logo

сиёсат

МО САРБАЛАНДЕМ

Дар тӯли таърих борҳо чунин воқеъ шудааст, ки қавму миллатҳои гуногун барои мустақилият ва озодӣ ҷонбозиҳо намудаву аксаран ноком гаштаанд, яъне расидан ба истиқлолият ин дастоварди бузурги таърихист, ки то ҳол на ҳама ба он даст ёфтаанд.
Тоҷикистон низ баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба истиқлолият даст ёфт. Аммо бо сабабҳои маълуми дохилию таҳвилӣ мамлакат ба вартаи фалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ омад. Агар ҳодисаҳои хунин ва фалокатбор боз чанд соли дигар идома меёфтанд, ногузир ба маҳв гардидани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тоҷикон боис мегардид. Хушбахтона, ба зудӣ чораи пешгирии ин амали нангин ёфт шуд.
Пас аз хотима ёфтани ҷангу хунрезиҳо ҳаёти дохилию хориҷии кишвар босуръат дигаргун шудан гирифт. Акнун фурсат фароҳам омад, Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми кӯшиш ва имкониятҳои худро баҳри беҳбуд бахшидани зиндагии мардум равона созад.
Баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидан Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо тамоми имкониятҳои иқтисодиаш мекӯшад, то манфиатҳои дохилӣ ва берунии худро бароварда созад. Тавре маълум аст, барои ин маҳдуд будани дастрасӣ ба техника ва технологияи муосир, нарасидани мутахассисони болаёқат ва боз даҳҳо сабабҳои берунӣ монеа эҷод мекунанд. Бовар дорем, ки солҳои наздик бо ноил шудан ба се ҳадафи муҳимтарини сифатан навшудаи стратегии кишвар – таъмини амнияти ғизоӣ, истиқлолияти комили энергетикӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мушкилиҳои ҷойдошта ба пуррагӣ ҳалли худро меёбанд. То имрӯз дар ин самт вобаста ба имкониятҳои иқтисодию сиёсии кишвар корҳои зиёде ба анҷом расидаанд.
Муҳим он аст, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат барои мардуми кишвар волотарин кореро, ки беҳтар аз ҳама ба ҷо оварда истодаанд, ин ҳам нигоҳ доштани фазои орому осуда дар кишвар мебошад. Ин бузургтарин неъмат барои кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ аст ва  имкон медиҳад, ки мардум ба таври озодона зери осмони соф ва муҳити ором ба кору фаъолият машғул бошанд, ҳаёти худро пайваста беҳбуд бахшанд ва дар пешрафту шукуфоии мамлакат саҳм гузоранд.
Солҳои охир симои ҷумҳурӣ ба куллӣ дигаргун шудааст.  Ҳамарӯза дар бисёр гӯшаю канори пойтахт ва дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ биною иншооти зебо ва ҳозиразамон қомат афрохта, роҳҳои дохилӣ мувофиқ бо стандартҳои  ҷаҳонӣ навсозӣ шуда истодаанд, ки аз дидани онҳо дили соҳибватанон аз шодию фараҳ лабрез мешавад. Ба ғайр аз ин, боз иншооти зиёди  фароғатию истироҳатӣ, боғу гулгаштҳо низ сохта ва дар хизмати  мардуми кишвар ва меҳмонон вогузор карда шудаанд, ки ин ҳама  самараи заҳматҳои пайвастаи роҳбарияти кишвар ва мардуми  созандаи он мебошад.
Чоряк аср дар пеши таърих муддати зиёд нест. Ин муддат гӯё мисли як лаҳзае буд, ки хеле зуд гузашт.  Баъзан 25 соли сипаришударо дар як фурсати кӯтоҳ аз пеши назарам мегузаронам ва аз тағйироти азими солҳои охир ба ваҷд меоям ва шукри Худованди якто ва ифтихор аз Сарвари хирадманди давлат мекунам, ки ин ҳамаро барои мо арзонӣ доштаанд ва мо  дар миёни кулли қавму миллатҳои дунё сарбаландем.

Ҳайбатулло ШОДИЕВ, корманди Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.08.2016    №: 156    Мутолиа карданд: 461

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед