logo

ҳуқуқ

ПАЛАТАИ ҲИСОБ: НИЗОМИ МОЛИЯВӢ ТАҲТИ НАЗОРАТИ ҚАТЪӢ

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, аз 20 январи соли 2016, бармеоянд,  супоришҳои Сарвари давлат дар ҷаласаи васеи Шӯрои амният, аз 17 феврали соли 2015, таҳти № 37-11 ва нақшаи корӣ тадбирҳои мушаххас андешида, дар нимсолаи аввали соли равон дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 215 санҷиши аудиторӣ гузаронда, зарари молиявиро ба маблағи 41 миллиону 338 ҳазор сомонӣ ошкор намуд.
Аз маблағи умумии зарари молиявии ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 2 миллиону 553 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 812,5 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 9 миллиону 40 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 228,6 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 4 миллиону 132  ҳазор сомонӣ, пардохт накардани  суди  саҳмияҳои давлатӣ 919,8 ҳазор сомонӣ, маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 23 миллиону 652 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд. Инчунин, чорабиниҳои аудитории дар ин давра амалигардида, истифодаи ғайримақсаднок ва ғайрисамараноки воситаҳои давлатиро ба маблағи 202 миллиону 774 ҳазор сомонӣ, захираҳо ва талафи маблағҳои буҷетиро дар ҳаҷми 4 миллиону 400 ҳазор сомонӣ муайян намуд.
Дар ин давра оид ба камбудиҳои  дар рафти санҷишҳо ошкоргардида чораҳои мушаххас андешида шуда, зарари молиявӣ ба маблағи 27 миллиону 761 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд, ки 67,2 фоизи маблағи умумии зарари молиявиро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, дар рафти санҷишҳои аудиторӣ бақияпулиҳои андоз ба маблағи 33 миллиону 193 ҳазор сомонӣ, қарзҳои дебиторӣ  57,0 ҳазор сомонӣ, зиёдомади молу маводи арзишдор 10 миллиону 612 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби дигар манбаъҳо 556,4 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва корхонаҳо барқарор гардида, маблағгузории сметаҳои хароҷотии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба қадри 1 миллиону 49 ҳазор сомонӣ кам карда шуд. Ҷиҳати чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор 54 маводи санҷиши аудиторӣ бо зарари молиявии  212 миллиону 561 ҳазор сомонӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол карда шудааст, ки аз он истифодаи ғайрисамараноки (исрофкоронаи) маблағҳои давлатӣ 200 миллиону 138 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 
Баҳри бартараф намудани камбудиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо тавсияҳо ирсол карда шудаанд, ки аз натиҷаи баррасии онҳо бо иштироки кормандони Палатаи ҳисоб  43 қарору фармон қабул гардида, барои содир намудани камбудиҳо нисбат ба 81 шахси масъули ҳисоботдиҳанда муҷозоти маъмурию моддӣ татбиқ ва 5 нафар аз вазифа сабукдӯш шудааст.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорат оид ба масъалаҳои баҳодиҳӣ ба Буҷети давлатӣ ва иҷрои он дар 6 идораи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ 52 санҷиши аудиторӣ гузаронда, зарари молиявиро ба маблағи 23 миллиону 661 ҳазор сомонӣ ошкор намуд, ки аз он 5 миллиону 408 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва маблағи боқимонда ба корхонаҳо барқарор карда шудааст. Аз ҷумла, санҷишҳои аудиторӣ зарари молиявиро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 625,9 ҳазор сомонӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ 14,2 ҳазор сомонӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 625,8 ҳазор сомонӣ, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо 5 ширкати тиҷоратӣ 1 миллиону 169 ҳазор сомонӣ ва дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз он, санҷишҳои муштараки камералии андоз дар субъектҳои хоҷагидор) ба маблағи 20 миллиону 702 ҳазор сомонӣ ошкор намуд.
Санҷиш дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуд, ки нақшаи қисми даромади буҷет ба маблағи 7 миллиарду 871 миллиону 937 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба қадри  7 миллиарду 949 миллиону 113  ҳазор сомонӣ ё 101 фоиз таъмин карда шудааст. Таҳлил нишон дод, ки аз ҷониби кумита ва мақомоти ҳудудии он имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода нагардида, дар ин давра нақшаи чор намуди андоз ба маблағи 369 миллиону 716 ҳазор сомонӣ иҷро нашудааст.
Ғайр аз ин,  аз суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта, аз ҳисоби ҶСК «Сементи Тоҷик» маблағи 882,5 ҳазор сомонӣ ва дигар ширкату корхонаҳо бақияпулиҳои андоз ба маблағи 32 миллиону 706 ҳазор сомонӣ ба буҷет барқарор карда шуд. Санҷишҳои аудиторӣ  дар дастгоҳи марказии кумита аз ҳисоби изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ,  пардохти аз меъёр зиёди хароҷот оид ба сафарҳои хизматӣ, камомади молу маводи арзишдор ва ба буҷет аз даромади маблағҳои махсус ворид накардани пардохтҳои муайяншуда,  зарари молиявиро ба қадри 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ошкор намуд.
Вобаста ба иҷрои Протоколи ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби Палатаи ҳисоб дар рафти санҷиши иҷрои Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши дурустии ҳисоб ва пардохти нафақа,  ёрдампулиҳои гӯручӯби баъди фавти нафақагирон ва дигар ёрдампулиҳо аз буҷети номбурда ва буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда, дар як қатор раёсатҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузаронда шуд, ки дар натиҷа норасоиҳои ҷиддӣ ошкор гардиданд.  Аз ҷумла, натиҷаи санҷиши аудитории фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд зарари молиявиро ба маблағи 51,6 ҳазор сомонӣ муайян намуд, ки асосан аз ҳисоби нисбат ба меъёрҳои муқарраршуда барзиёд таъйин ва пардохт кардани нафақапулӣ, сари вақт ба буҷетҳои дахлдор бозпас нагардондани маблағи нафақагирони фавтида ва бақияи ёриҳои унвонии иҷтимоӣ мебошад. Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда, аз зарари молиявии дар рафти санҷиш  ошкоргардида 48,6 ҳазор сомонӣ ба буҷет барқарор карда шуд. 
Санҷишу таҳлилҳо нишон доданд, ки фаъолияти комиссияҳои маҳаллӣ ва ноҳиявӣ оид ба муайян намудани оилаҳои камбизоат барои ҷуброни истифодаи қувваи барқ ва ёрдампулиҳо барои дафн беҳбудиро талаб менамояд. Санҷишҳои аудиторӣ дар ноҳияи Бохтар ба нафақагирони фавтида, ки беасос ҳамчун оилаҳои камбизоат эътироф гардидаанд, ҷуброн намудани истифодаи қувваи барқро ба 689 нафар ба маблағи 69,0 ҳазор сомонӣ, пардохти беасоси ёрдампулӣ барои дафни 309 нафар ба маблағи 247,2 ҳазор сомонӣ, пардохти нафақапулӣ баъд аз вафоти 68 нафақагир ба маблағи 26,7 ҳазор сомонӣ ва дар суратҳисоби 96 нафар нафақагири фавтида нигоҳ доштани маблағи 31,1 ҳазор сомониро ошкор сохтанд. Ҳамзамон, санҷиш муайян намуд, ки бар хилофи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 июли соли 2014, таҳти № 437 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» аз тарафи бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Ҳисор, дар ҳашт ҷамоати деҳот беасос 81 оила ҳамчун камбизоат дониста шуда, ба онҳо ёрии унвонии иҷтимоӣ  ба маблағи 22,6 ҳазор сомонӣ ва ёрдампулӣ барои дафн 64,8 ҳазор сомонӣ пардохт шудааст. Инчунин, аз ҳисоби риоя нагардидани тартиби муқарраршуда ва ҳамоҳангсозии корҳо байни Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар 92 ҳолат ба аъзои оилаи нафақагирони фавтида нафақапулӣ ба   маблағи 25,9 ҳазор сомонӣ пардохт гардида, дар суратҳисоби  85 нафақагири фавтида бошад,  23,7 ҳазор сомонӣ нигоҳ дошта шудааст. Чунин ҳолатҳои ғайриқонунии таъйин ва пардохти нафақа дар шаҳрҳои Турсунзода дар 6 ҳолат  ба маблағи 14,4 ҳазор сомонӣ, Ваҳдат дар 8 ҳолат ба маблағи 3,9 ҳазор сомонӣ, ноҳияҳои Вахш дар 12 ҳолат ба маблағи 6,7 ҳазор сомонӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар 32 ҳолат ба маблағи 25,8 ҳазор сомонӣ, инчунин, дар суратҳисоби нафақагирони фавтидаи шаҳри Турсунзода беасос нигоҳ доштани 234,4 ҳазор сомонӣ, Ваҳдат 44,4 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Вахш 22,3 ҳазор сомонӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 14,5 ҳазор сомонӣ муайян карда шуд.
Санҷиши дурустии истифодаи маблағҳои Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чорабиниҳои солимгардонии меҳнаткашон ва аъзои оилаи онҳо  дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар давраи соли 2015 нишон дод, ки дар муҳосиботи дастгоҳи марказӣ ва кумитаҳои соҳавии он ҳисобдории муҳосибӣ дуруст ба роҳ монда нашуда, дар истифодаи маблағҳои буҷетӣ ба камбудиҳо роҳ додаанд. Масалан, дар муҳосиботи дастгоҳи марказӣ бар хилофи тартиби муқарраршуда аз ҳисоби маблағҳои барои гузарондани урдугоҳҳои тобистона пешбинишуда, барои пардохти музди меҳнати кормандон 18 ҳазор сомонӣ ва барои дигар хароҷоти нигоҳдории федератсия 12,3 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Муайян гардид, ки  аз ҷониби 8 кумитаи соҳавӣ ва Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоятҳои Суғду Хатлон маблағҳои барои истироҳати кӯдакону наврасон пешбинишуда ба қадри 81,1 ҳазор сомонӣ ба ҳамин мақсад истифода нагардида, дар охири соли молиявӣ ба Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонда нашудааст. Санҷиш  нишон дод, ки масъулони дастгоҳи марказӣ ва кумитаҳои соҳавии он якҷо  бо масъулони истироҳатгоҳҳо дар нархномаи кору хизматрасониҳо хароҷоти иҷрои баъзе намуди кор ва хӯроквориҳоро   ба маблағи 81,6 ҳазор   сомонӣ зиёд нишон дода, бо ин роҳ аз эътибор соқит кардаанд.
Бо мақсади таъмини назорат вобаста ба истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷудогардида, аудити молиявии 10 марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ гузаронда шуд, ки дар натиҷа зарари молиявӣ ба маблағи 5 миллиону 594 ҳазор сомонӣ муайян гардид. Дар рафти санҷишҳо зарари молиявӣ ба маблағи 365,4 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд. Аз ҷумла, натиҷаи санҷишҳо зарари молиявиро дар лоиҳаҳои «Беҳтаркунии ғизодиҳӣ дар ноҳияҳои таъминнокии ғизояшон дар сатҳи ноустувор қарордоштаи вилояти Хатлон» 7,7 ҳазор сомонӣ, «Мониторинги сиёсати тандурустӣ» ва «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» 14,7 ҳазор сомонӣ, «Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии аэродроми Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» 136,07 ҳазор сомонӣ, Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11,8 ҳазор сомонӣ, Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон 82,6 ҳазор сомонӣ,  муассисаҳои давлатии «Маркази татбиқи Лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим» 30,3 ҳазор сомонӣ, «Маркази татбиқи Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанок» (сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон) 104,1 ҳазор сомонӣ, Лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон - Зиғар» 1 миллиону 74 ҳазор сомонӣ ва дар Лоиҳаи бозсозии нақби автомобилгарди «Истиқлол» - и Муассисаи давлатии «Мудирияти корхонаҳои сохташудаистода» - и Вазорати нақлиёт ба маблағи 4 миллиону 133 ҳазор сомонӣ ошкор намуд.
Зарарҳои молиявӣ дар санҷиши аудитории татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ асосан аз ҳисоби изофанависии арзиш ва ҳаҷми корҳои сохтмонӣ, ки маблағи 5533,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ошкор гардиданд. Муайян карда шуд, ки Лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб» сохтмони 98 километр роҳ, 3 пули калон бо дарозии 1000 метр ва 12 пули хурдро дар бар гирифта, бунёди роҳ ба чор минтақаи сохтмонӣ, аз ҷумла Кӯлоб - Шӯрообод - 35 километр, Шӯрообод - Анҷироби Поён - 23 километр, Анҷироби Поён - Шоҳон - 16 километр ва Шкев - Қалъаи Хумб - 24 километр ҷудо карда шудааст. Арзиши умумии лоиҳа 92 миллиону 900 ҳазор долларро ташкил дода, татбиқи он аз ҳисоби воситаҳои қарзӣ, ки бо созишномаҳои қарзӣ дар давраи солҳои 2009 -2010 аз Бонки исломии рушд, хазинаҳои Абу-Дабӣ, ОПЕК, Кувайтӣ ва Саудӣ ба маблағи 85,0 миллион доллар ҷалб гардидааст, амалӣ карда мешавад. Инчунин, дар амалисозии лоиҳа ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 миллиону 900 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Татбиқи лоиҳа моҳи январи соли 2012 оғоз гардида, амалисозии он, бо назардошти тағйиру иловаҳо, моҳи декабри соли 2016 пешбинӣ гардидааст. Муайян карда шуд, ки аз аввали татбиқи лоиҳа дар доираи қисмати «Корҳои сохтмонӣ» ҷиҳати иҷрои корҳо маблағи 48 миллиону 629 ҳазор доллар пардохт гардида, аз тарафи пудратчии асосӣ ҶДММ Комбайнед Групп Текар Техник Арастирма Лимитед Компанӣ (Қувайт + Туркия) корҳо ба маблағи 44 миллиону 234 ҳазор доллар ё 47 фоиз иҷро шудаанд. Санҷиши назоратии корҳои сохтмонии аз тарафи ин ҷамъият дар иншооти «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб» иҷрогардида, изофанависии ҳаҷм ва арзиши корҳоро ба маблағи  131,9 ҳазор доллар, баробар ба 1 миллиону 38 ҳазор сомонӣ ошкор сохт.
Тибқи шартҳои умумии шартнома, муассиса дар асоси кафолати бонкӣ ба ҶДММ Комбайнед Групп Текар Техник Арастирма Лимитед Компанӣ 12,8 миллион доллар пешпардохт намудааст, ки бояд аз ҳисоби ҳар як сертификати фосилавии корҳои сохтмонии иҷрошуда ба қадри 15 фоиз ва дар мавриди иҷрои 80 дарсади корҳои сохтмонии дар шартнома пешбинишуда, маблағи пешпардохт пурра баргардонда мешуд. Вале, санҷиш нишон дод, ки ба ҳолати 1 марти соли 2016, бо сабаби ғайриқаноатбахш будани рафти корҳои сохтмонӣ ва нисбатан кам аз худ намудани маблағҳои барои татбиқи ин қисмати лоиҳа ҷудогардида, маблағи пешпардохт аз ҳар як сертификати иҷрои корҳои сохтмонии пудратчии асосӣ танҳо дар ҳаҷми 8 миллиону 410 ҳазор доллари амрикоӣ боздошта шудааст. Аз натиҷаи таҳлилу омӯзишҳо муайян гардид, ки бар хилофи  шартҳои умумии шартнома бақияи маблағи пешпардохт ба қадри 4 миллиону 390 ҳазор доллар, баробар ба 34,6 миллион сомонӣ аз ҷониби ҷамъияти мазкур барои корҳои дар лоиҳа пешбинишуда хароҷот нагардида,  аз соли 2012 то ин ҷониб барои дигар фаъолияти ширкат истифода шудааст. Муайян гардид, ки тибқи созишномаҳои қарзӣ маблағҳои барои корҳои сохтмонии дар лоиҳа пешбинишуда 85,7 миллион доллар ва хизматрасонии мушовирӣ 3 миллиону 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Санҷиш нишон дод, ки оид ба корҳои сохтмонӣ бо ҶДММ Комбайнед Групп Текар Техник Арастирма Лимитед Компанӣ ба маблағи 94 миллиону 21 ҳазор доллар ва хизматрасонии мушовирӣ бо КМ «Алабдулҳади Инжиниринг Консалтанс ва Спектриум Инжинеринг Консалтанс» ба маблағи 3 миллиону 842 ҳазор доллар, ки нисбат ба маблағи дар лоиҳа пешбинишуда мутобиқан 8 миллиону 322 ҳазор доллар, баробар ба 65 миллиону 520 ҳазор сомонӣ ва 642,4 ҳазор доллар баробар ба 5 миллиону 57 ҳазор сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 70 миллиону 577 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, қарордодҳо ба имзо расонда шудаанд.
Ҳарчанд, дар бораи ба имзо расондани қарордод бо ҶДММ Комбайнед Групп Текар Техник Арастирма Лимитед Компанӣ Бонки исломии рушд розигӣ дода бошад ҳам, вале бонк ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт, марказ ва дигар донорҳои сармоягузор изҳори дарёфти сарчашмаи пӯшондани фарқияти маблағи шартномавиро намудааст. Инчунин, маълум гашт, ки бақияи молу мавод ва таҷҳизоти дар иншоот буда, ба маблағи 4 миллиону 690 ҳазор доллар, баробар ба 36 миллиону 950 ҳазор сомонӣ, ки тибқи қарордод қаблан дар сертификати иҷроиши корҳо дохил карда шуда, барои пардохт пешниҳод шудааст, мутобиқи банди 5-и Созишномаи иловагӣ, аз моҳи ноябри соли 2015, аз сертификати иҷроиши корҳои моҳи январи соли 2016 кам карда нашудааст.
Муайян карда шуд, ки сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти маблағҳои махсуси муассиса барои татбиқи Лоиҳаи бозсозии нақби автомобилгарди «Истиқлол» барои солҳои 2014 -2015 ба маблағи 9201,5 ҳазор сомонӣ ва 29016,4 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар ин давра мутобиқан 9438,8 ҳазор сомонӣ ё 102,6 фоиз ва 36781,8 ҳазор сомонӣ ё 126,8 фоиз маблағгузорӣ гардидааст. Дар семоҳаи якуми соли равон сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти маблағҳои махсуси муассиса барои татбиқи лоиҳа ба маблағи 3523,6 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл ба андозаи 2882,9 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст, ки нисбат ба нақшаи аниқшуда 640,7 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи бозсозии нақби автомобилгарди «Истиқлол» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳуми иловагии ҳамкорӣ, аз 4 сентябри соли 2011, ба маблағи 6 миллион доллари ИМА ба имзо расонда шудааст, ки тибқи он маблағгузории лоиҳа ба қадри  3 миллион доллар аз ҳисоби буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 миллион доллар аз ҳисоби ёрии бебозгашти Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон маблағгузорӣ карда мешавад. Ҷиҳати иҷрои талаботи Ёддошти тафоҳум Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо филиали ширкати саҳомии садд ва таъсисоти обёрии «Собир» - и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордод оид ба корҳои сохтмонӣ дар нақби автомобилгарди «Истиқлол» аз 1 ноябри соли 2011, ба маблағи 6 миллион доллар ба имзо расонда шудааст. Тибқи ҳисобот филиали Ширкати «Собир» дар давраи аз моҳи декабри соли 2011 то моҳи феврали соли 2013 дар иншооти мазкур ба маблағи 2,1 миллион доллар, баробар ба 9972,7 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониро ба анҷом расонда, бо сабаби аз саҳми Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид нагардидани 1,9 миллион доллар ва  номусоидии обу ҳаво корҳои бозсозиро сари вақт ба анҷом нарасонда, фаъолияти худро қатъ менамояд, ки дар натиҷа татбиқи лоиҳа ба муҳлати ду сол ба таъхир меафтад. Барои аз нав оғоз намудани корҳои барқарорсозӣ аз ҷониби тарафҳо  Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба идомаи бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 7 июли соли 2015, ба имзо расонда шудааст, ки тибқи он маблағи корҳои иҷронагардида  ба андозаи 5,9 миллион доллар, дар маҷмӯъ барои татбиқи лоиҳа маблағи 11,9 миллион доллар қабул гардидааст.  Санҷиш муайян намуд, ки аз ҷониби тарафҳо дар вақти тартиб додани Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо аз 5 сентябри соли 2015, ба хатоӣ роҳ дода, корҳои то моҳи апрели соли 2014 ба маблағи 2,1 миллион сомонӣ иҷрогардида беасос ба қадри 2,6 миллион доллар нишон дода шудааст.
Мувофиқи ҳисоботи  Ширкати «Собир» ҳаҷми корҳои дар нақби «Истиқлол» иҷрогардида 12,9 миллион долларро ташкил медиҳад, вале  тибқи ҳисоботи муассиса, Вазорати неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мушовири байналмилалии лоиҳа   10,6 миллион долларро ташкил дода,   фарқияти он ба маблағи  2,3 миллион доллар то ҳол эътироф нагардида, бо санади муқоисавӣ тасдиқ карда нашудааст. Натиҷаи санҷиши корҳои дар нақби «Истиқлол» иҷронамудаи Ширкати «Собир» муайян намуд, ки аз бемасъулиятӣ ва беназоратии масъулони фармоишгарон дар таҳияи ҳуҷҷатҳои иҷроиши корҳои сохтмонӣ ба хатоиҳои техникӣ роҳ дода шуда, ҳаҷм ва арзиши корҳои иҷрогардида ба маблағи  163,8 ҳазор доллар, баробар ба 1289,2 ҳазор сомонӣ барзиёд нишон дода шудааст. Инчунин, санҷиши ченаки назоратии корҳои дар иншооти мазкур иҷрогардида изофанависии арзиш ва ҳаҷми корҳоро ба маблағи 76,5 ҳазор доллар, баробар ба 426,1 ҳазор сомонӣ ошкор намуд.
Ҷиҳати бартараф намудани норасоиҳои дар санҷиши марказ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ошкоргардида, ба марказҳои татбиқи лоиҳаҳо ва вазорату идораҳои дахлдор тавсияҳо ирсол шудаанд.
Дар шашмоҳаи аввали соли равон ҷиҳати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ санҷиши маҷмӯи ташаккул ва иҷроиши буҷетҳои маҳаллии 4 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ба анҷом расонда шуда, дар раванди он 94 ташкилоту муассисаи буҷетӣ мавриди  санҷиши аудиторӣ қарор дода шуд, ки дар натиҷа зарари молиявӣ ба маблағи 3 миллиону 339 ҳазор сомонӣ ошкор гардид. 
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ низоми молиявиро таҳти назорати қатъӣ гирифта, барои самаранок ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ аз тамоми воситаҳои мавҷуда кор хоҳад гирифт.

Дилмурод ДАВЛАТЗОДА,
раиси Палатаи ҳисоби
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.08.2016    №: 159-160    Мутолиа карданд: 2070

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед