logo

иқтисод

ЛАХШ. ПЕШРАФТУ ШУКУФОИИ ОН АЗ ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ АСТ

Зоҳирзода Умед ТОИР, 
раиси ноҳияи Лахш

Аз файзи истиқлол аст, ки соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ноҳияи Лахш рӯ ба рушд ниҳода, нишондиҳандаҳо сол ба сол беҳтар мегарданд. Дар ин самт, нишондиҳандаҳои  ҷамъбастии иқтисодиёт,  пеш аз ҳама, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзун гардид.

Агар ҷамъи солонаи ин нишондиҳанда дар соли 1998 - ум 15 миллиону 125 ҳазор сомониро ташкил дода бошад,   ба ҳолати 1  январи соли равон  маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ  255 миллиону 971,8 ҳазор сомониро ташкил  дод. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки солҳои охир дар афзоиши суръати истеҳсолот тамоюли устувор таъмин шуда истодааст. Дар ин давра  ҳаҷми маблағгузориҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ афзун гардида, вазъи таъминоти иҷтимоии нафақагирон, бепарасторон, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амсоли инҳо комилан рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Чунончи, агар дар соли 1996 ҳаҷми умумии маблағгузориҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ 236 ҳазору 898 сомониро ташкил дода бошад,  соли гузашта он ба 32 миллиону 953 ҳазор  сомонӣ расид.
Бо мақсади тақвияти раванди корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла таҷдиду навсозии маркази ноҳия, бо назардошти бунёди иншооти ифрасохтории он, бунёди маҳалҳои нави аҳолинишин, пулҳо ва сохтмону таҷдиди роҳҳо, ки баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани ноҳия ва таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ, беҳдошти некуаҳволии сокинон мусоидат мекунанд, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ шудааст. Дар ин самт то имрӯз тавассути маблағгузориҳо аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2,5 миллион сомонӣ корҳои ободонию навсозӣ ба сомон расонда шуданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Лахш дар самти сохтмону барқарорсозии иншооти муҳими хоҷагии халқ, аз ҷумла каналу насосҳои обкаш, хатҳои оби нӯшиданӣ, бинои муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем. Чунончи, агар дар соли 1997 корҳои барқарорсозӣ ва ободонӣ ҳамагӣ ба маблағи 131 ҳазору 440 сомонӣ  иҷро шуда бошанд, соли 2012 он ба 40 миллиону 794 ҳазор сомонӣ расид. Ба воситаи ин маблағҳо дар ноҳия 451 иншооти муҳим сохта ва таъмиру барқарор гардид. Солҳои 2013 -  2014 бошад, 128  иншооти хурду миёна сохта ба истифода дода шуд.  Дар натиҷаи мавриди истифода қарор гирифтани варзишгоҳи марказӣ, барои 5200 ҷойи  нишаст, имконияти дар сатҳи баланд гузарондани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ пайдо гардид.  Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия соли равон 50 иншоот ба истифода дода шуд. Бунёд ва азнавсозии як қатор  иншооти муҳими дигар идома дорад.
Дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд аз тарафи сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар ноҳия лоиҳаи «Сохтмони иншооти обёрии деҳаи Қарасой ва Қашоти Ҷамоати деҳоти Қашот» дастгирӣ ёфт. Айни замон лоиҳаи мазкур, ки бо маблағи 114 ҳазору 756 доллари амрикоӣ, зина ба зина амалӣ гашта истодааст, дар арафаи анҷомёбист. Маблағи умумии ҷалби сармоягузории хориҷию дохилӣ  дар ноҳия  5 миллиону 593 ҳазор  сомонӣ дар соли 2015 ва дар шаш моҳи соли равон бошад, 2 миллиону 792 ҳазор  сомониро ташкил намуд.
Картошкакорӣ ҳамчун соҳаи асосии истеҳсолоти ноҳия давра ба давра эҳё гардид. Истеҳсоли солонаи он дар соли 2015 ба 86783 тонна расонда шуд.  Меҳнаткашони ноҳия бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат  дар хусуси дар давоми солҳои 2016 - 2018 то ба 100 ҳазор тонна  расондани ҳаҷми истеҳсоли солонаи картошка саъю талош доранд. Дар соҳаи маорифи ноҳия низ натиҷаҳо назаррасанд. Дар даврони  соҳибистиқлолӣ ёздаҳ мактаби нав сохта ба истифода дода шуд. Дар ҳамин давра се маркази саломатӣ ба маблағи 441 045 сомонӣ ва 21 бунгоҳи тиббӣ ба маблағи 3 087 315 сомонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд.
Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҳанӯз соли 2003 дар ноҳия Фестивали дӯстии ҷавонони тоҷику қирғиз баргузор гашт, ки дар он намояндагони ҷавонони ноҳияи сарҳадии Чонолойи Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат доштанд. Соли 2006 дар ноҳия аввалин Форуми ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон - созандагони фардои кишвар» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 60 нафар аз тамоми минтақаҳои гуногуни  кишвар иштирок карданд.
Баъди соҳибистиқлолии кишвар соҳаи сайёҳӣ аз нав эҳё гардид. Ҳар сол барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ  беш аз 150 нафар сайёҳу кӯҳнавард аз кишварҳои гуногуни олам ба Лахш меоянд.  Ҳамчунин, барои рушди туризми дохилӣ мавзеи Тандиқул обод гашта, ҳамасола барои тамошо, истироҳат ва табобат ба ин мавзеъ зиёда аз 1000 нафар ташриф меорад. 
Дар амалӣ гаштани Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории  кадрҳои роҳбарикунада аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 дастовардҳо назаррасанд. Айни ҳол дар вазифаҳои роҳбарикунда 64 нафар  бону кору фаъолият намуда, аз 40 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи  ноҳия 5 нафарашон занон, дар сатҳи вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  бошад, 47 нафарашон занону духтаронанд. Аз 450 соҳибкори инфиродии бақайдгирифташуда 85 нафарашонро  занон ва аз 1220 нафар роҳбарони хоҷагии деҳқонӣ 60 нафарашонро бонувон ташкил менамояд.
Дар асоси  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 апрели соли 2012, № 150 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи генералии шаҳраки «Ваҳдат» - и ноҳияи  Ҷиргатол» таъсис ва бунёд ёфтани Боғи фарҳангию фароғатӣ дар маркази ноҳия, бо бинои нави маъмурӣ таъмин намудани  бахши фарҳанг ва сохторҳои зертобеи он, инчунин дар бинои нав ҷойгиркунонии китобхонаи марказии ноҳия рӯйдодҳои муҳими фаъолияти соҳаи фарҳанг дар солҳои охир мебошанд.
Хулоса, дар ноҳияи Лахш, бо мақсади рушди устувор ва фароҳам овардани шароити шоистаи зиндагӣ барои мардум минбаъд низ корҳои созандагию бунёдкорӣ идома хоҳанд ёфт. Дар ин росто, мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳия  25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои  назаррас пешвоз гирифта, чорабиниҳои ин ҷашни пуршукӯҳро дар сатҳи баланди сиёсӣ ва фарҳангӣ баргузор менамояд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.08.2016    №: 156    Мутолиа карданд: 686

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед