logo

ҳуқуқ

ПИРӮЗИИ ИСТИҚЛОЛ ВА ШИКАСТИ ИФРОТГАРОӢ

Суҳроб РӮШАНЗОДА,
муовини якуми  раиси cуди ноҳияи Синои
шаҳри Душанбе

Доираҳои ғаразпешаи хориҷиву дохилӣ мехостанд бо коштани тухми ифротгароӣ  байни ҷомеаи Тоҷикистон, хусусан  ҷавонон, бори дигар миллати сарбаланди моро ба вартаи гумроҳиву ваҳшат кашонда, бо ин роҳ ҳадафҳои ғайриинсонии худро амалӣ созанд. Аммо гузашти вақт собит намуд, ки миллати огаҳдилу ҳушманди  тоҷик бо ҳидояту  раҳнамоии Пешвои дурандешу воқеъбинаш  сари вақт аз мақсадҳои нопоки душманони баднияти худ пай бурда, ба таври сартосарӣ маъракаи васеи таблиғоти зиддиифротгароӣ ва муборизаи  хастагинопазирона бо ҳама намуду шаклҳои  зуҳуроти онро пеш гирифт.

Агар ба ду соли охир назар андозем, бароямон равшан мегардад, ки чораҷӯии умумимиллии мубориза бо ифротгароӣ ҳеҷ фарди некхоҳу  хайрандеши  кишварро дар канор нагузошт. Дар ин самт, хусусан, воситаҳои ахбори омма  нақши фаъол гузоштанд. Агар радиову телевизион вақти бештари худро барои пешниҳоди барномаҳои гуногун доир ба хатару пайомадҳои ифротгароӣ ҷудо карда бошанд, рӯзномаву маҷаллаҳо дар ҳар як шумора аз  ифротгароӣ изҳори нигаронӣ карда, аз оқибатҳои  мудҳиши он  хонандагонро огоҳ месохтанд.
Кормандони мақомоти судии ҷумҳурӣ низ ҳангоми ташкили суҳбату вохӯриҳо ва дигар нишасту конфронсҳои тарғиботи  ҳуқуқӣ ҳамеша аз оқибатҳои қонунии даст задан ба амалу кирдорҳои  ифротгароӣ ва пешгирӣ намудани чунин зуҳуроти хатарнок сухан гуфта, дар ин самт  фаъолияти худро идома дода истодаанд.
Мубориза бо ифротгароӣ бори дигар собит намуд, ки мардуми Тоҷикистон  дар муқовимат бар зидди ҳамагуна хатару таҳдиди  ба асосҳои сохтори давлатдорӣ ва пояҳои истиқлолияту  ҳамзистии осоишта зиёнрасонанда  ҳамеша сарҷамъона ва якдилона  даст ба дасти ҳам дода, нахоҳанд гузошт, ки ҳеҷ неруе  суботу оромӣ ва шукуфоиву ободонии ин сарзаминро барҳам занад. Зеро мардуми кишвар хуб медонанд, ки ин фазои осудаву зиндагии осоишта ба ивази чӣ қадар қурбониҳову сахтиҳо ва ранҷу азиятҳо  муяссар гаштааст.
Агар гӯем, ки мушкилоти доман паҳн кардани ифротгароӣ ва таҳдидҳои вобаста ба он мушкилоти хоси танҳо Тоҷикистон аст, нодуруст хоҳад буд, чунки  имрӯз  ин зуҳуроти пурхатар тамоми гӯшаҳои ҷаҳонро  ба ташвиш оварда, дар назди ҷомеаи башарӣ дар марҳалаи кунунии ҳастии инсоният ба масъалаи аввалиндараҷаи амниятӣ табдил ёфтааст. Аз он сабаб, ки ифротгароӣ як манбаъ ё заминаи асосии густариши ҷараёнҳои тундрави экстремистӣ, ба амалҳои  пур аз ваҳшонияту золимона даст мезанад.
Тақдири садҳо  ҷавонони раҳгумзадаи тоҷик, ки фирефтаи таблиғоти фиребандаю дурӯғини гурӯҳҳои террористӣ гардида, имрӯз хоки чунин кишварҳои ҷангзадаю ноором, ба мисли Сурияву  Ироқро   ба  макони сарнавишти норавшану бадфарҷоми худ табдил додаанд,  бояд барои ҳамеша сабақомӯз бошад, ки аз роҳи рост то вартаи нобудӣ як қадам асту бас. Як  қарори нодурусту  бемулоҳиза метавонад  тақдири инсонро якумрӣ тағйир дода, ҳатто ба сарҳади ҳалокат барад. Аз ин рӯ, вақте роҳбарияти олии сиёсии кишвар мардумро ба посдории қадри суботу амният ва ҳифзи ваҳдату  ризоияти миллӣ  ҳидоят менамояд, ба он маънист, ки танҳо дар шароити осоишта ва муҳити орому сулҳпарвар метавон мушкилоти мавҷудаи ҷомеаро ҳал намуда, ба зиндагии шарофатмандона ва аз нигоҳи иҷтимоӣ таъмин расид. Мақсади ифротгароён бошад, бо халалдор намудани  зиндагии бомаром, даст задан ба таркишу қатл ва ҷангу низоъҳои мусаллаҳона  фароҳам овардани рӯзгори беҳтар барои аъзою  пайравонашон  аст, ки чунин роҳу усули  ғайриинсонӣ дар тӯли таърихи одамият ҳеҷ гоҳ ба ҷуз харобию вайронӣ,  куштору хунрезӣ ва ҳалокати  шахсони бегуноҳ  дигар натиҷае дар пай надоштааст.
Мардуми мо дар  тӯли таърих бо озодагиву истиқлолхоҳӣ, азиз доштани  неъматҳои сулҳу  ҳамраъйӣ  шуҳратёр гардида, дар роҳи дифоъ аз озодиву истиқлол корнамоиҳои зиёд намудаанд. Аз ин нигоҳ, рӯҳияи ватандӯстиву истиқлолхоҳии миллати моро, ки дар  хуну рагҳои наслҳои ин сарзамини ориёӣ ҷараён дорад, ҳеҷ қувваи ифротгаро нахоҳад  шикаст. Ба рӯйдоду воқеаҳои сиёсиву амниятии ду соли охири кишварамон назар афканда, бо боварӣ метавонем гӯем, ки талошҳои ватандӯстӣ, истиқлолхоҳиву  истиқлолдӯстии  тоҷикистониён пирӯз шуда, ҷараёнҳои ифротгаро ва ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористӣ  шикаст хоҳанд хӯрд.
Аммо  набояд осудаву ғофил монем, зеро бадхоҳон ҳамеша дар каминанд. Пас масъулем, ки пояҳои Истиқлолияти давлатиамонро, ки  ба наздикӣ 25 - солагии онро ҷашн мегирем, пойдору мустаҳкам намоем, сулҳу ваҳдати миллиамонро таҳким бахшем ва бо ин роҳ бақову саодати Ватану ҳамватанонамонро  барои садсолаҳо таъмин созем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.08.2016    №: 158    Мутолиа карданд: 1906

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед