар мегирифтанд, дар ҳудуди ин ҷумҳурӣ монданду ҳамчун боигарии асосии фарҳангии ин кишвар мансуб гардид.
Акнун бармегардем ба суоли пешинаатон. Бо мақсади назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи бойгонидорӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Сарраёсати бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки бо он низомномаи сарраёсат низ тасдиқ карда шудааст. Ин қарор ба рушди минбаъдаи соҳа ва такмили фаъолияти бойгонидорӣ заминаи мусоид гузошт. 28 декабри соли 2006 бо қарори дигари ҳукумат сарраёсат ба саридора табдил дода шуд.

- Ҳамчунин, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи муҳлати нигаҳдории ҳуҷҷатҳо ва андешидани чораҳои таъхирнопазир ҷиҳати беҳтар намудани нигаҳдории онҳо ба тасвиб расиданд. Саридора бо мақсади иҷрои талаботи қарорҳои мазкур ва такмили фонди эҳтиётии нусхаи ҳуҷҷатҳо чӣ корҳоро ба анҷом расонда истодааст?
- Бо истифода аз усулҳои ҷадид, восита ва технологияҳои навини коркард, барқарорсозӣ ва консерватсияи ҳуҷҷатҳо соли гузашта 2884 парванда ва 600 воҳиди нигаҳдории овозии магнитӣ ба шакли рақамӣ гузаронда шуд.

- Имрӯз дар ҷумҳурӣ чанд идораи бойгонӣ фаъолият мекунад?
- Ҷиҳати ба роҳ мондани хизматрасонии давлатӣ дар самти бойгонидорӣ саридора дорои 2 бойгонии марказии давлатӣ, 3 филиали Бойгонии давлатии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рашт), озмоишгоҳи марказии барқарорсозӣ ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо, 4 бойгонии давлатии вилоятӣ (шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ) фаъолият доранд.
Зимнан, қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷумҳурӣ 73 бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд. Ин бойгониҳо қисми таркибии системаи муассисаҳои бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, баробари муассисаҳои давлатии бойгонӣ салоҳият доранд.

М. ТАБАРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.08.2016    №: 155    Мутолиа карданд: 1627

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед