logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ИЛМИ ТИБ

А. ҒОИБОВ,
президенти Академияи илмҳои
тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Академияи илмҳои тиббӣ, ки зодаи даврони истиқлол аст, аз рӯзҳои аввали фаъолият неруи асосиро баҳри иҷро намудани «Стратегияи миллии тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015» ва дигар барномаҳои давлатӣ равона намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил  гардидааст.
Ворид намудани усулҳои нави ташхиси молекулярӣ – генетикӣ ва иммунорадиологӣ, ҷарроҳиҳои мурракаби барқарорсозӣ ва пластикӣ, дил, пайвандсозии узву бофтаҳо, истифодаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ ҳангоми бемориҳои ишемияи дил, рагҳои хунгард ва ҷигар бо истифодаи технологияи навтарин аз ҷумлаи онҳо ба ҳисоб мераванд.
Олимони академия барои тибби амалӣ як қатор протоколҳо ва стандартҳои гастроэнтерологӣ, саратоншиносӣ, момодоягӣ тайёр намуда, дар мониторингҳои иҷрои онҳо ширкат меварзанд.
Дар ин давра, дар асоси натиҷаҳои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар марказҳои ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо,  бемориҳои дил, маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд ва Маркази тиббии хусусии «Ибни Сино» беш аз 470 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо, зиёда аз 570  амалиёти ангиография, 181 амалиёти стендгузорӣ ва ангиопластика, инчунин дар муассисаҳои тиббии кишвар ба 67 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум бо буғуми сунъӣ ба анҷом расонда шуданд.  Дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон аз соли таъсиси он  ба 250 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 18 нафар беморон ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронда шуд.
Натиҷаҳои тадқиқоти илмии олимон тарзи нави ташхис ва табобати гепатити В ва С – ро дар ҷумҳурӣ ворид намуд, ки боиси паст гардидани аворизҳои он гардид. Айни замон корҳои илмӣ дар самти омӯзиши ҳолати метаболикӣ идома доранд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии фарбеҳӣ ва бемории қанд мебошад. 
Бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Академияи илмҳои тиббӣ сессияи илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи  «Технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳо ва момодоягӣ - гинекологӣ» баргузор гардид. Дар кори сессия зиёда аз 100 нафар мутахассисон, аз ҷумла намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, Донишкадаи омӯзиши Осиёи Марказӣ ва сафоратхонаи Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Олимони академия дар самти ихтироъкорӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, кормандони Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология академик Ғ. Қ. Мироҷов ва профессор А. Ҳ. Қодиров аз ҷониби Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалҳо  қадрдонӣ гардиданд.
Баҳри ба роҳ мондани робитаҳои илмӣ академия бо клиникаи “UBBO – EMMIUS - KLINIK” – и Олмон аз моҳи майи соли 2016  созишнома ба имзо расонд, ки дар доираи он олимони ҷавон ба таҳсил дар хориҷи кишвар сафарбар мегарданд. Тибқи созишнома ҳамасола олимони Олмон дар беморхонаҳои пойтахт амалиётҳои гуногуни ҷарроҳиро бо таври ройгон мегузаронанд.  Ҳамчунин, робитаҳои илмӣ бо олимони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Эрон хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Бо ташаббуси АИТ аз соли 2015 таҳлили рисолаҳои ҳимояшуда гузаронда шуда, пешниҳодҳои илмии онҳо барои дар амалия истифода шудан ба муассисаҳои тандурустӣ равона гардиданд.
Барои хубтар ба роҳ мондани корҳои илмӣ  дар академия шӯрои табъу нашр доир ба баррасӣ ва нашри китобҳои  илмии  олимон, кумитаи биотекӣ ва шӯрои экспертӣ доир ба баррасии лоҳаҳои аз ҳисоби  буҷети давлат  маблағгузоришаванда     фаъолият доранд.
Имрӯз, вобаста ба талаботи замон,  пеши олимони тиб вазифаҳои азим меистанд, ки амалӣ  намудани  онҳо  дар  илми тибби тоҷик саҳифаҳои навро боз хоҳад кард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.08.2016    №: 156    Мутолиа карданд: 326

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед