logo

иҷтимоиёт

МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ТО ҶАМЪБАСТ РӮЗҲОИ БАШУМОР МОНД

Ҷамоати деҳоти Ҳисор ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор  дар даври сеюми Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25 -  солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти  марказии  ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ  ҳамчун деҳоти  беҳтарин ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Маҳаллаҳои деҳоти Ҳисор воқеан ободу зебоанд ва бо  зарфиятҳои хос аз ҷамоатҳои дигари шаҳр фарқ  мекунанд. Ҷамоати мазкур дар шаҳри Ҳисор аз ҳама калонтарин маҳсуб ёфта, дар доманаи кӯҳи Уртабуз ва Боботоғ ҷой гирифтааст. Дар ҷамоат рушди соҳаи хизматрасонӣ чашмрас аст. Дар маркази он як меҳмонхонаи зебо ва маркази хизматрасонии дорои шароити муосир сохта ба истифода дода шудааст. Мағозаҳо, нонвойхона, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва шустушӯи мошинҳо, марказҳои савдо,  осиёб ва нуқтаҳои дигари хизматрасонии ҳудуди ҷамоат ҳамеша фаъоланд.
Бартарияти дигари назаррас дар ҷамоат он аст, ки сатҳи саводнокӣ ва савияи дониши хонандагони макотиби ҳудуди ҷамоат хеле баланд мебошад.
Ба масъалаҳои ободонӣ, тозагии кӯчаю  маҳаллаҳо, кабудизоркунии атрофи роҳҳо, гулшинонӣ, таъмир  ва тармими роҳҳою кӯчаҳо, сохтмони манзили шаҳрвандон, таъмири муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва ҳифзи муҳити зист диққати махсус дода мешавад.
- Айни замон рӯзҳои истироҳат ҳашари умумӣ ташкил карда истодаем. Сокинон бо корҳои ободонию созандагӣ, тозакорӣ,  шинондани гулҳои ороишӣ ва мавсимӣ ҳусни ҷамоатро боз ҳам зеботар мегардонанд, - гуфт Сафар Амирхонов, раиси Ҷамоати деҳоти Ҳисор.
Қалъаи бостонии Ҳисор дар маркази ҷамоат ҷойгир аст.  Ба шарафи 3000 - солагии шаҳр симои таърихии он пурра азнавсозӣ шуд. Дар майдони Арки қалъа чойхонаи миллии «Заъфарон», амфитеатр ва растаҳои савдо ҷойгиранд. Дар майдони Регистони қалъа  манзараҳои зебою ҷолиб мавҷуданд ва  сайёҳон шабонарӯзӣ аз онҳо дидан мекунанд.
Ҳар як сокини ҷамоат хуб медонад, ки Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои кишвар, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, ҳамзамон ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни  тоҷикон роҳандозӣ шудааст. Аз ин рӯ, пиру барно ба он бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ муносибат менамоянд.


Шаҳраки Данғара беҳтарин эътироф шуд
Натиҷаи Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуд, ки шаҳраки Данғара ҳамчун шаҳраки беҳтарин дониста шуд.

Аз тарафи комиссияи тадорукотӣ Ҷамоати деҳоти Лолазор, раисаш Эмом Абдуллоев, ҷамоати беҳтарин ва деҳаи Армуғони Ҷамоати деҳоти Лолазор, раиси деҳа Тағаймурод Шарифов деҳаи беҳтарин арзёбӣ гардида, хонаи сокини деҳаи Ғиҷовак, Ҷамоати деҳоти Пушинг Шараф Саидов хонаи беҳтарин эътироф гардид. Маҳаллаи кӯчаи Турсунзода раиси маҳалла Раҷабалӣ Идиев, ҳамчун маҳаллаи беҳтарин муаррифӣ шуд. Яке аз оилаҳои маърифатпарвар хонаводаи сокини кӯчаи Турсунзода, Ҷамоати шаҳраки Данғара, Ҷӯрахон Ҳаётов ҳамчун оилаи намунавӣ маҳсуб гардид.
Умед дорем, ки ноҳияи Данғара дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ мақоми хосаи худро сазовор хоҳад гашт, - гуфт фарҷоми суҳбат раиси комиссияи тадорукот, муовини аввали раиси ноҳия Ҷамшед Шарифзода.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.08.2016    №: 158    Мутолиа карданд: 400

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед