logo

иҷтимоиёт

АҚИДАҲОИ САЛАФӢ ПАСИ ПАРДАИ ҲАНАФӢ

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон чопи адабиёти динӣ ва воридоти онҳо ба кишвар  аз мамлакатҳои мусулмонӣ ба маротиб афзуд. Ҳамзамон, баъзе ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ба ном исломӣ ва гурӯҳҳои ғаразнок бо истифода аз ин фурсат китобҳои дорои ақидаҳои ихтилофангез ва ифротиро ба сифати ҳадя ба Тоҷикистон ворид карданд.  

Ба андешаи Абдураҳмон Мавлонов, сармутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, дар ибтидо аксари мардум, ба истиснои мутахассисон,  фарқ кардани чунин адабиёт ва ба мазҳаби Имоми Аъзам бегона будани онҳоро намедонистанд. Дар натиҷа, дар Тоҷикистон гурӯҳу созмонҳое пайдо шуданд, ки худро салафӣ ё «ломазҳабӣ»,  яъне бемазҳабӣ меномиданд. Онҳо ягон мазҳабу  равия ва мактаби исломиро қабул надоштанд ва гумон мекарданд, ки дар роҳи ҳақанд.  Кор ба ҷое расид, ки дар баъзе  масҷидҳо муноқиша ва ихтилофҳои мазҳабӣ сар заданд.
 Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бузургдошти Имоми Аъзам баргузор гардид, ки дар он олимони маъруф аз кишварҳои гуногуни олам ширкат доштанд. Дар ин ҷашн онҳо иброз доштанд, ки Имоми Аъзам - Абуҳанифа шахсияти бузургест, ки аҳли ҳамаи мазҳабҳо ӯро эътироф кардаанд ва мешиносанд. Вале боз ҳамон ақидаҳои салафӣ паси пардаи ҳанафӣ таблиғ мешуданд.
Ин масъала тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ, гузарондани рейдҳои муштарак дар дӯконҳои фурӯши адабиёти динӣ ҳалли худро ёфт. Мутаассифона, таблиғоти чунин гурӯҳҳои ифротӣ тавассути  интернет ба роҳ монда шуд. Ҳоло  баъзе мубаллиғони ақидаҳои салафӣ, ки дар хориҷи кишвар таҳсил кардаанд ва ё фаъолият доранд, ба воситаи сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон ҳавзаҳои илмии худро таъсис додаанд. Онҳо ҳар гоҳ дар сомонаи муайян  дарсҳои ақидавии худро мегузаронанд. Ин мубаллиғон бо сутудани мазҳаби Имом Абуҳанифа ақидаҳои ғайр ва ихтилофангезро дар байни ҷавонон таблиғ менамоянд, ки метавонад ба амнияти кишвар халал ворид созад. Бинобар ин, Сарвари давлат ба ҷавонон таъкид месозанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Барои пешгирии чунин ақидаҳои ихтилофангез ва «мағзшӯии ҷавонон» ва шинохти онҳо мо бояд чораҳои зарурӣ андешем ва муттаҳид бошем. Бахусус, нақши ходимони дин дар ҳидоят ва нишон додани роҳи рост ва бартарияти мазҳаби Ҳанафӣ муассир аст.  Онҳо бояд ба мардум, хоса ба ҷавонон фаҳмонанд, ки амалҳои нангини  аз тарафи гурӯҳҳои террористии «Давлати исломӣ» аз номи ислом  содиршаванда, ба муқобили худи ислом аст.
Ба гуфтаи Абдураҳмон Мавлонов, дар натиҷаи  фаъолияти тӯлонии баъзе хадамоти  махсуси таҷассусии  кишварҳои ғарб ё гурӯҳҳои муғризе, ки муқобил ва душмани исломанд, тавонистанд дар байни мусулмонон ихтилоф андохта, онҳоро ба муқобили ҳамдигар барангезанд. Равияҳои такфирӣ ва гурӯҳҳои террористӣ дар ниқоби ислом мехоҳанд, ки кишварҳои мусулмонӣ ҷангзадаву харобу валангор бошанд. Ҳаводиси мудҳиш,  парокандагӣ ва амалҳои террористӣ  дар Ироқ, Сурия, Афғонистон ва дигар кишварҳо бояд барои мардуми тамоми  олам дарси ибрат бошад.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.08.2016    №: 159-160    Мутолиа карданд: 428

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед