logo

фарҳанг

ҲУЛБУК. АЗ МУАРРИФИИ ОН ИФТИХОР ДОРЕМ

Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» - қасри шоҳони хатлонзамин дар арафаи 25 – солагии Истиқлолияти давлатӣ 70 дарсад барқарор гардид. Корҳои барқарорсозӣ 10 сол идома ёфтанд. Мамнӯъгоҳ, осорхона, шаҳристон, қабристони шаҳр, сағонаи шоҳони Хатлонро дар бар мегирад.

- Мо ифтихор дорем, ки имрӯз дурдонаҳои тамаддуни ниёконро, ки дар асрҳои 9 -11 дар аҳди Сомониён пойтахти худмухтор бо номи Хатлон буд, ба мардуми дохил ва хориҷ муаррифӣ карда метавонем, - мегӯяд Абдулло Хоҷаев, директори мамнӯъгоҳ.
Қасри Хулбук дар деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеи вилояти Хатлон воқеъ аст. Он яке аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии мардуми куҳанбунёди тоҷик маҳсуб меёбад. Ёдгорӣ бо иморатҳои барҳавои аз хишти росткунҷаи тунук сохташуда, арки даромадгоҳи асосӣ, дарвозаҳои бузурги аз чӯб кандакоришуда, ҳуҷраҳои махсус, қубурҳои обгузару шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ аз вуҷуд доштани тамаддуни волои асримиёнагии халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.
А. Хоҷаев иброз медорад, ки қасри шоҳони Хатлон ба андозаи 2 гектар аст. Аз рӯйи маълумотҳои Бобоҷон Ғафуров масоҳати қаср дар аввали қарни IX то 90 гектар ва дар давраи шаҳоматаш дар қарни XI тибқи пажӯҳиши Юсуфшоҳ Ёқубов дар масоҳати то 280 гектар замин доман паҳн мекард. Аз манор (Ҳулбук) то лаби рӯди Панҷ (Омӯ) 18 километр роҳ аст. Он замон аз Тирмиз то дараи Вахун қаламрави давлати Хатлон буд. Қад-қади шоҳроҳи дарёи Панҷ Шоҳроҳи абрешим мегузашт. Тавассути он давлати Хатлон ба Шарқ, Ғарб, Аврупо ва Чин намак, тилло ва асп содирот мекард.
Ҳуҷраҳои қаср ба воситаи гаҷ андова шуда, бо шабакаи мутамаркази зерифаршӣ муҷаҳҳаз буд ва дар фасли сармо тавассути боди гарм гармкорӣ мешуд. Дар қисмати шимолии қаср шабакаи обсофкорӣ мавҷуд буд, ки ҳамаи обҳои масрафшуда дар он ҷо нигоҳ дошта шуда, бо усули такшинсозӣ аз қаср берун мегардид. Аз дохил ва гирду атрофи ёдгорӣ асбобҳои рӯзгори аз сафол (керамика), оҳан ва шиша сохташуда дарёфт гардидаанд. Ин ва дигар нигораҳо гувоҳи дар он замон рушд ёфтани санъати меъморӣ, кандакорӣ, оҳанбурӣ ва ҳунари заргарӣ мебошанд.
Ҳулбук се маротиба ба коми оташ дода шудааст: аввал аз тарафи арабҳо, баъд туркҳои қарахонӣ, сипас туркҳои салҷуқӣ. Соли 1064 вақте аз ҷониби туркҳои салҷуқӣ бо сардории Алф Арслон давоми се моҳ муҳосира мешавад, деворҳо рахна, қабати обрасонӣ вайрон мегарданд ва мардум то 900 сол ин мавзеъро тарк мекунанд. Соли 1929 аввалин муҳоҷират шурӯъ шуда, солҳои 1951 – 1953 ҳафриётҳои бостоншиносӣ оғоз мегарданд.
Бино ба иттилои А.Хоҷаев, алҳол дар ҳудуди ноҳия боз 20 гектар захира барои ҳафриёти минбаъдаи бостоншиносӣ боқӣ мондааст.
Дар шафати ёдгорӣ осорхонаи Мамнӯъгоҳи таърихӣ – фарҳангии «Ҳулбук» бунёд ёфтааст. Он бори аввал 10 сентябри соли 2006 дарҳои худро ба меҳмонони Ҷашни 2700 - солагии Кӯлоб боз намуд. Баъдан солҳои 2011 - 2012 бинои осорхона бозсозӣ шуд.
- Соли 2003 вақте ки бо Қарори Ҳукумати мамлакат Мамнӯъгоҳи таърихӣ – фарҳангии «Ҳулбук» таъсис ёфт, дар фонди он ягон бозёфт ё нигора мавҷуд набуд. Аз нисф зиёди нигораҳои осорхонаи мамнӯъгоҳ аз ҷониби кормандони муассиса дар асоси ҳамкорӣ бо аҳолӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Баъди кушишу ободкориҳо қаср ва осорхона макони диданиеро мемонанд, ки дар худ асосҳои зиндагии асримиёнагии халқи тоҷикро таҷассум намудаанд, - иброз медорад Абдулло Хоҷаев.
Соли 2009 дар шаҳри Сеани Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҳулбук ба рӯйхати пешакии ЮНЕСКО пешниҳод гардид. Шералӣ Хоҷаев, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ гуфт, ки ҳуҷҷату маълумоти он дар баррасии коршиносони ин ниҳоди байналмилалӣ қарор дорад. Дар баробари ин, Ҳулбук аз ҷониби яке аз институтҳои бонуфузи ЮНЕСКО ҳамчун ёдгории бартариятдошта эътироф шуда, бо сипоснома сарфароз гаштааст.
Шералӣ Хоҷаев иброз медорад, ки коршиносони байналмилалӣ ҳангоми баҳодиҳӣ ҳолати ҳифзу нигаҳдошт ва нодирияти иншоотро ба инобат гирифтанд. Ҳулбук аз ҷиҳати миқдори бозёфтҳои бостоншиносии асримиёнагӣ ба худ ҳамто надорад. Зеро монанди зарфҳои аз ёдгорӣ ёфтшуда дар дигар ёдгориҳо дида нашудаанд. Ҷиҳати дигари ҷолибияти мамнӯъгоҳ дар он аст, ки 90 дарсади бозёфтҳои дар осорхонаи он маҳфузбуда ба шаҳри Ҳулбук тааллуқ доранд ва ҳар нафар ҳангоми дидани онҳо метавонад оид ба фарҳангу тамаддуни ин шаҳри қадима ва бошандагони он маълумоти кофӣ дарёфт намояд.
Тибқи иттилои А. Хоҷаев, соли гузашта ҷиҳати боздид аз ёдгорӣ 7,5 ҳазор сайёҳи дохилӣ ва 363 сайёҳи хориҷӣ ташриф оварданд. Ба гуфтаи ӯ, сайёҳони хориҷие, ки ба самти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равонанд, ҳатман аз мамнӯъгоҳ дидан мекунанд.  
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.08.2016    №: 155    Мутолиа карданд: 1502

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед