logo

сиёсат

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ РОҒУН

Боздид аз нақби Роғун
4 август дар Неругоҳи барқи обии Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз даромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм боздид намуд.

Даромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм аз бузургтарин иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун ба шумор меравад. Он ҳамчун нақби обпарто барои танзими оби обанбори неругоҳ истифода мешавад. Даромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм ба мисли ду дарвозаи бузург аст, ки дар маҷмӯъ 32 метр паҳно, 30 метр баландӣ ва 34 метр дарозӣ дорад.
Ҳоло бунёди дарвозаҳои нақб бо назардошти тамоми талабот ва меъёрҳои ҳозиразамони сохтмон ба пуррагӣ анҷом ёфтааст. Инчунин дар нақби сохтмонии қабати сеюм аз даромадгоҳ то масофаи 850 метр тамоми корҳои бетонӣ - конструктивӣ ба итмом расидаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ин иншоот дар вохӯрӣ бо сохтмончиён ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дод.
Дар идомаи сафари кории худ ба Неругоҳи барқи обии Роғун Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмону васлгарӣ дар қисмати болоии камераи дарвозаҳои таъмирӣ - садамавӣ ва шахтаи моилии нақби сохтмони СТ-3 шинос шуд. Камераи дарвозаи мазкур дар қисмати пеши нақби обпартои садамавӣ ҷойгир буда, дар ҳолатҳои зарурӣ барои пешгирии фишори об хизмат мерасонад. Инчунин яке аз нақбҳои амудӣ, устувории дарвозаҳо ҳамаҷиҳата омӯхта шуда, бо истифода аз варақаҳои махсуси оҳанин ва мувофиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ сохта мешавад. Дарвозаҳо дар нақби мазкур дар ҳоле истифода мегарданд, ки дар сурати пурра мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи барқи обии Роғун дар натиҷаи омадани селу боришоти шиддатнок сатҳи оби обанбор боло шуда, хатарҳои эҳтимолиро ба вуҷуд орад. Дар ин сурат дарвозаҳо кушода гардида, оби зиёдатии обанбор ба маҷрои дарё рехта мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи коргарону муҳандисони ин минтақаи сохтмонӣ суҳбат намуда, онҳоро ба иҷрои корҳои босифат ҳидоят кард.
Аснои боздид маълум гардид, ки дар корҳои сохтмони нақби обпартои садамавӣ ва дарвозаҳои дохилӣ аксарият сохтмончиёнро шаҳрвандони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Шуъбаи КДАМ дар Роғун соҳиби бинои нав шуд
5 август дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди истифода қарор додани бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок кард.
Баъди буридани лентаи рамзии иншооти нав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити корӣ шинос шуд. Бинои нав дар шаҳраки  Оби Гарм  бо тарҳи хос барои сохторҳои қудратӣ бунёд шуда, дорои шароити хуби корӣ мебошад. Шароити созгори истиқомат ва истироҳату табобат низ фароҳам оварда шудааст.
Беҳдошти шароит ва таҳкими иқтидору имконоти  мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон  дар маркази  таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии ҳамарӯзаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  солҳои 2010 - 2015 сохтмони иншоот  барои ин мақомот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хеле вусъат гирифт ва заминаи моддиву техникии сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат  мустаҳкам гардонда шуд.

Пешвои миллат аз рафти корҳо қонеъ гашт
5 август, рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳри Роғун, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маҳали анбори захираҳои маводи шағалзаминӣ боздид ба амал овард.
Мувофиқи нақшаи пешбинишуда дар як рӯз то 30 ҳазор метри мукааб маводи шағалзаминӣ ба анбор кашонда мешавад. То имрӯз зиёда аз 42 миллион метри мукааб маводи шағалзаминӣ барои бастани ҷараёни об захира гардидааст ва кор дар арафаи анҷомёбист. Ҷамъоварӣ ва ҷобаҷогузории сангу шағал ба воситаи техникаву технологияи муосиртарин аз ҷониби 10 ширкати хурду бузург анҷом дода мешавад.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисони масъули ин қитъа ҷиҳати назорати ҳамаҷонибаи сифати маҳсулот ва захираи кофии мавод дастуру супоришҳо дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз минтақаи зериобшаванда ва конҳои шағалзаминии рақами 15 ва 15В боздид намуд. Айни ҳол маҳз аз ҳамин мавзеъ маводи шағалзаминӣ дастрас ва дар анбор захира карда мешавад. Мувофиқи тадқиқоти коршиносони соҳаи геология дар ин мавзеъ дар кони 15  48 миллион ва дар кони 15В зиёда аз 20 миллион метри мукааб маводи шағалзаминӣ мавҷуд аст. Аз оғози кор то имрӯз аз конҳои мазкур зиёда аз 60 фоизи мавод ба анбор интиқол дода шудааст. Ҳар як навъи маводи сохтмонӣ аз ҷониби коршиносони соҳа омӯхта шуда, сипас мувофиқи сифат, навъ ва таъйинот дар ҷойҳои муайяни анбор ҷо ба ҷо мегардад.
Дар доираи боздид аз Неругоҳи барқи обии Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҷараёни корҳои сохтмонии роҳи автомобилгардро аз анбори кони Лаби Дара то даромадгоҳи нақбҳои сохтмонии СТ1 ва СТ2, инчунин корҳои таъмиру барқарорсозиро дар нақби якум ва дуюми соҳили чап ва рости неругоҳ мушоҳида намуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни корҳо ва суҳбати самимӣ бо коргарон аз рафти корҳо изҳори қаноатмандӣ карда, ба сохтмончиён барои бо сифат анҷом додани корҳои таъмириву созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.08.2016    №: 157    Мутолиа карданд: 452

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед