logo

фарҳанг

ЛИБОСИ МИЛЛӢ. ЭҲТИРОМИ ОН ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ НИЗ ҲАСТ

Ҳар сол модарону хоҳарони тоҷик бо ҳамон либоҳои миллии анъанавӣ ба зиёрати хонаи Худо мераванд, ки  боиси ифтихор аст. Бояд тазаккур дод, ки тартибу низоми зоирони Тоҷикистон ва сару либосҳои бо парчам орододаи онҳо дар озмуни “Ҳаҷ – 2015” дар Мадинаи мунаввара яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол кард. Намояндагони Вазорати ҳаҷи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар фурудгоҳи шаҳри Мадинаи мунаввара ҳоҷиёни Тоҷикистонро бо гулпошӣ ва шеърхониҳо истиқбол намуданд. 
Гавҳарбӣ Пиракова, сокини деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, Механизатори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, зимни суҳбат гуфт, ки ба шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон ба орзуи хеш - зиёрати хонаи Худо мушарраф гардидам. Мо аз он хурсандем, ки бо ҳамон либосҳои миллии анъанавӣ маносики Ҳаҷро ба ҷо меорем. Ҳамчунин, Санавбар Ғафурова, сокини шаҳри Истаравшан, соҳибхоназан ва Чеҳрахон Пардаева, сокини ноҳияи Ашт, омӯзгор, иброз доштанд, ки либосҳои сиёҳ ба оини либоспӯшии миллии мо бегона аст. Одатан онро дар баъзе ноҳияҳо ҳангоми азодорӣ мепӯшанд. Мо набояд аз либосҳои миллии хеш даст кашем, зеро онҳо барои занону бонувони тоҷик хеле шинам ва зебоянд.  Яке аз зоирони Тоҷикистон домулло Абдураҳими Понғозӣ зимни суҳбат иброз дошт, ки ӯ дар Ҳарам ва ҷойҳои иҷобати дуо ҳамеша амният ва сулҳу осоиштагии Тоҷикистонро аз даргоҳи Худованд таманно менамояд.
- Мо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба чунин рӯзҳои нек расидем ва шукри Худо, ки имрӯзҳо ҳазорҳо сокинони ҷумҳурӣ, хусусан, хоҳарону модарони тоҷик бо ҳамон сару либоси миллии тоҷикӣ маносики Ҳаҷро ба ҷо меоранд ва ба гирифтани номи пуршарафи ҳоҷигӣ мушарраф мегарданд.
Имрӯз баъзе аз занону духтарони тоҷик дар тақлид ба бегонагон сару либоси сиёҳ пӯшида, дар кӯчаву хиёбонҳо худро намоиш медиҳанд. Ҳол он ки ҳамон сару либоси анъанавии мо, ки ҳадди эътидол аст, дигарон  бо ҳавас мепӯшанд  ва онҳоро азони худ мешуморанд.
Шояд Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар ҳаққи чунин тақлидҳои кӯр - кӯрона гуфта бошад:
Халқро тақлидашон барбод дод,
Эй дусад лаънат бар он тақлид бод!    
Мунаввари САФАР,   “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.08.2016    №: 156    Мутолиа карданд: 1617

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед