logo

иҷтимоиёт

ТАҚЛИД. ОН НАБОЯД КӮР - КӮРОНА БОШАД

Тоҷикон яке аз миллатҳои мутамаддини ҷаҳонанд, ки ба оламиён намояндагони бузурги илму маърифат ва ҳунару фарҳангро эҳдо намудаанд. Аз ҷониби аҷнабиён осори адабу ҳунари онҳо борҳо нобуд шуда бошад ҳам, боз дар андак муддати созгор бо рӯҳу тавони тоза худро эҳё кардаанду даст ба созандагиву эҷодкорӣ задаанд. Аммо, имрӯз падидаи нигаронкунандаю аз рушду такомул боздорандае, ба мисли тақлид миллати моро ба доми худ кашидааст. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки осори адабию фалсафии ниёгони моро дар асари  гаронбаҳои худ «Маснавии маънавӣ» натиҷагирӣ ва ҷамъбаст кардааст, мегӯяд:
Халқро тақлидашон барбод дод,
Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!

Мавлоно моро аз гирифтор  шудан ба марази таассубу тақлиду ифрот ҳушдор додааст ва таъкид кардааст, ки маҳз ана ҳамин омил метавонад халқу миллатро ба вартаи нобудию нокомӣ бикашад.
Ҳоло байни мардум чандин одату анъанае мушоҳида мегарданд, ки аслан хоси миллати озодатабори мо набуда, танҳо тақлиди кӯр-кӯрона ба мардуми кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Яке аз ин тақлидҳои нохушоянд дар синну соли ҷавонӣ мондани риш аст. Вақте сабабҳои  ришмониашонро ҷустуҷӯ мекунем, маълум мешавад, ки аксари онҳо бехабар аз қонунҳои дини мубини Ислом ва дур аз донишҳои динӣ буда, қоидаҳои мусулмониро аз рӯи шунидаҳо риоя мекунанд.  Ба кору амалҳои зоҳирӣ бештар таваҷҷуҳ намуда, бо донишҳои муосир мусаллаҳ намешаванд. Ҳол он ки Пайғамбари Ислом Муҳаммад (с) фармудааст: «Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй!».
Яъне, Пайғамбар таъкид кардааст, ки дар омӯзишу парвариш ва касби илму маърифат пайравони ӯ ҳеҷ гоҳ фориғ набошанд. Дар аксари суҳбату маҳфилҳои ҷавонони мо сухан дар сари ришу либосу мошину телефону чизҳои дигар меравад. Аммо дар бораи ватанпарастию миллатдӯстӣ, азхуд кардани илму технологияи пешрафта, хизмат дар сафи Артиши миллӣ, ҳамеша омода будан барои ҷоннисорӣ дар ҳифзи Ватан камтар ҳарф мезананд.
Вақте ки сухан аз боби таассубу тақлид рафт, иброз доштани чанд нуктаи дигарро дар бобати занҳо зарур мешуморем. Бисёр ба мушоҳида гирифтаем, ки агар касе хонаашро таъмир кунад, занҳои дигар ҳатман мехоҳанд, ки таъмири хонаашон аз вай беҳтар бошад. Ҳатто дар ҳолате ки ба ин кор зарурат набошаду имконият низ надошта бошанд. Ё, агар фарзанди яке аз ҳамсояҳо ба ин ё он мактаби олӣ дохил шавад, аз рӯи ҳасаду таассуб дигар ҳамсояҳо ба он нигоҳ накарда, ки фарзандашон қобилияту хоҳиш дорад ё не, бо сад роҳу восита дохил мекунанд. Мутаассифона, фарзанди онҳо ба ҷои таҳсил, бештари вақт машғули корҳои дигар гашта, боиси ташвиши дигарон мегардад. Ин ҳасаду нотавонбинӣ ва кибру ғурури ноҷои падару модар мушкилоти дигареро низ дар пай хоҳад дошт.
Устод Рӯдакӣ навиштааст:
Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ.
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махӯр,
Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ.

Нуриддин АМИРӢ,
устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.08.2016    №: 159-160    Мутолиа карданд: 395

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед