logo

сиёсат

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ МАҶМААИ ЛИЖАРОНИЮ САЙЁҲИИ "САФЕД ДАРА"

6 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб аз иншооти маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед Дара» боздид ба амал овард.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ шинос шуд.
Дар мактаби мазкур 70 нафар кӯдакону наврасон ба таълими варзиши зимистона фаро гирифта шуда, онҳо аз имконияти васеи машқу тамрин ва омӯзиши нозукиҳои варзиши зимистона ҳамаҷониба бархӯрдоранд. Бо мақсади равнақ додани лижаронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омода намудани ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш аз ҷониби соҳибкорон мактаби дуошёна бо 60 ҷойи нишаст бунёд шудааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ барои обод кардани ин гӯшаи диёр ва мусоидат ба рушди лижаронӣ изҳори сипос намуда, ба масъулони соҳа барои ҷалби ҷавонон ба варзиш ва фароҳам овардани шароити мувофиқи ҷалби сайёҳони хориҷӣ дастуру супоришҳо дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити ин мавзеи варзишию сайёҳӣ, аз ҷумла аз меҳмонхонаи 4 - ошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю марказҳои савдо ва мавзеъҳои лижаронию барфгардӣ дидан карда, ба шароити муҳайёгардидаи ин маҷмаа баҳои баланд дод.
Меҳмонхона бо мебели замонавӣ, хати интернет, оби гарм, шабакаи умумии гармидиҳии бо ангишт коркунанда ва лавозимоти дигар таъмин аст. Меҳмонхонаи маҷмааи варзишӣ аз 54 ҳуҷра иборат буда, дар як вақт метавонад 240 нафар мизоҷро қабул намояд.
Дар маҷмааи лижаронӣ инфрасохтори иловагӣ, аз қабили тарабхона, айвони кушодаи барбекю, мағозаҳои хӯрокворию фурӯши асбобу лавозимоти лижаронӣ, нуқтаҳои иҷораи лавозимоти лижаронӣ, барфгард ва ғайра сохта шудаанд.
Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед Дара» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед Дара» бо ҷалби сармояи ватанӣ дар як муддати кӯтоҳ аз таъмири асосӣ баромад.
Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нақшаи бунёди лоиҳаи наву муосири муҷтамеи хизматрасонии маҷмааи лижаронии “Сафед Дара” - ро муаррифӣ карданд.
Маълум гардид, ки дар ин ҷо шурӯъ аз таваққуфгоҳ барои 200 мошин, бозору дуконҳои фурӯши молу маҳсулоти гуногун, атраксионҳои кӯдакона, майдончаҳои варзишӣ барои бозиҳои футбол, баскетбол, волейбол, корти теннис, инчунин ду бинои боҳашамати иҷораи сарулибоси варзишии хоси лижаронӣ, чойхонаи миллӣ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд мегарданд.
Айни ҳол аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед Дара» дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати «Доппелмаер» - и Австрия сохтмони роҳи босуръати кабинавии арғамчинӣ оғоз гардида, воридшавии техника ва технологияи зарурӣ идома дорад. Дарозии роҳи босуръати кабинавии арғамчинӣ 2 ҳазору 27 метрро ташкил дода, иқтидори ниҳоии интиқоли он дар маҷмӯъ дар ду самт дар як соат 5600 нафарро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур дод, ки марҳилаи якуми корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи варзишию истироҳатии зимистона бо истифода аз тамоми имконот то моҳи декабри соли ҷорӣ бо сифати баланди ҷавобгӯй ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба анҷом расад.
Дар асоси супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед Дара» ба нақша гирифтаанд, ки барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон дар фасли тобистон лагери тобистона низ ташкил намояд.
Дар маҷмаа мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи варзиши зимистона, мураббиёну роҳбаладон барои муаррифии мавзеъ ва дигар ҳайати хизматрасон, ки барои фароғати сайёҳону меҳмонон дар сатҳи олӣ хизмат мерасонанд, фаъолият доранд. Дар маҷмӯъ зиёда аз 200 ҷойи нави корӣ барои шаҳрвандон ташкил карда шуд.
Бояд гуфт, ки беҳдошти шароити истироҳату фароғат, рушди соҳаи варзишу сайёҳӣ дар мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардида, имрӯзу ояндаи ин соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ дорои аҳамияти бузург ва дурнамои дурахшон мебошанд. Натиҷаи ин талошу дастгириҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар як муддати кӯтоҳ мавзеи сайёҳию варзишии Сафед Дара ба як маҷмааи нотакрори истироҳатию сайёҳӣ ва варзишӣ табдил ёфт.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.08.2016    №: 158    Мутолиа карданд: 805

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед