logo

иқтисод

ПИРЯХҲО. КАЙ БАРОИ ҲИФЗИ ОНҲО ТАДБИРҲОИ ҶИДДӢ АНДЕШИДА МЕШАВАД?

Пиряхҳои  Федченко, Хирсон, Ғармо, Кашолаях, кӯли  Сарез  ва даҳҳо кӯлу пиряхҳои дигари Бадахшон дороиҳои обии  Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.  Дар саросари қаторкӯҳҳои Помир садҳо манбаи оби тозаи нӯшиданӣ мавҷуд мебошад. Дар баландиҳои водиҳои Вахё, Ванҷи Боло, Язгулом, Бартанг, Ғунд, Шоҳдара, Вахон,  дуриҳои Помири Шарқӣ, ноҳияи Мурғоб шохобҳои зиёд ва   чашмасорони мусаффои мамлакат ҷойгиранд.
Соли  гузашта дар пойтахти мамлакатамон -  шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ  оид ба  истифодаи самараноки оби нӯшиданӣ баргузор гардид, ки дар он қариб 1500 намояндаи кишварҳои ҷаҳон  ширкат варзиданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар   конфронс аз он изҳори нигаронӣ карданд,  ки  тӯли солҳои охир   бо сабаби гармшавии ҳаво дар  минтақа   беш аз  1000  пирях  аз байн рафтааст. Аз 14 ҳазор пиряхи  кишвар, ки аксарияти онҳо дар Помир  воқеъ гаштаанд, 13  ҳазор  боқӣ мондааст.
Дар  ҳавзаҳои Ғунд, Вомароб,  Ванҷоб,  Язгуломоб,  Хингоб, Хумбов садҳо лозурҳои калону хурд ва чашмасорон мавҷуданд. Шохобҳо аз пиряхҳои   Федченко, Хирсону Кашолаях, Ғармо  ба кӯлҳои Сарез ва   Яшиккӯл ҷорӣ мешаванд. Рӯдҳои Хумбов,  Хингов, Ванҷоб, Язгуломоб ва  Бартанг бошанд, аз оғӯши Сарез ва Яшиккӯли шириноб сарчашма мегиранд.
Захираҳои азими обии чорсӯи Бадахшон мӯҷиби ободӣ ва шукуфоии боғоту киштзорони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва мамлакату минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд.  Мутаассифона,  лозурҳои бузурги Федченко,  Хирсон, Кашолаях, Ғармо ва дигар пиряхҳо  аз гармии ҳаво об   гардида, масоҳаташон камтар шудааст. Захираҳои  обии Бадахшон на танҳо асоси ҳаёти инсону ободии киштзорон, балки асоси  ҳастии  олами ҳайвонот ва наботот ҳам   маҳсуб меёбанд.
Тоҷикистон  соҳиби ин неъматҳои бебаҳои табиат  аст. Ҳар як  фарди ватандӯст  бояд ба қадри ин неъматҳо  бирасад.
Ҳоло фасли тобистон аст ва суръати обшавии пиряхҳо баланд гардидааст. Масъулони Тоҷикистон  борҳо аз минбарҳои баланди конфронсҳои байналмилалӣ оид ба  мушкили нигоҳдории  захираҳои об   назарҳо баён кардаанд,  аммо… Мутаасифона, ин мушкили тамоми минтақа аст ва дар ҳалли он ҳамдастию ҳамдигарфаҳмии тамоми кишварҳои минтақа ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, бавижа Созмони Милали Муттаҳид, зарур аст.
Кай оид ба ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд? Охир, ҳалли ин масъала ба нафъи тамоми сокинони минтақа ва ҷаҳон мебошад ва мушкили мардуми Осиёи Марказӣ набояд аҳли башарро бетараф гузорад.

Сироншоҳи ДИЛОВАР, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.08.2016    №: 157    Мутолиа карданд: 528

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед