ҳуқуқ
ҚОЧОҚ. ИН ДАФЪА МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ
Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳамдастӣ бо намояндагони прокуратураи вилоят боз як ҳолати ғайриқонунӣ ворид намудани маҳсулоти хӯроквориро аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ошкор намуданд.
Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки шаҳрванд Р. Х., сокини 27 - солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар деҳаи Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷ. вохӯрда, масъалаи бо роҳи қочоқ аз ин кишвар ба Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла шакарро ба миён гузоштааст. Вақте байни онҳо мувофиқа ҳосил мешавад, Р. Х. тавассути ду автомашинаи боркаш аз Қирғизистон 650 халта шакари истеҳсоли Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба шаҳри Хуҷанд интиқол дода, барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ба ҶДММ «Сано» месупорад.
Бино ба иттилои Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми азназаргузаронии гумрукӣ аз анбори мутааллиқ ба шаҳрванд Р. Х. 516 халта шакар ва 134 халтаи холӣ, ки аз маҳсулоти онҳо 6700 килограмм қанди сафед коркард шуда буд, дарёфт ва мусодира гардид.
Тибқи хулосаи филиали суғдии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши умумии шакар 209 ҳазору 340 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбат ба шаҳрванд Р. Х. парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи вилояти Суғд фиристода шудааст.
Д.Мунаввар, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.08.2016 №: 158 Мутолиа карданд: 1919