logo

сиёсат

ШИНОСОӢ БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БӮСТОНСАРОИ ҲУКУМАТӢ

6 август, нимаи дуюми рӯз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар мавзеи Пуғуси ноҳияи Варзоб ташриф оварда, бо рафти корҳои ободонӣ шинос шуд.

Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рафти сохтмони бинои баландошёнаи муосирро, ки бо тарҳи зебои меъмории миллӣ бунёд мегардад, мушоҳида кард.
Зимни шиносоӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён, меъморон ва устоҳои гулдаст барои сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳо дастуру супоришҳо дод. Таъкид гардид, ки дар вақти бунёди иншооти мазкур ба масъалаи бо зеботарин усулҳои меъмории бостонию муосир, ба мисли кандакории нақшу нигори назаррабо дар рӯйи чӯб, гач, санг, шиша ва ҳам оина оро додани бино диққати махсус дода шавад.
Бинои боҳашамат барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд ва қабули меҳмонони воломақом, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷ истифода мешавад.
Ба шарофати истиқлолияту ваҳдати пойдор ва сиёсати неку созандаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ мубаддал гардид. Барои пазироии самимии меҳмонони воломақом бошад, бо дастури Сарвари давлат иншооти гуногуни хизматрасонӣ инъикоскунандаи санъати баланди меъмории миллӣ, фарҳангу маданияти бою қадимаи тоҷикон, аз ҷумла меҳмонхона, бӯстонсаро, чойхонаҳои миллӣ ва дигар биноҳои хуштарҳ бунёд карда шуданд.
Бӯстонсарои Пуғус, ки борҳо макони баргузории ҳамоишҳои бузурги ҷаҳонӣ гардидааст, бо ташаббусҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба як макони дилфиребу хушманзар табдил ёфтааст.
Иморатҳои хуштарҳи бо нақшу нигори миллӣ ороёфта, гулгаштҳои зебо ва аз ҳама асос ҳавои фораму дарёи софи Варзоб ба ин макон ҳусни тоза зам кардаанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.08.2016    №: 158    Мутолиа карданд: 505

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед