logo

сиёсат

МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО РОҲБАРОНУ МУТАХАССИСОНИ НЕРУГОҲ ВА СОКИНОНИ ШАҲРИ РОҒУН

5 август, дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳри Роғун, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии Роғун ва суҳбати гарму созанда бо коргарони матиниродаи ин иншооти муҳим дар як макони зебову дилфиреби шаҳр бо роҳбарону мутахассисони неругоҳ ва сокинони шаҳри Роғун мулоқоти самимӣ доир кард.

Дар оғоз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва дар симои онҳо кулли сокинони шаҳри Роғунро бо ҷашни бузурги умумимиллии дарпешистода - 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, ба онҳо саодати зиндагиро орзу намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастовардҳои мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ андеша ронда, ҳамаи комёбиҳоро аз хоҳишу талошҳои мардум ва татбиқи сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат маънидод кард.
Вобаста ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва аҳамияти бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки истифодаи захираҳои ғании гидроэнергетикӣ, бахусус бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун роҳи асосии расидан ба истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон аст.
“Мақсади асосии мо тақвияти пайгиронаи рушди босуботи иқтисодии Тоҷикистон ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад, таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки “маҳз тавассути таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ дар давраи гузариш мо метавонем рушди устувори иқтисодиёти кишварро таъмин намоем”.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои тараққиёти энергетика дар кишвар 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шудааст. Ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сармояи хориҷӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, танҳо соли ҷорӣ барои пешрафти соҳа 4 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Дар ин давра бунёди лоиҳаи бузурги байнидавлатии хати интиқоли барқи баландшиддати CASA - 1000 оғоз гардида, татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳиме, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, аз ҷумла сохтмони лӯлаи гази Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Мардумии Чин дар назар аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки дар идомаи тадбирҳои муҳиму мушаххас барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ айни ҳол аз ҷониби Ҳукумати кишвар корҳои лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии “Шӯроб”, “Нуробод - 1”, “Нуробод - 2”, “Айнӣ”, “Фондарё”, “Санобод” ва “Себзор” идома дошта, сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва бунёду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии банақшагирифташуда ба итмом расонида мешаванд. Дар баробари ин, таҷдиду барқарорсозии неругоҳи Норак идома дошта, корҳои таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои Гулистон ва Сарбанд шурӯъ гардидаанд.
Барои расидан ба ҳамаи ин ҳадафҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар мутахассисонро вазифадор намуд, ки корҳои созандагиро дар вақти муайяншуда ва бо сифати баланди ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ иҷро намоянд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба азму иродаи сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии Роғун баҳои баланд дода, онҳоро ба иҷрои босифати кори пуршараф ва таърихӣ ҳидоят кард.
Дар ҳамин ҷо пас аз анҷоми суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коргарону мутахассисони Неругоҳи барқи обии Роғун ва сокинони шаҳри Роғун баромад карда, ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхорӣ, ташаббусҳои созанда ва талошҳо баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум изҳори сипос намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.08.2016    №: 158    Мутолиа карданд: 420

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед