logo

фарҳанг

ҲАКИМ ТИРМИЗӢ – САЛИМИ СУННАТ ВА АЗАМАТИ МИЛЛАТ

Ба истиқболи 1250 - солагии Ҳаким Тирмизӣ

Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳасан ё Ҳусейн мулаққаб ба Ҳаким Тирмизӣ яке аз сӯфиёни мутафаккир ва орифони муҳаддиси асри IX - и  Мовароуннаҳр ва Хуросон мебошад. Ӯ дар ҳудуди соли 755 дар Тирмиз, дар оилаи муҳаддис таваллуд ёфтааст.
Бино ба маълумоте, ки дар охирин рисолаи «Баддушшаън» - и ӯ зикр шудаанд, Тирмизӣ ҳанӯз дар айёми ҷавониаш шавқи фавқулода ба илму дониш дошта, бештар ба мутолеаи масоили маорифи исломӣ машғул будааст. Ӯ илми ҳадисро аз падар омӯхт, вале тибқи маълумоти Фаридуддини Аттор ҳанӯз ба синни балоғат нарасида, падараш олами ҳастиро падруд гуфт. Ӯ дигар улуми замонаашро аз машоихи машҳури Тирмиз, ки дар он вақт ин шаҳр яке аз марказҳои муҳими адабӣ ва фарҳангӣ буд, касб кард.
Баъзе муҳаққиқон Ҳаким Тирмизиро аз ҷумлаи пайрави ҷараёни ҳакимийаи Хуросону Мовароуннаҳр медонанд, ки бо эҳтимоли қавӣ бо ҳаракати карромия иртибот доштанд. А. А. Книш намояндагони ҷараёни ҳакимийаро мутааллиқ ба тасаввуфи ашрофӣ медонад, зеро онҳо худро нисбат ба сӯфиёни маъмулӣ дар маърифати ҳақиқат афзалтар мешуморанд.
Мувофиқи нишондоди маъхазҳои муътамад Ҳаким Тирмизӣ ҳанӯз дар замони дар зодгоҳи худ шаҳри Тирмиз буданаш асаре бо номи «Наводил-ул-усул ва маърифат-ул-асфор» таълиф намуда, дар он мақоми вилоятро нисбат ба мақоми нубувват тарҷеҳ додааст. Ин амали ӯ боиси он гардид, ки гурӯҳи муташарреин ба куфри вай шаҳодат бидиҳанд ва ӯро муттаҳам ба бединӣ намуда, иҷборан аз Тирмиз биронанд.
Субкӣ мегӯяд, ки чун ӯро аз Тирмиз берун карданд, ӯ ба Балх омад ва дар он ҷо ӯро хуш пазируфтанд, чун ӯ дар мазҳаби онҳо буд ва нуфузаш низ ба ин манотиқ расида буд. Ба фикри Бернард Радке падари ӯ ҳамчун ҳадисшинос ва сарвари ҳанафиён дар Балх маълуму машҳур буд, аз ин рӯ, аҳли фазл ӯро дар он ҷо хуб истиқбол намуданд.
Ҳаким Тирмизӣ умри дарозе дида, солҳои тӯлонӣ ба инзиво нишастааст ва фурсати хубе барои таълифи осор доштааст. Абдулҳусайни Зарринкӯб миқдори осори ӯро беш аз 126 адад унвон карда, ки бештари онҳо дар чанголи асру замонҳои номусоид нопадид гашта, ҳоло танҳо 60 рисолаи ӯ то ба рӯзгори мо боқӣ мондаанд ва миқдоре аз онҳо ба табъ расидаанд.
Мавзӯъ ва матолиби китобҳои Ҳаким Тирмизӣ гуногун буда, дар онҳо масоили каломӣ, фиқҳ, тасаввуф, тафсир ва ҳикмат мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Абдулҳусайни Зарринкӯб қайд мекунад, ки як силсила асарҳои дигаре низ дар мавзӯъҳои гуногуни маорифи исломӣ дорад, ки аз байни онҳо «Илал-ал-абудийа», «Ал-қиёс ва-л-муғтарийин», «Ҷавоб-ул-китоб Усмон ибн Саид мин раъй», «Баён-ул-касб» ба масоили ҳикмату ирфон бахшида шудаанд. Китоби охирин ба масъалаҳои назарии интихоби касб баҳс мекунад ва интихоби ҳар пешаро муаллиф ба инкишофи ботинии инсон вобаста медонад.
Ҳаким Тирмизӣ аз урфу одат ва расму русуми аҷдодӣ хуб бохабар буда ва иттилои комил аз идҳои миллӣ ва суннатӣ доштааст. Ӯ аввалин шахсест, ки таҳти унвони «Наврӯзнома» рисолае иншо намуда, оламиёнро аз ин иди бузурги миллии ориёӣ, ки дар аҳди ислом, бахусус дар замони ҳукмронии хилофати Аббосӣ ба расмият даромада буд, хабар додааст. Ӯ дар муқаддимаи ин рисола навишта: «Ман саду бисту панҷ сол умр ёфтам ва таҷрибаи бисёр кардам, то илми нуҷумро дарёфтам, аҳкоми фалакро бишнохтам, манозили Офтобу Моҳро маълум кардам ва сооту замону дараҷот ва дақоиқро дарёфтам. Таҷрибаи кулли солро дар саъду наҳс, хайру шарр ва навъу зар берун овардам. Ва ин китобро «Наврӯзнома» ном ниҳодам, истихроҷи ҳар рӯз, ки Наврӯз шавад, дар он сол чӣ бошад ва чӣ далел кунад, навиштам. Ин китоб муштамил аст бар айёми сабъа - аз якшанбе то шанбе. Гуфта шавад, ки ҳар сол аз ҳаводиси дур чи ҳодиса шавад ва дар олами сифлӣ аз вақоеи подшоҳон ва бузургону олимон ва умарову даҳоқин ва ғаллаву фолиз (муарраби полиз), кишт ва ҳоли ваҳушу туюр, мардону занон ва хидматкорону корфармоён, меҳтарону кеҳтарон, бозаргонҳо ва ҳоли шаҳрҳову вилоятҳо, баҳру бар ва ғайри ин, ҳама гуфта шавад».
Осори Ҳаким Тирмизӣ, ки худ яке аз ҳакимони орифи машҳури аҳди аввали ислом мебошад, асрҳои зиёд мавриди мутолиа ва баҳсу мунозараи ҳаводорони афкори маънавии асрҳои миёна қарор гирифтааст. Дар осори Ҳаким Тирмизӣ масоили зиёди ирфонӣ вуҷуд доранд, ки дар онҳо роҷеъ ба масоили муҳими тасаввуфӣ, аз ҷумла дар бахши мукошифоту мушоҳидот муайян кардааст, ки роҳи солик аз ҳақ оғоз шуда, ба сӯи ҳақ таййи тариқ менамояд. Ин масъалаи матраҳшуда дар аҳди аввали ислом, ки аксари чунин масоил бо пурсишу посухҳо дар осори ӯ ифода ёфтаанд, ҳамчун шуои андешаи Ҳаким Тирмизӣ ба дигарон шӯъла афканданд, диққати таваҷҷуҳи бузургтарин андешмандони замони мутааххир, аз ҷумла Саноию Аттор ва Мавлоно Балхии Румию Ибни Арабиро ба худ ҷалб намуда буд.
Тавре, ки аз иттилои маъхазҳо маълум аст, Саноию Аттор ва Мавлоно Балхии Румӣ дар ташаккулу инкишофи рукнҳои асосии ирфон аз ақидаҳои Ҳаким Тирмизӣ истифода намудаанд. Ибни Арабӣ низ таъсири боризи ин андешмандро ба худ эҳсос намуда буд.  Аз ин рӯ, баъзе бузургони аҳли таҳқиқ бар ин ақидаанд, ки аҳамияти маънавӣ ва мукошифоти ирфонии Ҳаким Тирмизӣ камтар аз мақоми маънавии Ҳориси Муҳосибию Мансури Ҳаллоҷ ва Ҷунайди Бағдодӣ набудааст.
Фаридуддини Аттор дар «Тазкират-ул-авлиё» Ҳаким Тирмизиро «салими суннат, азамати миллат, муҷтаҳиди авлиё, мутафарриди асфиё» ба қалам додааст. Аз ин сифатҳои васфии Аттор, бахусус «муҷтаҳиди авлиё ва мутафарриди асфиё» чунин бармеояд, ки ӯ соҳиби истиқлоли фикрӣ ва иҳотаи илмӣ мебошад ва дар фунуну улуми шариату тариқат ҳамчун муҷтаҳид табаҳҳур дорад. Дар идомаи суханонаш Аттор менависад, ки «ӯ ҳакими уммат ва соҳиби кашфи асрор буд ва ҳикмати бағоят дошт, чунонки ӯро ҳакими авлиё хондаанд», ҳамон тавре ки баъдтар Шақиқи Балхиро устоди ҳукамо лақаб дода буданд. Яъне Тирмизиро метавон ҳамчун орифе дар назар гирифт, ки худ улуму андешаҳои фалсафиро як навъи тасаллои дил талаққӣ мекунад.
Ҳадаф аз офариниш дар таълимоти Тирмизӣ  инсон мебошад ва ҳар мавҷуди зинда дар ин олам танҳо ба нафҳаи ҳақ зиндагӣ мекунад. Рӯзу шаби инсон ҳамон танаффус (нафаскашиву нафасбарорӣ) - и мавҷудоти зинда, аз ҷумла инсон мебошад, ки рӯҳи муқаддаси ҳақро дар худ ба унвони ҳамаи нафҳаи илоҳӣ ба ирс гирифтааст. Дар ин хусус ӯ дар асараш «Бадвушшаън» чунин гуфта: «То оне, ки ҳамаи мавҷудот (-и зинда) бо рӯҳи ӯ нафас мекашанд, рӯҳ оғоз ва манбаи ашё ба шумор меравад... бо халқ хориҷ шудан аз ҳузури қуддуси муқаддасот наздик шудан ба офотро ифода мекунад. Пас, вақте ки муқаддас шуданд, он зинате аз қудс [ба онҳо] боқӣ мемонад».

Муҳаммадқул ҲАЗРАТҚУЛОВ,
доктори илмҳои фалсафа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.08.2016    №: 158    Мутолиа карданд: 1907

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед