logo

иҷтимоиёт

ЭҶОДКОРИ НОТАКРОР

СУХАН ДАР БОРАИ ҶӮРАБОЙ ОХУНОВ МЕРАВАД
Истеъдоди Арбоби шоистаи ҳунар Ҷӯрабой Охунов  махсусан дар жанри кантатаву оратория ба таври возеҳ ҳувайдо гардидааст. Дар байни асарҳои композитор онҳо мавқеи марказиро ишғол мекунанд. Пайравии қотеона ба анъанаҳои халқии суруд, ки Ҷ. Охунов дар эҷодиёти худ ривоҷ додааст, маъруфияти васеи ин кантатаҳоро таъмин намудааст. Кантатаи «Шараф ба партия» дар барномаҳои гуногуни чорабиниҳои бузурги мусиқӣ - тарғиботӣ дар Москва, Вилнюс, Свердловск, Новосибирск, Тошканд, Хуҷанд, Душанбе ва дигар шаҳрҳо бомуваффақият иҷро карда шудааст.
Ҷ. Охунов  мусиқии халқиро омӯхта, бо истифода аз он кӯшидааст, ки асарҳои калонҳаҷмро эҷод кунад. Масалан, квартети тории сеқисма дар заминаи оҳангҳои халқӣ эҷод шудааст. Ин услубро композитор ҳангоми эҷоди силсилаи вариатсияҳо барои фортепиано истифода бурдааст. Дар вариатсияҳо вай ҳамчун асос оҳанги халқии «Духтари ҳиротӣ»-ро истифода мебарад. Композитор оҳангҳои халқиро барои овоз ва фортепиано такмил медиҳад. Аз ҷумла, оҳанги «Соқиномаи рок» барои квартети овозҳои мардона мумтозона такмил ёфтааст.
Сурудҳои ӯ «Тоҷикистони ман» (шеъри М. Фарҳат), «Туро дар ёд дорам» (К. Остон), «Таронаи озодӣ», «Ёри вафодор» ( Б. Раҳимзода) ва дигарон маъмул мебошанд. Дар байни мардум дуэтҳо - лапарҳо, ки ҷавону духтар ба навбат порчаҳои шӯхиомезро иҷро мекунанд, паҳн  гардиданд.
Ҷ. Охунов ба мусиқии созӣ низ бо шавқу завқ зоҳир намудааст. Дар ин жанр ӯ пйесаҳои «Андеша» ва «Алла» барои виолончел ва фортепиано, «Ду рақс» барои рубоб ва фортепиано, «Рақси ҷавонӣ» барои ғижжак ва фортепианоро эҷод намудааст. Дар байни асарҳои барои оркестри созҳои халқии тоҷикӣ ду марш ва увертюраи ӯ барҷастаанд.
Композитор вақти зиёдро ба фаъолияти омӯзгорӣ сарф менамояд. Вай ба ривоҷу равнақи шабакаи мактабҳои бачагонаи мусиқӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ саҳми калон гузоштааст. Барои ин мактабҳо бисёр асарҳои таълимӣ навиштааст.
Барои тарбияи завқи хуби мусиқии бачагон бисёр сурудҳои ӯ бар ашъори шоирони тоҷик «Сохтмончӣ мешавам», «Суруди хушнудӣ», «Мо ба пеш меравем» ва дигарон хизмат мекунанд. Фаъолияти Ҷ. Охунов ҳамчун муҳаррир дар нашриётҳои гуногун аҳамияти калон дорад. Тӯли меҳнати бисёрсолаи самаранок ӯ беш аз 100 нашрияҳои гуногуни нотаҳо, китобҳо, дастурҳо, барномаҳоро чоп намудааст, ки фарогири паҳлуҳои мухталифи  раванди таълим дар мактабҳо, омӯзишгоҳҳо, макотиби олӣ мебошанд.

Л. РИЗОЕВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.08.2016    №: 159-160    Мутолиа карданд: 504

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед