logo

ҳуқуқ

ИКОНА, СИМОБ… ХАРИДУФУРӮШИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ОНҲО ПЕШГИРӢ ШУД

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон як далели харидуфурӯши ашёи таърихиро ошкор ва пешгирӣ намуданд. Дар натиҷаи гузарондани амалиёти фаврӣ сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Т. Б. ҳангоми ғайриқонунӣ ба фурӯш баровардани 3 икона ва 19 ордену медали ҷангӣ мавриди боздошт қарор гирифт.

Тибқи хулосаи ташхиси мутахиссисони Вазорати фарҳанг, иконаи мусодирагардида таърихи беш аз садсола доштааст. Он маҳсули эҷоди иконанависони рус дар охири асри 19 ва аввали асри 20 буда, дорои аҳамияти таърихиву фарҳангии миллату халқиятҳои маскуни Тоҷикистон мебошад.
Ордену медалҳо, махсусан орденҳои Ситораи Сурх ва Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 нишони ҷонбозӣ, фидокориву ҷасурӣ ва хизмати шоистаи фарзандони Тоҷикистон дар солҳои ҷанг  маҳсуб меёбанд. Онҳо чун нишони ҷовидонӣ хусусияти тарбиявӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва осорхонавӣ дошта, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб шудан ва ё ба соҳибияти каси дигар доданашон манъ гардидааст.
Ҳамзамон, дар натиҷаи гузарондани амалиёти фаврӣ аз ҷониби кормандони ин ниҳод сокини шаҳри Қӯрғонтеппа С. М. зимни фурӯши маводи моеи нуқрафом, ки ба моддаи кимиёии симоб монанд буд, боздошт шуд.
Мувофиқи ташхиси лаборатории Институти кимиёи ба номи В. И. Никитини Академияи илмҳо, моеи мусодирагардида симоб буда, вазни холиси он 954 граммро ташкил медиҳад. Дар рафти пурсиш маълум гардид, ки маводи мазкурро М. С. аз сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ М. Ш. дастрас намуда, мехостааст онро ба маблағи 15 000 доллари амрикоӣ фурӯшад.
Бино ба хабари расмии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба шахсони номбурда парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва барои идомаи тафтиш ба прокуратураи вилояти Хатлон ирсол  гардиданд.
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.08.2016    №: 158    Мутолиа карданд: 1588

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед