logo

ҳуқуқ

КУШТОР. ГУМОНБАРШУДАҲО БА ДАСТ АФТОДАНД

Охири моҳи июли соли равон дар шаҳри Душанбе дарёфт шудани ду ҷасади ба қисмҳо ҷудокардаи занҳои шахсияташон номаълум боиси ташвиши аҳолӣ ва паҳн шудани ҳар гуна овозаҳо гардид.

Дар рафти чорабиниҳои фаврӣ - тафтишотии муштараки мақомоти прокуратура ва корҳои дохилӣ   муайян карда шуд, ки  зани кушташуда сокини шаҳри Душанбе Р. Шаҳноза, соли таваллудаш 1988 мебошад. Куштори ӯ аз тарафи шавҳараш А. Бахтиёр, соли таваллудаш 1978, дар заминаи рашк  содир шуда, номбурда бо мақсади пинҳон кардани изҳои ҷиноят ҷасади ҳамсарашро ба қисмҳо ҷудо карда, ба дарё партофтааст.
Гумонбаршуда ба гуноҳаш иқрор  буда, ҳамзамон, ҳангоми азназаргузаронӣ дар манзили зисти онҳо пайи хун дар девор ва либосҳои ҷабрдида  муайян карда  шуданд. Ҳолати ҷой доштани муноқишаҳои доимиро байни зану шавҳар  модар ва дугонаи ҷабрдида тасдиқ мекунанд. А. Бахтиёр дастгир ва нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. 
Ҳамзамон, 29 июли соли равон аз соҳили дарёи Душанбе, дар маҳаллаи Соҳилӣ, дар дохили халта ҷасади ба қисмҳо ҷудокардашудаи  зани шахсияташ номаълум дарёфт шуд. Дар натиҷаи гузарондани амалиёти фаврӣ - тафтишотӣ муайян гардид, ки ин зани қатлшуда сокини ноҳияи Рӯдакӣ Фотима Б., соли таваллудаш 1993 буда, номбурда вақтҳои охир дар шаҳри Душанбе дар хобгоҳи умумӣ, дар ҳуҷраи хоҳараш зиндагӣ мекардааст. Ӯ бо шаҳрвандон  Дарвеш А.,  Нуриддин А. ва Исматулло М. шинос шуда, пешниҳодашонро  дар бораи ҳамхобагӣ қабул намуда, ба манзили истиқоматии онҳо омадааст. Дар ин ҷо байнашон муноқиша сар зада, дар рафти он шахсони номбурда Фотимаро тавассути буғӣ кардан  ба ҳалокат расонда, рӯзи дигар  ҷасади ӯро ба қисмҳо ҷудо сохта, ба дарёи Душанбе партофтаанд. 
Дар рафти чорабиниҳои фаврӣ - тафтишотӣ  далелҳои шайъӣ дарёфт ва гумонбаршудагон дастгир гардида, ба гуноҳашон иқрор шуданд. Бино ба иттилои Маркази матбуоти  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи чорабиниҳои саривақтӣ  ва дар сатҳи баланди касбӣ анҷомдодаи кормандони мақомоти прокуратура ва корҳои дохилӣ кушторҳои мазкур дар кӯтоҳтарин муддат ошкор шуданд.
Рафти тафтиши пешакии ин парвандаҳои ҷиноятӣ зери назорати қатъии Прокуратураи генералӣ қарор дорад. 
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.08.2016    №: 157    Мутолиа карданд: 1513

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед