logo

иҷтимоиёт

ШУМО ДАР ИН БОРА ЧӢ НАЗАР ДОРЕД? МАЪНИИ ИД МЕҲРУБОНИСТ, НА ИСРОФУ БЕИНСОФӢ!

Ҷои шубҳа нест, ки анъанаву суннатҳои мардумӣ ҳамчун рукни фарҳанги миллӣ ҳамеша қоили арзиш ва эҳтироманд. Ин авомил, пеш аз ҳама, далели қатъӣ аз ҳастии таърихии миллат мебошад, ки аз қаъри ҳазорсолаҳо ба мо паём мерасонанд. Иди саиди Фитр аз ҷумлаи суннатҳои баландарзиши мардуми мусулмон, аз ҷумла тоҷикон, маҳсуб меёбад, ки таҷассумгари сабру таҳаммул, накукорӣ, эҳсону муҳаббат ба  якдигар, раҳму шафқат ва соири амалҳои неки башардӯстӣ мебошад.
Дар бораи фазилати моҳи шарифи рамазону иди саиди Фитр хеле давомдор метавон ҳарф зад. Аммо манзури мо ин нест, балки муносибат ба таҷлили идҳост. Маънии иди саиди Фитр ҳикмати «шафқату сабру меҳрубонӣ» аст. Оё мо ин ҳикматро дуруст маърифат кардаем? Мутаассифона, мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки мо ҳанӯз ба дарки дурусту амиқи идҳои суннатӣ нарасидаем, балки дар таҷлили идҳо ба ифрот роҳ медиҳем. Ифрот дар роҳи исроф ва худнамоиву сабқатҳои бемаъниву бефоида дар зиндагии мо таъсири манфии худро мегузорад. Пӯшида нест, ки  бозору мағозаҳои мо дар арафаи ид чӣ аҳвол доранд. Мо шоҳиди он гаштем, ки ду тан шаҳрванди хориҷӣ дар арафаи ин ид ҳангоми сайр дар бозори «Саховат» - и пойтахт  байни издиҳоми харидорон монда аз рафтори  мардум ҳайрон шуданд. Ҳайрон шуданд, ки чаро одамон дар бозору мағозаҳо аз ҳад зиёд маҳсулоти ғизоӣ мехаранд ва фурӯшандагон аз фурсат истифода намуда, нархҳоро боло мебаранд.  Бешубҳа, на танҳо ин ду нафар, балки ҳар як меҳмони хориҷӣ аз ин амалҳо ба ҳайрат меояд. Ба ҳайрат меояд, ки чаро мардуми дорои фарҳанги ҷаҳоншумул, саромадони фарҳанги башарӣ чунин рафтор мекунанд, ҳатто баъзеҳо ба андозаи ниёзи чандмоҳаи як оила маҳсулот мехаранд.
Таҷлили навбатии ин ид нишон дод, ки нисбат ба солҳои пешин имсол харҷу исрофкории мо боз ҳам бештар гашта, он ба манбаи даромади гурӯҳе табдил ёфтааст. Бо вуҷуди чораҳои андешидаи Ҳукумати кишвар (ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ) ҳаннотону қаллобон хеле осон ҳамён пур мекунанд. Дар бозори маъруфу овозадори «Шоҳмансур», ки замоне арзонтарин бозор ба ҳисоб мерафт, дар арафаи иди Фитр фурӯшандаҳо аз рӯи мақоли «бардорад, зам кун» амал намуда, ба маҳсулот нархи дилхоҳашонро мемонданд. Аҷаб не, ин фурӯшандаҳои «олиҳиммат» худ рӯзадор буданд.  «Савобгирон»-и  дигар нархи ангури хоми 4-5 сомонаро ба 10-15 - 25, шафтолуро ба 15, себро то 25 сомонӣ расонданд. Маҳсулоти дигарро низ бо нархи гарон мефурӯхтанд. Харидорон низ «барои хайр аст» гуфта, нархи хостаи фурӯшандаҳоро медоданд.
Бо як назари пажӯҳишӣ метавон тахмин кард, ки хароҷоти идонаи оилаҳо аз 300-400 сомонӣ оғоз гардида, то 5-6 ҳазор сомонӣ мерасад. Шояд сарватмандони алоҳида аз ин ҳам бештар хароҷот мекунанд. Аз ин бармеояд, ки хароҷоти идона барои ҳар як оила ба ҳисоби миёна тахминан 800-900 сомониро ташкил медиҳад. Акнун қазоват кунед, ки аҳолии кишвар дар як рӯз чи қадар маблағ сарф мекунад. Ин дар ҳолест, ки аксари маҳсулоти идона умри кӯтоҳ доранд ва зуд вайрон мешаванд.
Хуллас,  идҳоро мо ба манбаи мушкилот табдил дода истодаем. Вақте шахси нодоре қарз намуда, барои «аз қатор дур намондан» дастурхон меорояд, оё ин мушкилот нест? Куҷо мемонад он шафқату бародарӣ, дӯстиву кумаки ҳамдигар, сабру дил ба даст оварданҳо,  инсофу таҳаммул ва амсоли он? Имрӯз дар ин масъала мо ба як низоми муайян ниёз дорем ва ин корро бояд аз бозор оғоз намоем. Чанде пеш шаҳрдории Душанбе бо иқдоми худ тавонист, ки нархи баъзе маҳсулотро  танзим намояд. Мисоли дигар, дар ин маврид «долларфурӯшӣ»-и як гурӯҳ қаллобон аст, Ҳукумат бо тадбирҳои қатъӣ дасти аъмолашонро кӯтоҳ кард. Ё чанд сол қабл Пешвои миллат дар як ҷаласа вобаста ба нархи гӯшт ба чанд нафар масъул гуфта буданд, ки «афсӯс, шумо гаравгони чанд нафар қассоб шудаед». Бо андешидани чораҳо аз он баъд нархи гӯшт низ дигар боло нарафтааст. Ин тамоюл аз он дарак медиҳад, ки роҳи танзиму назорати нархҳо вуҷуд дорад, ба шарте ҳамагон масъул бошем. Дар ин роҳ аҳли ҷомеа низ гунаҳкор аст, ки ба таври бесобиқа бо иллати ғафлату бехабарӣ ба намоишкорӣ дода шудаем ва пеши роҳи ҳаннотонро кушодаем.
Аз ин лиҳоз, барои ба низом даровардани таҷлили ин идҳо масъулон бояд андеша намоянд, тоҷирон ба инсоф оянд, мардум ҳақталош бошанд, то идҳои суннатиро ба манбаи мушкилоти зиндагӣ табдил надиҳем. Ба назари мо, дар навбати аввал роҳандозии чунин тадбирҳо дар ҳалли ин мушкилот мусоидат карда метавонад:
Нахуст бояд дар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ доир ба таҷлили идҳои Фитру Қурбон, пешгирии харҷу исрофкориҳо, бенизомӣ дар бозорҳо ва амалҳои ҳаннотии фурӯшандаҳо иловаҳо ворид карда шаванд.
Кормандони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ходимони шинохтаи илму фарҳанг, дин,  ҳокимиятҳои иҷроияи маҳаллӣ, ҷамоатҳо ва кумитаи маҳаллаҳо, аҳли зиё, радиою телевизион, васоити оммавии ахбор, тамоми фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолияти тарғиботиву ташвиқотиро дар роҳи кам кардани хароҷоту исрофкорӣ пурзӯр намоянд. Умед аст, бо ин васила сатҳи намоишкориву дабдабаҳои идона паст ва маърифати аслу ҳақиқати рӯзадориву имондории мардум баланд гардад.

Мурод МУРОДӢ,
Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
Қадриддин ИСОЕВ

АЗ ИДОРА:
Хонандагони гиромии мо Мурод Муродӣ, Бахтиёри Қутбиддин ва Қадриддин Исоев масъалаи хеле нозук ва ҳассосеро ба риштаи мубоҳиса кашидаанд. Дар ҳақиқат, ҳолу низоми савдою бозор дар рӯзҳои ид боиси нигаронӣ ва хиҷолати шаҳрвандон аз амалҳои ҳамватанон аст. Дар ин маврид ҳоҷати баҳс нест. Аммо баъзе аз сокинони ҷумҳурӣ зери ниқоби урфу одат зиёдаравӣ мекунанд, барои рӯнамоии фарҳанги ғании азалию имрӯзи мардуми тоҷик, ки дар арсаи таърихи тамаддуни башар нақши мондагор дорад, монеа пеш меоранд. Идҳои мо бояд чӣ гуна бошанд?  Умед аст, хонандагони муҳтарами мо, олимон, зиёиён, аҳли заҳмат, ҷавонон,  хуллас, ҳар касе, ки ба эътибору мартабаи миллат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бетафовут нест, назари хешро дар ин бора баён медоранд. 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.08.2016    №: 156    Мутолиа карданд: 487

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед