logo

иқтисод

ОБХЕЗӢ БА БЕШ АЗ 100 ГЕКТАР ЗАМИНИ РАШТ ТАҲДИД МЕКУНАД


Азбаски қисми зиёди заминҳои ҳамвори ноҳияи Рашт дар соҳили дарёи Сурхоб ҷойгиранд, баланд шудани сатҳи об хавфи шусташавии онҳоро ба миён меорад. Аз ин сабаб кишоварзон барои  истифодаи чунин заминҳо ҳавасманд нестанд.

Дар  натиҷаи тағйир ёфтани маҷрои дарёи  Сурхоб моҳи августи соли гузашта канали Қалъанак, ки садҳо гектар заминҳои кишти Ҷамоати деҳоти Қалъанакро бо об таъмин месохт, хароб гардид. Офати  табиат дар  ду ҷой - яке дар масофаи 220 метр ва дар ҷойи дигар  50 метр ба шабакаи обёрӣ зарар расонд. Дар мавзеи мазкур деҳқонон давоми ду соли охир 25 гектар боғи нави мева бунёд намуда, дар майдони беш аз 35 гектар картошка ва дар 20 гектар хӯроки чорво кишт мекарданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар доираи имконоти мавҷуда ва кумаку дастгирии сокинон 50 метри харобгардидаи шабакаи обёриро барқарор сохт.  Аммо  қисмати асосии он  то имрӯз валангор боқӣ монда, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли зироатҳоро коҳиш додааст. Аз сабаби таъмир нагардидани канал ва тағйир ёфтани  маҷрои рӯд қисме аз заминҳои киштро оби  дарё шуста бурд.
- Агар ин харобӣ сари вақт бартараф мегардид, маблағи хеле кам масраф мешуд. Тақрибан бо 230 ҳазор сомонӣ имкони пешгирии хавфи шусташавии заминҳо ва хароб гардидани канал вуҷуд дошт. Имрӯзҳо  зарурати бо харҷи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ  барқарор намудани он пеш омадааст. Ҳоло  қабати ҳосилхези заминҳои мавзеи номбурда, ки бо заҳмати зиёд киштбоб карда шудаанд, ба коми дарё фурӯ меравад, - гуфт  Маҳмадамин Ҷомидов,  сарзироатчии шуъбаи кишоварзии ноҳия.
 Ба гуфтаи  Аъзамҷон Маҳмадов, сардори Агентии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, аз 8 августи соли гузашта  масъулони соҳа ҷиҳати барқарор сохтани қисматҳои валангори шабакаи обёрии Қалъанак санади дахлдор  тартиб дода, ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати кишвар ирсол карданд. Лоиҳакашони агентӣ дар асоси он  моҳи апрели соли равон омада, ҷойҳои вайронаи каналро санҷиданд ва барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти идораҳои дахлдор чораҳои заруриро пешниҳод намуданд.
Пӯшида нест, ки заминҳои тахту ҳамвор дар навоҳии кӯҳистон хеле каманд. Аз ин рӯ,  зиёд кардани  масоҳати майдонҳои кишт аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳо ва ҳифзи  киштзори  соҳили дарёҳо дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим дорад. Ҳоло бо зиёд шудани ҳаҷми оби дарёи Сурхоб ва валангор будани шабакаи обёрӣ беш аз 100 гектар замини кишти минтақаи Қалъанаки ноҳия зери хатари шусташавӣ мебошад. Бинобар ин, ҳарчи зудтар рафъ сохтани ҳолати мазкур аз масъулон тадбирҳои саривақтиро тақозо мекунад.
Худодод ЗАЙНИДДИН,  "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.08.2016    №: 157    Мутолиа карданд: 509

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед