logo

иқтисод

ТОҶИКОБОД: РӮ БА СОҲИБКОРИИ ИСТЕҲСОЛӢ

Ҳусейн Ализода, раиси ноҳияи Тоҷикобод, зимни суҳбат иброз дошт, ки солҳои охир дар ноҳия соҳаҳои саноат ва соҳибкории истеҳсолӣ рушди назаррас доранд. Шумораи соҳибкорони хурду миёна ва хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ дар ноҳия зиёд гардида, танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ оид ба фаъолияти соҳибкорӣ ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  50 дархост ворид шудааст. Давоми соли 2015 ва нимсолаи 2016 соҳибкорон дар ҳудуди ноҳия 12 иншоот сохта ба истифода додаанд. Ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкорон  сохтмони бинои ҳаммом – саунаи замонавӣ ва ду мағозаи тиҷоратӣ дар маркази ноҳия, мағозаи тиҷоратӣ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Ҷамоати деҳоти Нӯшор ва нуқтаи таъмири мошинҳо дар деҳаи Сари Пул идома дорад.
Соҳибкорони хурду миёна дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи мардум нақши муҳим доранд. Таъмини зиёда аз ҳафтод фоизи маҳсулоти бозори дохилӣ бар дӯши онҳо мебошад. Соҳибкорон ҳамчунин мувофиқи имконоташон ба табақаи ниёзманди ҷомеа дасти кумак дароз мекунанд.
Ба роҳ мондани коркарди меваю сабзавот ва пӯсту пашм барои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия аҳамияти калон дорад. Шароити ноҳия барои боғдорӣ, кишти сабзавот, инкишофи занбӯриасалпарварӣ ва чорводорӣ мутобиқ мебошад. Дастгирӣ ёфтани соҳибкорони бахшҳои боғдорӣ, картошкапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ ва муҳайё намудани шароит барои онҳо ҷиҳати ғанӣ гардондани бозори дохилию берунӣ бо маҳсулоти аз нуқтаи назари экологӣ тоза мусоидат хоҳад кард.
- Тоҷикобод ноҳияи аграрӣ бошад ҳам, ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Ҳоло дар ноҳия як заводи хурди хишти пухта бо иқтидори 2,5 миллион дона хишт дар як сол, корхонаҳои истеҳсоли мебел, коркарди чӯбу тахта, оҳангарӣ, истеҳсоли хишти сементӣ ва сехҳои дӯзандагӣ фаъолият доранд.  Дар назар аст, ки имсол корхонаи нонпазӣ ва маҳсулоти қаннодӣ, то соли 2019 корхонаҳои коркарди маҳсулоти ширӣ ва хушкондани мева  сохта ба истифода дода шаванд, - гуфт дар хотимаи суҳбат Ҳусейн Ализода.

Худодод ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.08.2016    №: 159-160    Мутолиа карданд: 333

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед