logo

иҷтимоиёт

АВҶИ ОБОДКОРИҲОИ ПАНҶ ДАР ОСТОНАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

Дар ноҳияи Панҷ барои таҷлили бошукӯҳи  25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ ривоҷ ёфтаанд. Кӯчаю роҳравҳои маркази ноҳия ва маҳалҳои гирду атрофи он торафт зеботар мегарданд. Биноҳои  нави истиқоматӣ, корхонаҳои хурду миёна аз ҷониби соҳибкорон ва ташкилоту муассисаҳо бунёд гашта, то фарорасии ҷашн мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Чанде пеш бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ дар Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат бо сарфи 3 миллион сомонӣ зиёда аз 5 километр роҳ мумфарш карда шуд.  Дар баробари ин, кӯчаҳои марказии шаҳраки Панҷ низ дар остонаи иди фархунда пурра мумфарш мегарданд. Барои иҷрои ин кор 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ихтисос ёфтааст. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бинои як қатор корхонаҳо ва 25 хонаи истиқоматӣ ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ таъмир ва рангубор карда шуданд. Қисми берунаи кохи фарҳанг, толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ низ навсозӣ гардид. Ҳамчунин, таҷдиди варзишгоҳи марказии ноҳия босуръат идома дорад. Аллакай 80 дарсади корҳои сохтмонӣ бо харҷи 7 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст. Аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати кишвар сохтмони бинои нави нозироти андоз дар арафаи анҷомёбист.
Эъмори  бинои муҳташами муассисаи таълимии № 2 дар рӯзҳои наздик сомон меёбад. Аз тарафи соҳибкорони ноҳия низ корҳои созандагию бунёдкории назаррас иҷро шуданд. Бо ташаббуси  Сироҷиддин Зиёвуддинов, соҳибкори маҳаллӣ, «Маркази савдои молҳои ниёзи мардум» бо сифати баланд сохта шуда, ояндаи наздик ба истифода дода мешавад.
Имрӯзҳо  дар баробари шаҳраки Панҷ, деҳоти ноҳия низ ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагии ҳамаҷониба  дида,  ҳар як оила, маҳалла, деҳа ва ҷамоат  барои бо дастовардҳои намоён истиқбол гирифтани ҷашни бузург ҷаҳду талош дорад. 

Н. МАЪМУРЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.08.2016    №: 156    Мутолиа карданд: 454

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед