logo

иҷтимоиёт

РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ. МАСЪУЛИН КАМ ТАВАҶҶУҲ МЕКУНАНД, ЧАРО?

Аз сабаби нокифоя ё тӯли 20 - 30 соли охир тамоман ҷудо нашудани маблағ аз буҷети шаҳру ноҳияҳо барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ коршиносон фақат 15 дарсади роҳҳои аҳамияти дохилидоштаи вилояти Хатлонро коршоям арзёбӣ мекунанду бас.
Музаффар Холиқов, сармуҳандиси муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Қӯрғонтеппаи вилоят, гуфт, он мабалғгузорие, ки барои нигоҳдории ҷодаҳои нақлиётгарди минтақавӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тӯли чанд соли охир сурат мегирад, кофӣ нест. “То ин муддат бо ин мақсад шаҳру ноҳияҳои Панҷ - 10 ҳазор, Сарбанд - 18 ҳазор, Хуросон - 46 ҳазор ва Ёвон - 614 ҳазор сомонӣ ҷудо кардаанд. Мутаассифона, ноҳияҳои дигар, назири Бохтар, Шаҳритуз, Қубодиён, Ҷомӣ, Вахш, Ҷайҳун ва Дӯстӣ ҳанӯз ягон сомонӣ ихтисос надодаанд. Ҳол он ки барои бо “асфалти тафсон” рӯйпӯш кардани як километр роҳ камаш 500 ҳазор сомонӣ зарур аст ва ба замми ин дар вилоят 20 кӯпрук, ки ҳудуди 70-солӣ хидмат кардаанд, ба таҷдиди куллӣ ниёз доранд. Маъмулан барои як кӯпруки дарозиаш 10 ва паҳноияш 6 метр камобеш 200 ҳазор сомонӣ сарф мешавад”, – изҳор намуд ҳамсуҳбати мо.
Тибқи мушоҳидаҳои мо, идораҳои роҳтаъмиркунии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои аз ин ҳолати ногувор баромадан шағал, қум ва битумро дар зери нури офтоб хелидаю дам медиҳанд ва он ҳини пур кардани чуқурчаҳои роҳ бо унвони “омехтаи сиёҳ” истифода мегардад. “Албатта, ин маҳсулот нисбат ба “асфалти тафсон” хеле арзон аст, аммо сифаташ аз кафолати ягон ниҳод бархӯрдор нест. Он дар аввалин рӯзи бориш ё пас  аз  гузаштани чанд мошини гаронвазн мисли реге, ки ҳеҷ шираю часпиш надорад, аз ҳам мерезад”, - дилпурона иброз медоранд мутахассисону ронандаҳо ва худи роҳсозон.
Аз ҳолати роҳҳои маҳаллӣ истифодабарандагони ҳамешагии онҳо – ронандаҳои нақлиёти мусофирбар (такси) ҳам розӣ нестанд. Убайдулло Саидов, сокини ноҳияи Бохтар, гуфт, ки аз сабаби зиёд масраф шудани маблағ  барои  таъмири  автомашинааш аз кирокашӣ фоидаи хуб ба каф наоварда истодааст. “Бинобар  бисёрии  чуқурчаҳо ва пастию хамии роҳ моҳе нест, ки  ягон ҷойи мошинам нашиканад ё вайрон нашавад”, - мегӯяд ӯ.
Омили дигари сарҳангом таъмир нашудани роҳҳои маҳаллӣ фарсудагии техникаи роҳсозӣ аст. “Дар мувозинаи корхонаи мо 7 техникаи роҳсозӣ мавҷуд аст, ки аз он сетоаш сохти шӯравӣ буда, дар ҳолати корношоям қарор доранд. Албатта, он воситаҳои корие, ки мо дар ихтиёр дорем, барои нигоҳдории 144 километр роҳҳои маҳаллӣ басанда нестанд”, – иброз доштанд Толиб Тоҳиров ва Илҳом Қараев, сардорони муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷалолиддини Балхӣ.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, дар нишасти хабарӣ аз вазъи роҳҳои маҳаллӣ изҳори нигаронӣ кард. “Умед дорем, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли нафти минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” бо дастрасӣ пайдо намудан ба муми арзон ин ҳама мушкилот бартараф мешаванд”, – гуфт ӯ.
Роҳҳои хуб барои чӣ заруранд? Посухи беҳтарин ба ин пурсиш аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бармеояд. Сарвари давлат таъкид кардааст: “Пешравии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба тараққиёти соҳаи роҳсозӣ бевосита алоқаманд аст”. Пас, масъулини шаҳру навоҳии вилояти Хатлонро мебояд сари ин масъала жарфтар тафаккур варзанд, то роҳи ҳалли он мисли нур дар зулмот зудтаъсиру фоидаовар бошад.

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.08.2016    №: 156    Мутолиа карданд: 388

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед