logo

иҷтимоиёт

КАМБУДИҲО ИСЛОҲ ГАРДИДАНД

 «Лагерҳои тобистона. Аз «Парасту» - и бесарусомон то ниёзҳои «Бободархон», «Ҷумҳурият», № 107, аз 4 июни соли 2016
Мақолаи «Лагерҳои тобистона. Аз «Парасту» - и бесарусомон то ниёзҳои «Бободархон», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр гардидааст, аз тарафи сохторҳои марбутаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Дар рафти омӯзиш маълум гардид, ки камбудиҳои дар мақола қайдгардида ислоҳи худро ёфтаанд.
Рафти  санҷиш дар истироҳатгоҳи «Парасту»- и раёсати маорифи шаҳри Конибодом нишон дод, ки дар ҳақиқат боронҳои пай дар пай ва сели омада ба корҳои таъмиру тармими истироҳатгоҳ халал ворид намудаанд. Баҳри бартараф намудани камбудиҳо ва ба мавсими истироҳату солимгардонии хонандагон омода намудани он маорифчиёну кормандони хоҷагии коммуналии шаҳр тариқи ташкил намудани ҳашари умумӣ тавонистанд, ки 100 нафар хонандаро дар даври аввали мавсим ба истироҳат ҷалб намоянд.
Бояд  қайд   кард,  ки  барои  истироҳаткунандагон тамоми шароитҳои зарурӣ  муҳайё карда шудааст. Наворе, ки тавассути Телевизиони  «Сафина» рӯзи 3 - и июли соли ҷорӣ намоиш дода шуд, далели гуфтаҳои болост.
Натиҷаи омӯзиш ва санҷиши дар урдугоҳи ба номи Ю. А. Гагарин гузарондашуда низ маълум намуд, ки ҳамаи камбудиҳои ҷойдошта ислоҳи худро  ёфтаанд. Гарчанде бино ва дигар иншооти истироҳатгоҳ ба таъмири асосӣ ниёз доранд, ҳудуди истироҳатгоҳ тоза, ҳуҷраҳои шустушӯӣ, гигиении духтарон ва бинои нуқтаи тиббӣ ва ошхона аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, корҳои ороишӣ ба сомон расонда шуданд. Аз тарафи комиссияи қабул ба истироҳатгоҳ иҷозатномаи фаъолият дода шуда, он дар басти якум 100 нафар кӯдакону наврасонро фаро гирифт.
Вазъият дар истироҳатгоҳҳои «Чашма» - и шуъбаи маорифи ноҳияи Зафаробод, «Бодомча» - и шуъбаи маорифи  ноҳияи Шаҳристон «Эделвейс» - и  ҷамъияти «Новселмаш» - и ноҳияи Спитамен, «Бободархон» - и шуъбаи маорифи ноҳияи  Ашт воқеъ дар ноҳияи Шаҳристон дигар аст. Гап дар сари он аст, ки дар моҳҳои май  ва июн боду ҳавои ноҳияҳои мазкур сард буда, оғози мавсими тобистонаи кӯдакону наврасон аз ноҳияҳои дигар фарқ дорад. Новобаста аз ин, корҳои омодагӣ дар ин истироҳатгоҳҳо низ ба анҷом расонда шуда, аз 15 июли соли ҷорӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Бояд гуфт, ки фаъолияти истироҳатгоҳҳо зери назорати қатъии Маркази ҷумҳуриявии муассисаи таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
 М. АФҒОНОВ,
директори Маркази ҷумҳуриявии
муассисаи таҳсилоти иловагии
назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.08.2016    №: 156    Мутолиа карданд: 351

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед