logo

иқтисод

РАҚОБАТПАЗИРИИ СОДИРОТӢ

Ҷиҳати тақвияти он барои мутахассисони корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагии мамлакат ва соҳаи мӯд дар шаҳри Хуҷанд тренинги байналмилалӣ баргузор гардид

Давраи омӯзишии бозорёбӣ барои маҳсулоти дӯзандагию нассоҷӣ ва саноати мӯди замонавӣ барои бозоршиносон (маркетологҳо), тарроҳон, соҳибкороне, ки дар самти мӯд фаъолият мебаранд ва намояндагони корхонаҳои дӯзандагию нассоҷии Тоҷикистонро ширкати маъруфи русӣ Fashion Consulting Group дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) баргузор намуд. Лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ гардид.
Иштирокдорони тренинг доир ба тарзи дурусти роҳандозии тиҷорат дар соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагию нассоҷӣ, саноати мӯд, тарҳрезии рушди тиҷорат бо назардошти имконияту чолишҳои худӣ дар муқоиса бо рақибон, стратегияи нархгузорӣ ва роҳҳои ҷалби муштариёни эҳтимолӣ маълумот гирифтанд. 
- Дар тренинг махсусан ба бозори мӯди Русия таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид, зеро он барои мавқеъ пайдо намудани корхонаҳои Тоҷикистон мувофиқ аст. Тоҷикистон барои афзун намудани содироти маҳсулоти дӯзандагӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, хусусан Русия, имконоти хуб дорад. Дарки амиқи талаботи бозор дар содирот баробари сифати хуб барои натиҷабардорӣ аз ин имконот нақши муҳим мебозад, - иброз дошт,- Саймумин Камолов, мудири бахши Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон.
Ҳадафи асосии тадбири роҳандозишуда боло бурдани сатҳи рақобатпазирии маҳсулоти соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон, хусусан корхонаҳои корхонаҳои хурду миёна ва саноати мӯд арзёбӣ мегардад.

А. САЙВАЛӢ, Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.08.2016    №: 159-160    Мутолиа карданд: 350

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед