logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ РОҒУН

4 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади шиносоӣ аз рафти иҷрои корҳои ободонӣ ба шаҳри Роғун ташриф овард.

Дар доираи  сафар, ҳамчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии Роғун шинос шуд.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар майдончаи назоратии рақами як рафти корҳои барқарорсозиро мушоҳида намуд. Тавре аён гардид, корҳо дар ҳама қитъаҳои ин мавзеъ бомаром ва низоми хуб ба роҳ монда шудааст.
Таъкид гардид, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар қитъаҳои рӯизаминӣ ва зеризаминии неругоҳ 2077 адад мошину механизм истифода мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздид, ҳамзамон, аз биноҳои идораи дарвозаҳои таъмирӣ, асосӣ ва садамавии нақбҳои сохтмонии 1 ва 2, дарвозаҳои таъмирии нақби обқабулкунаки муваққатӣ ва камераи васлгарии нақби обқабулкунаки муваққатӣ дидан намуд.
Корҳои сохтмонӣ дар қубурҳои обпартои агрегатҳои 5 ва 6 бо ҷӯшу хурӯш идома дорад. Дар ин ҷо мутахассисони ватанӣ 70 дарсади корҳои нақбканиро ба итмом расондаанд. Корҳои оҳану бетонӣ низ дар қитъаи сохтмонӣ вусъат меёбад.
Аз сифати хуби бунёдкорӣ бармало аён аст, ки  коргарони ин кохи нурофарин дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро оид ба устувору босифат анҷом додани ҳар як амал сармашқи кори худ кардаанд.
 Айни ҳол дар ҳамаи қитъаҳои сохтмонии Неругоҳи барқи обии Роғун наздики 12 ҳазор нафар коргарону мутахассисон шабонарӯзӣ машғули коранд.

Дар идомаи боздид аз Неругоҳи барқи обии Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 3 толори мошинҳои неругоҳ, ки майдончаи асосии васлгарии таҷҳизоти тавлидкунандаи барқро ташкил медиҳад, шинос шуд.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст тарҳи асосии механизми кори агрегатҳо ва тавлидоти барқ, низоми минбаъдаи кори мошинҳо, хоса сохтори он бо натиҷаи охирини корҳои иҷрогардида муаррифӣ карда шуд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи сифатноки корҳо, ҳисси баланди масъулиятшиносии мутахассисону сохтмончиёни ин қитъаи сохтмонӣ таваҷҷуҳ намуда, масъулинро ба иҷрои бетамдиди ҷадвали корӣ ҳидоят кард.
Тавре иттилоъ дода шуд, тамоми корҳои омодасозӣ, бетонрезӣ ва мустаҳкамкунии иншоот, бахусус инфрасохтори зарурии хизматрасон барои агрегату дигар таҷҳизоти танзимкунанда, дар ин қитъаи сохтмонӣ мувофиқи нақша бо сифати баланд амалӣ карда шудааст, ки ба меъёрҳои байналмилалии сохтмонӣ мутобиқ мебошанд.
Баъди шиносоӣ бо сифати корҳо дар майдончаи васлгарӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз толори асосии иншооти аср  - Неругоҳи барқи обии Роғун, ки дар он агрегатҳои тавлидкунандаи барқ насб хоҳанд шуд, боздид кард.
Дар ин қитъа ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми корҳои иҷрошуда, сохтори устуворкунандаи деворҳо, механизм ва тартиби насби агрегатҳо, аз ҷумла пайвандкунии он ба дастгоҳҳои қабулкунандаи қувваи барқ муаррифӣ гардид.
Дар ин мавзеъ барои ҷойгиркунии 6 агрегат, ки иқтидорашон 3 ҳазору 600 мегаватт мебошад, корҳои омодасозӣ ва гузоштани лавозимоти зарурӣ идома дорад. Баъди анҷоми пурраи корҳои омодасозӣ, яъне ҷузъиёти давраи ҷойгиркунии нахустин агрегатҳо, ки дар асоси нақшаи аввали фаъолияти неругоҳи Роғун амалӣ мешавад, дар марҳилаи ниҳоӣ мебошад.
Зимни боздид аз ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии Роғун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, аз сехи васлкунии трансформаторҳо, ки дар заминаи пойгоҳи фармоишгар -  Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии Роғун бунёд шудааст, дидан кард.
Тавре аён шуд, дар ин нуқтаи муҳими васлгарӣ аллакай 2 трансформатори қувватнок бо тавоноии 700 ҳазор киловолт - ампер омода шудааст.
Тибқи нақша дар сехи васлгарӣ дар як моҳ 1 трансформатори пурқудрат омода карда мешавад.
Дар асоси дурнамои фаъолият, дар баробари васлу насби трансформаторҳои Неругоҳи барқи обии Роғун, ин коргоҳ оянда барои ҷамъоварӣ ва омодасозии трансформаторҳои дигар неругоҳҳои хурду бузург низ хизмат хоҳад расонд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.08.2016    №: 156    Мутолиа карданд: 338

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед