logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ҲАФТ ПАНДИ  ШАЙХ САЪДӢ

1. Ҳар кӣ бо донотар аз худ баҳс кунад, то бидонанд, ки доност, бидонанд, ки нодон аст.
2. Ҳар кӣ дар зиндагӣ нонаш нахӯранд, чун бимирад, номаш набаранд.
3. Ҳар ки илм хонду амал накард, бад-он монад, ки гов ронду тухм наяфшонд.
4. Ҳар кӣ дар ҳоли тавоноӣ накӯӣ накунад, дар вақти нотавонӣ сахтӣ бинад.
5. На ҳар ки ба сурат накӯст, сирати зебо дар ӯст, кор андарун дорад, на пӯст.
6. Нодонро беҳ аз хомӯшӣ нест ва агар ин маслиҳат бидонистӣ, нодон набудӣ.
7. Панҷа бо  шер задану мушт бар шамшер кори хирадмандон нест.
Таҳияи Бузургмеҳри Баҳодур

 


ОМАДА ХОБ КУН, ШУД
Ашӯр Сафар бемор мешаваду ба шифохона меафтад. Раиси колхози «Ленинград» - и Кӯлоб, ки шахсияти ниҳоят обрӯманд буд, ба аёдати ким-кӣ мераваду рӯи ҳавлии шифохона бо Ашӯр Сафар вомехӯрад.
- Мебахшед, мавлоно, - мегӯяд раис, - ман нафаҳмидам, ки шумо ин ҷо хобед. Чӣ биёрам бароятон?
-  Ҳеҷ чӣ, - посух медиҳад шоир. - Худат омада ҳамин ҷо хоб кун, ҳама чиз мешавад.

МУРДАНӢ МЕХӮРӢ
Дар тӯйи 70 – солагии Саидалӣ Вализода Ашӯр Сафар тӯйхабаркун мешавад. Вақте ки Бобоқул Қурбоналиевро ба тӯй хабар мекунад, ӯ даҳ сӯм бароварда тӯйҷаъд медиҳад.
- Ин кам аст, - мегӯяд тӯйхабаркун. - Устод Вализода хабар ёбад, хафа мешавад.
Қурбоналиев даҳ сӯми дигар илова мекунаду ғуррида мегӯяд:
- Ҳоли норафта бист сӯм хароҷот кардам, аз ин тӯй ба ман чӣ фоида?
- Фоидааш маълум, - мегӯяд Ашӯр Сафар. - Мурданӣ мехӯрӣ.
Гурез САФАР

 


КАРНАЙСОЗ
СУХАН ДАР БОРАИ УСТО МИРЗО МАНСУРОВ МЕРАВАД  
Аз қадимулайём дар баробари ҳунари мусиқӣ анъанаи сохтани асбобҳои он низ идома дорад. Ҳар як асбоби сохтаи устоҳои тоҷик худ намунаи алоҳидаи санъат ҳисобида мешавад. Дар саҳифаҳои таърих исми садҳо асбобтарошон  сабт гардидааст.
Карнайсозӣ низ таърихи қадима дошта, устоҳои чирадасти тоҷик ба он мувофиқи табъу завқи хеш тағйироти зиёде ворид намудаанд. Усто Мирзо Мансуров аз қабили ҳамин гуна ҳунармандон аст. Ӯ аз хурдӣ дар коргоҳи мисгарии падараш, ки яке аз устоҳои шинохтаи Истаравшан мебошад, нозукиҳои тунукагарӣ, заргарӣ ва дигар ҳунарҳоро омӯхтааст. Баъдан коргоҳи худашро таъсис дода, ба сохтан ва такмили асбоби қадимаи мусиқии карнай пардохт.
Давоми фаъолияташ ҳашт намуд карнайҳои мутааллиқ ба асрҳои 9 ва 11 – ро бо номҳои бух, нафир, шоҳнафир, каҷкарнай, карнайи шикаста, говдум, найи мисин, сурнайи мисин барқарор намуд, ки аз нав мавриди истифода қарор гирифта истодаанд. Қариб дусад адад карнайи сохтаи ин устои моҳир дар муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ пурмаҳсул истифода бурда мешаванд. Ӯ дар Тоҷикистон ягона ва беҳтарин донандаи технологияи омода намудани ин асбоб ва созандаи карнай мебошад.
Аз соли 2009 Мирзо Мансуров омӯзгори коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан буда, ҳунарашро ба шогирдони зиёдаш низ омӯзонда истодааст.
М. ТАБАРӢ

 

АСЛӢ БУРҲОНОВ
НАХУСТИН ИҶРОКУНАНДАИ НАҚШИ ЛЕНИН
Аслӣ Бурҳонов дар оғози асри ХХ дар театрҳои Бухорою Ғиждувон ҳунарнамоӣ мекард. Ҳунар ва чеҳраи саҳназебаш диққати ҳамагуна бинандаро ба худ ҷалб мекард. Ин аст, ки ӯро  соли 1933 ба Тоҷикистон, барои ҳунарнамоӣ ба Театри давлатии академӣ - драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ даъват намуданд.
Аслӣ Бурҳонов беш аз ним аср рӯи саҳнаи ин театр будааст. Ӯ касбашро хеле дӯст медошт ва чун модар муқаддас мешуморид. Дар ниҳодаш тамоми унсурҳои ҳунар вуҷуд дошт: дар ҳаҷв беҳамто, дар спектаклҳои психологӣ – мумтоз, дар драмаҳои иҷтимоӣ ибратбахш ва дар фоҷиа олиҷаноб буд. Нақши шоҳу гадоро дар як сатҳ мебозид. Ҷаҳони пурғановати маънавӣ, идроки басо нозуки ҳаёт, маърифати баланд дошт, побанди қолаб намешуд, дар ҳар ҳолату маврид метавонист ба осонӣ вориди олами ботинии қаҳрамонаш шавад.
Аз ҷозибаи ҳунари нотакрораш бинанда гармӣ мегирифт. Нахустин иҷрокунандаи нақши Ленин дар саҳнаи тоҷик аст. Дар зиёда аз даҳ спектакл симои асосгузори давлати шӯроҳоро офарид. Ҳамзамон нақшҳои Рӯдакӣ ва Айнӣ барин абармардони миллатамонро рӯйи саҳна оварда, дар намоишҳои таърихию классикӣ доди ҳунарро додаст. Қаҳрамонони асосии драмаю фоҷиаҳои Шекспир тавассути ҳунари ӯ ба саҳнаи тоҷик роҳ ёфтанд.
Симоҳои офаридааш хусусиятҳои барҷастаи миллӣ, тафсилоти маишӣ ва ҷиҳатҳои хоси зисту зиндагии мардуми тоҷикро ташкил медиҳанд.
Умар Алӣ

 

 

ТЕЛЕВИЗОР
ЗАРАР АЗ ТАМОШОИ ОН МУАЙЯН ГАРДИД
Табибони ҷопонӣ муайян намудаанд, ки тамошои ҳаррӯзаи телевизор хатари маргро зиёд мекунад. Тадқиқоти мазкур дар  маҷаллаи «Circulation» нашр гардидааст.
Солҳои 1988 - 1990 табибони ҷопонӣ миёни 86024 нафари синну солашон аз 40 то 79 пурсиш гузарониданд.  Ҳадаф ин буд, ки онҳо дар як рӯз чӣ қадар вақт телевизор тамошо мекунанд. Тӯли 19 соли оянда 59 нафар аз пурсидашудагон дар натиҷаи тромбоэмболия фавтиданд.
Муҳаққиқон муйаян карданд, ки дар муқоиса ба онҳое, ки дар як рӯз камтар аз 2,5 соат телевизор тамошо мекардаанд, шахсони фавтида назди "Оинаи нилгун" вақти худро бештар сарф мекардаанд.
Олимон нишон доданд, ки хатари фавт бо сабаби тромбоэмболия барои касоне, ки ҳар рӯз аз 2,5 то 4,9 соат телевизор тамошо мекунанд 70 дарсад ва барои шахсоне, ки  аз 2 то 2,5 соат ё аз ин камтар телевизор тамошо мекунанд,  то 40 дарсад меафзояд.
Табибон пешниҳод мекунанд, ки тамошои телевизорро бо гузарондани машқи сабуки ҷисмонӣ, ҳамчунин нӯшидани об (дар сурати вазни зиёдатӣ доштан) омезиш диҳанд.
Тромбоэмболияи рагҳои шуш дар натиҷаи басташавии рагҳои хунгард бо лахтаҳои хун ба миён меояд. Дард дар қафаси сина ва тангии нафас аломатҳои хоси он мебошанд. Омилҳои муассири рушди беморӣ фарбеҳӣ,   диабети қанд, сигоркашӣ ва фишори шараёнӣ ба шумор мераванд.
Таҳияи  Р. КАРИМОВ

 

ШАФОАТИ ЯК ТУГМА
Нафаре лоқайд буду рӯзгоре дошт бесару сомон. Ӯ қарор дод, ки  дигар шаваду  пайи амалҳои нек гирад. Ҳарчанд кори нек зиёд кард, аммо эҳсосе дар дил пайдо намешуд, ки дигар гаштааст.
Боре дар кӯча равон буд. Кампиреро тугмаи палтояш канда шуда рӯи замин афтид. Аз дил гузаронд: «Палтояш тугмаҳои дигар дорад ва ҳоҷати бардоштан нест!» Бо вуҷуди ин дилу бедилон тугмаро бардошта  ба кампир расиду онро дод ва ин ҳодисаро фаромӯш кард.
Чун соаташ даррасид,  реҳлат кард. Пеши тарозу омад: дар паллаи чапи он ҳама кирдори бадаш гузошта шуда, ки онро поин мекашид, паллаи рост бошад, холӣ! “Эҳ, - афсӯс хӯрд мард, -дар ҳамин ҷой ҳам корам омад накард!» Ин лаҳза дид, ки фариштаҳо тугмаро ба палла оварда мегузоранд ва паллаи корҳои нек поин меравад. «Наход як ҳамин тугма аз кулли корҳои бадам гаронтар омад? – ҳайрон шуд ӯ . – Басе корҳои неки кардаам аз чӣ бошад, ки ҳамин ҳоло дар тарозу нестанд!» Ин вақт овози фариштаро шунид, ки мегуфт:
- Чун ту аз амалҳои савобат ифтихор мекардӣ, онҳо фано шуданд. Аммо маҳз ҳамин тугма, ки фаромӯшаш карда будӣ, кифоят кард, то дари биҳишт ба рӯят боз гардад.
Таҳияи
Хуршеди ҶОВИД


ПУЛҲОИ ШИШАГӢ 
АЗ ҚАБИЛИ ИНШООТИ НОДИР ДАР ҶАҲОНАНД
Пули  шишагии дар  ҷанубу  шарқии  Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойгир буда, бо баландии  200 ва дарозии 300 - метраи худ ҳамчун   дарозтарин пули  шишагини олам эътироф гардидааст. Онро «Пули одамони ҷасур»  ном мебаранд. Ғафсии ҳар як тахташишаи он зиёда аз 20 сантиметр буда, 10 баробар аз шишаи муқаррарӣ мустаҳкамтар аст.
Муҳандисони ин иншооти аҷиб бар онанд, ки муъҷизаи сохтаи онҳо бехатар аст. Аз ду тарафи пул панҷараҳои оҳанин насб карда шудаанд, то бехатарии сайёҳонро ҳифз намоянд.
Чанде пеш, дар кӯҳи Тианмен ба ҳамин монанд пули шаффофи шишагине  бо дарозии 61 метр ба истифода дода шуд, ки на ҳама сайёҳон ҷасорати аз болои он гузаштанро доранд. Зеро баландии ин иншооти азим ба 1220 метр мерасад.  
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО

 

ВАСМУСИ ФОРС
Ин шахс аз бисёр ҷиҳатҳо бо полковники бритонӣ Лоуренс умумиятҳои ба ҳам монанд дошт ва, аз ин рӯ, дар пайравӣ ба Лоуренси Араб ҳаводоронаш ба ӯ лақаби Васмуси Форсро часпонданд.
Вилгелм Васмус соли 1880 ба дунё омадааст, дар хусуси авлодонаш ва солҳои ҷавониаш сарчашмаҳо хомӯшанд. Ҳаминаш маълум, ки дар соли 1914 дар Бушаҳри Форс консул будааст. Ихтисосаш шарқшинос, забони классикии форсиро чун забони модарӣ медонист, ғайр аз ин бо тамоми шеваю лаҳҷаҳои кишвари Форс ҳарф мезад. Ба таври худ Шарқро дӯст медошт, расму оин ва анъанаҳои маҳалро эътироф ва риоя мекард, аз ин рӯ, обрӯяш дар байни форсҳои баландмақом зиёд буд.  Кайзер Вилгелми II, ки худро «ҳомии Қуръон» эълон намуда буд, аз муваффақияти консули ҷавон дар роҳи ба ҳам пайвастани муносибатҳои дӯстона бо халқи таҳҷоӣ воқиф буд ва барои ҳамин ҳам маоши Васмусро баланд бардошт ва барои намояндагиву корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба манфиати мамлакаташ маблағро дареғ намедошт.
Форс дар ибтидои Ҷанги якуми ҷаҳон кишвари қафомонда буд. Таъсири давлатҳои абарқудрат: Русия, Англия, Олмон зиёд буду онҳо дар бисёр минтақаҳо худро хӯҷаин меҳисобиданд. Аллакай «ҷанги эълоннашуда барои нафт» мерафт. Аз рӯи шартномаи байналмилалӣ барои нигоҳдории тартибот дар минтақаҳои нафтӣ жандармерияи бетараф аз ҳисоби артиши Шведсия ташкил шуда буд, вале Васмус тавонист, ки бо қудрати тилло ихтиёри онро ба даст гирад. Вақте ки ҷанг сар шуд, Англия ҳамин далелро дағалона вайрон кардани бетарафии Форс ҳисобида, бо ёрии артиш фазои таъсири худро васеъ кардан гирифт. 
Аз он ҷойҳое, ки ба тасарруфи англисҳо медаромаданд, сафирони Олмон ба зудӣ мерафтанд. Васмус нагурехт, англисҳо ӯро ҳамчун шахси афкораш зараровар ба ҳабси хонагӣ гирифтанд. Шабе, ки Васмусро бояд ба ситоди англисҳо барои дидани чораи охирин мефиристоданд, вай аз саломатии аспаш сахт дар ташвиш буд. Ӯ дар мушояати ду посбон ба саисхона рафта,  бадани аспашро палмосида дид ва ба онҳо гуфт, ки ҷонвар ба касалии хавфноки маҳаллӣ гирифтор шудааст, ки чораи онро аврупоиҳо намедонанд. Вай дар ҳар 10 ва 20 дақиқа як маротиба аз ҳоли аспаш хабар мегирифт. Оқибат ин рафту омадҳо ба саисхона ба дили посбонҳо зад. Яке гуфт: «Аспатро дӯст дорӣ, худат рафта бин». Ба консул ҳамин даркор буд. Бори охир ба саисхона омада аспи тамоман солимро зин зад, зеро ҷонвар умуман касал набуд,  аз байни тӯдаи хасу хошок хӯрҷини 140 ҳазор маркаи тиллодоштаро ба пушти таковар партофт ва бе пай ғайб зад.
Дар байни амалдорони маҳаллии кӯҳистон, ки Васмус ба назди онҳо гурехт, дӯстони зиёде дошт. Кӯҳистониён мардуми ғаюр, нотарс, ҷанговарони корозмуда ва неруманд буданд. Таъсирашон дар вилоятҳои баландкӯҳ зиёд буд ва агар музди хуб мегирифтанд, ҳама корро осон анҷом медоданд. Бо ёрии онҳо Васмус бо империяи Британия ба ҷанги нобаробар бархост. Вай ҳамчун саррезиденти хадамоти махфии Олмон, сардори разведкаи ҳарбӣ ва сиёсӣ дар минтақаи халиҷи Форс ба фаъолият пардохт. Аммо мақсади вай танҳо ҷамъ овардани маълумот барои сарфармондеҳи артиши Олмон дар Шарқи Наздик генерал Лиман фон Сандерс набуд. Нақшаи ӯ васеътар буд: мехост тамоми ҷануби Форс дар зери таъсири Олмон бошад, дасти англисҳоро аз нафти ин ҷойҳо дур афканад ва қабилаҳои кӯҳистониро бар зидди артиши англисҳо ба ҷанг бархезонад.
Барои он ки мавқеи худро устувор созад, Васмус қадами бесобиқае гузошт: вай духтари яке аз саркардаҳои қабилаи барӯмандеро хостгорӣ намуд. Ҷашни дакаданге орост ва ба ҳамаи меҳмонон, аз мардуми одӣ то ашрофони бадавлат, туҳфаҳои гаронбаҳо кард. Харҷи тӯйро пурра худаш пардохт, албатта, аз ҳисоби хадамоти махфии Олмон. Бругмани немис, ёрдамчии ҷонсупори Васмус, ба ҳангоми тақдими туҳфаҳо меҳмононро ба ҳамкорӣ мехонд. Баъдтар разведкаи англис муқаррар кард, ки дар шабакаи ҷосусии Васмус, ки аз сарҳадҳои Ҳиндустон, канали Суетс то соҳилҳои дарёҳои Фурот, Даҷла ва халиҷи Форс доман густурда буд, ҳазорҳо нафар форсҳо амалиёт мебурданд. Дар тӯли чор сол минтақаи Форс, ки баробари қаламрави Франсияю Англия буд, зери таъсири Васмус қарор дошт. Киштиву кемаҳои зиёде дар роҳи обии Ҳиндустону Англия, Зеландияи Нав ба манфиати Васмус ҷосусӣ мекарданд ва ӯ аз интиқолёбии бор, аслиҳа ва навкарони душман пурра ва сари вақт воқиф мегашт.  Ҷосусони Васмус аз Фаластин, Дарданелл, Месопотамия, Туркия ва ҳатто аз Африқои Ҷанубӣ маълумот ба даст меоварданд. Дар бисёр муҳорибаҳои солҳои 1915 – 1916 олмониҳо ба шарофати маълумотҳои ҷосусони Васмус бар душман ғалаба карданд.
Барои даф кардани Васмус, ки ҷосуси бисёр ҳам хавфнок ба ҳисоб мерафт, англисҳо пули калон ваъда доданд. Аввал баҳои сари Васмусро 3 ҳазор фунт стерлинг гуфтанд, дар соли 1917 барои доштан ё нобуд кардани ӯ маблағро 5 маротиба зиёд намуданд. Аҷиб, ки чунин нарх қотилони эҳтимолиро тарсонд, зеро дар Шарқ ҳаёти одам ба як пули пучак намеарзид ва ҳеҷ кас бовар намекард, ки барои як кас ин қадар зиёд фунт стерлинг медода бошанд.
Дар моҳи ноябри соли 1918, вақте ки гап – гапи шикасти Олмон баромад, Аҳрам, хусури Васмус, ба ӯ маслиҳат дод, ки гурезад. Васмус пинҳон шуд ва то имрӯз касе пайи ӯро наёфтааст.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»,
тарҷума аз русӣ

 

АВТОБУСИ ОЯНДА
АЛЛАКАЙ ДАР КӮЧАҲОИ ЧИН ПАЙДО ШУДААСТ
Сокинони шаҳри  Синхуандои Чин шоҳиди озмоиши нахустин автобус - нақб гаштанд.
Автобуси ғайриодии Transit Elevated Bus, ки аз барқ неру мегирад, аз замин ду метр боло ҳаракат мекунад ва ин имкон медиҳад, ки дигар мошинҳо аз зери он равуо намоянд. Дарозии автобус 21 метр, бараш 7, 5 метр буда, дар он то 300 мусофир ҷой мегирад.
Нақлиёти нав, ки автобуси ояндааш меноманд, бо суръати то 60 км/соат ҳаракат карда, дар сурати зарурат теъдоди вагонҳои онро то 4 баробар зиёд кардан мумкин аст.
“Ҳар автобус нақби ТЕВ 40 автобуси муқаррариро иваз мекунад ва ҳаракати нақлиётро дар роҳ хеле сабук месозад",- мегӯяд сармуҳандиси лоиҳа Сн Ючжоу.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД

 

НАҚБҲОИ ЯХИН -
НАВЪИ НАВИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ТУРИЗМИ ҶАҲОНӢ
Соли 2015 дар Исландия нақби бузургтарини  яхинро сохтанд, ки дар дунё то ҳанӯз назир надорад. Он дар зери яке аз пиряхҳои калонтарини  Исландия ҷойгир буда, Лаунгйёкюдл ном дорад. Масоҳати умумии нақб 940 метри мураббаъ буда,  дарозиаш наздик ба  550 метр мебошад. Ба шарофати дар умқи 30 метр воқеъ доштанаш бинандагони он чӣ тавр бо маром фишурда шудани барфро, ки ба ях мубадал шуда ба пирях мечаспад, мушоҳида менамоянд. Ин тарҳ «Дар пирях» (into the Glacier) номгузорӣ шудааст ва аз ҷониби ду агентии сайёҳии Исландия  ба хотири ба ҳама нишон додани пиряхи асрорангези «Яхи осмонранг» роҳандозӣ гардидааст. Сайёҳат ба сафари хотирмон савори мошини боркаш шурӯъ мешавад. Сипас, сайёҳон барои омӯхтани нақб пиёда роҳ пеш мегиранд. Дар ин нақб, ҳамчунин, калисои хурде вуҷуд дорад, ки хоҳишмандон дар он ҷо метавонанд маросими ақди никоҳи худро анҷом бидиҳанд.  
Зулола БОБОРАҶАБОВА

 

ДАЛЕЛҲОИ АҶИБ
Гандум – маводи аввалиндараҷаи истеъмолии мардуми кишвари мо ва аҳли сайёра ба шумор меравад. Аз нисф зиёди аҳолии курраи замин ин маҳсулотро истеъмол менамоянд. Ҳамасола дар 200 миллион гектар замин, 2 миллиард сентнер гандум истеҳсол мешавад.
**
Картошка яке аз қадимтарин сабзавотест, ки аҳолии қисмати ғарбии Амрикои Ҷанубӣ парваришашро ба роҳ монда, бо машаққати зиёд ба Аврупо кучат намудаанд. То асри 18 ин сабзавотро ҳамчун ғизои экзотикӣ дар оилаҳои ашрофзодагон истеъмол мекарданд.
**
Офтобпараст ба Аврупо аз Амрико ҳамчун рустании ороишӣ ворид карда шуда буд. Ба Русия бошад, он на ҳамчун рустании зебо, балки ҳамчун маводи асаловар ворид гардидааст. Дар охири асри 18 деҳқони воронежӣ Д.С.Бокарев аз тухми офтобпараст равған ҳосил карда, арзиши аслии офтобпарастро муайян намуд.
**
Дар Хитой, Ҳиндустон, Ҷопон ва дигар сарзаминҳои тропикӣ ширро аз рустании кокос ва шарбати палма истеҳсол мекунанд, ки таркибаш аз эмулсияи чарбуҳо, сафеда, ҳамчунин иловаи миқдори муайяни қанду намак иборат аст. Шири бодомӣ низ дар тиб хеле маъмул аст, ки таркибашро бештар сафеда ва тухми лӯбиёгиҳо ташкил медиҳад.
Таҳияи А. РАҲИМ

 

ТАМҒАКОҒАЗ
ДАР МЕВАҶОТ ЧӢ МАЪНӢ ДОРАД?
Шумо боре ҳам бошад, тамғакоғазро дар меваҳои воридотӣ мушоҳида кардаед. Вале ба худ суоле додаед, ки он чӣ маънӣ дорад?
Агар дар онҳо рамзи 4 -рақамаи аз 3 ё 4 оғозшаванда бошад, пас ин маънии онро дорад, ки маҳсулот бо усули шиддатноки кишоварзӣ бо назардошти истифодаи маъдану пеститсидҳо парвариш ёфтааст.
Мавҷуд будани рамзи 5 – рақамаи аз 9 шурӯъшуда дар меваҷот,  маънии онро дорад, ки он ба тарзи анъанавии тӯли асрҳо ба коррафта истеҳсол шудааст. Алҳол ин усулро «органикӣ» ном мебаранд, ки бе истифодаи маъдану пеститсидҳо сурат мепазирад.
Агар маҳсулот рамзи 5-рақамаи аз 8 оғозёбанда дошта бошад, пас он маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда (ГМО) мебошад.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН

 

ЧАНД ХӮША АЗ ЯК ГӮША

• Одамонро дӯст доштану одамдӯст будан ду чизи аз ҳам фарқкунанда мебошад.
• Девона онест, ки ҷуз ақл ҳамаро аз даст додааст.
• Оне ки ҳама чизро мехоҳад, чизе намехоҳад.
• Одамкуш як одамро мекушад, худкуш одамиятро.
• Бадӣ чун беморӣ дуздонаву пинҳон меояд, хубӣ монанди пизишк ошкору аён.
• Барои он мо баъзан роҳи ҳалли мушкилотро намеёбем,  ки худи мушкилро намебинем.
• Романе, ки дар он марг нест, романест,  ки дар он зиндагӣ нест.
• Романи хуб аз каҳрамон роз мегӯяд, романи бад аз муаллиф.
• Нуфузи ҳавою ҳавас дар шахс нишони нотавонии ӯст.
• Мутаассиб шахсест, ки на нигоҳашро метавонад дигар кунад, на мавзӯъро.
Мураттиб  Сафаргул АЛИМОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.08.2016    №: 157    Мутолиа карданд: 1500

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед