logo

иқтисод

ХОРУҒ. ХАТИ ОБРО РАСМАН БА ИСТИФОДА ДОДАНД, АММО...

Хати обгузари Боғевдара - Хоруғ, ки иншооти бузург дар самти таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳсуб меёбад, ба дарозии 13 километру 250 метр тӯл кашида, тавассути лӯлаҳои васеъқутри он дар як рӯз 15 ҳазор метри мукааб оби тоза мегузарад. Ин хат, ки дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ расман ифтитоҳ ёфт, бо назардошти зиёд гардидани аҳолии шаҳр бунёд шуда, солҳои сол метавонад ба сокинони маркази вилоят хизмат расонад.

Барои сохтмони иншоот 18 миллиону 737 ҳазор сомонӣ равона гардид. Бо ҳамин мебоист мушкилоти сокинони шаҳри Хоруғ дар самти таъминот бо оби ошомиданӣ ба пуррагӣ ҳалли худро пайдо мекард. Вале, тавре дар машварати назди раиси вилоят зикр гардид, ҳоло сокинони шаҳри Хоруғ ҷиҳати таъминот бо об бо мушкилӣ рӯбарӯанд. Корҳои зиёди сохтмонии хати обгузар то ҳол анҷом дода нашудаанд ва як қисми онҳо иҷрои бетаъхири худро тақозо доранд. Чунончи, дар доираи лоиҳаи сохтмон бояд корҳои пайваст намудани қубури асосӣ ба 4 ҳавзи мавҷудаи нигаҳдории об, насби таҷҳизоти безараргардонии оби ошомиданӣ ва ҳавопарто, гидроизолятсияи шоҳқубур дар ду мавзеъ аз болои дарёи Ғунд, насби қубури эҳтиётии обпарто барои ҳолатҳои садамавӣ ва бунёди чоҳҳои садамавии обпарто анҷом дода мешуданд. Дар самти таъминоти лоиҳа бо техникаву таҷҳизот низ камбудиву норасоиҳо ҷой доранд. То ҳол ба гурӯҳи татбиқи лоиҳа - КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”- и вилоят 2 техникаи барои сохтмон ва нигаҳдории минбаъдаи лоиҳа зарурӣ - трактори МТЗ-80 ва нақлиёти таъмири техникӣ дастрас нашудааст. Дар мавриди нигаҳдории минбаъдаи иншооти обрасон КВД “Хоҷагии манзиливу коммуналӣ” - и вилоят бояд бо таҷҳизоти автоматии муосир оид ба пешгирии садама, ҳамчунин мутахассисоне, ки бо ин таҷҳизот кор карда тавонанд, таъмин бошад. Вале дар ин самт низ то ҳол коре ба анҷом нарасидааст.
 Роҳбарони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди "Бунёд", “Бадахшонинтернешнл” ва ҶСП "Барқи Помир", ки пудратчиёни асосии ин иншоот мебошанд, сабаби таъхир ёфтани корҳоро ба сари вақт таъмин нашудани маблағҳо аз ҷониби сармоягузори асосии иншоот - Бонки аврупоии таҷдиду рушд рабт медиҳанд. Тавре раиси вилоят Шодихон Ҷамшед таъкид кард, дар амалигардонии лоиҳаи сохтмон бисёр корҳо тариқи ҳашар анҷом дода шуданд.
 Иброҳимбек Ғозибеков, мудири шуъбаи саноат, энергетика ва коммуникатсияи вилоят, зикр кард, ки ҷиҳати таъмини аҳолии шаҳри Хоруғ айни ҳол 4 ҳавзи танзимкунанда бо ғунҷоиши умумии 8000 метри мукааб мавҷуд аст. Дар 2 ҳавз об полоиш меёбад, ду ҳавзи дигар дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Ҳангоми бориши борон аксаран ҳавзҳоро, ки дар таги доманакӯҳ ҷойгиранд, сел пахш мекунад. Барои ҳалли пурраи мушкилоти сокинони шаҳри Хоруғ бо оби ошомиданӣ дар баробари анҷом додани сохтмони хати обрасони Боғевдара - Хоруғ бунёд намудани ҳавзҳои нав бо ғунҷоиши мувофиқ (15 ҳазор метри мукааб) ва таҷдиди шабакаи обрасони дохили шаҳр зарур аст. Бе анҷом додани ин корҳо мушкили оби ошомидании сокинони шаҳр ҳалли пурраи худро пайдо намекунад. Аз ҷониби дигар, резиши ин миқдор об аз баландии бештар аз сад метр фишори баланд ва хавфи садамаи техникиро ба вуҷуд меорад.
Раҳмони ГУЛЗОР, ”Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.08.2016    №: 155    Мутолиа карданд: 447

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед