logo

сиёсат

СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ДУШАНБЕ ОҒОЗ ЁФТ

Имрӯз дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе, Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт” ба кори худ оғоз намуд.
Дар расми ифтитоҳи ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ кард.

Дар кори Симпозиуми байналмилалӣ зиёда аз 700 нафар намояндаи воломақом аз 90 кишвари олам, 47 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СММ ва 17 сохтору ниҳоди зертобеи он, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва дигарон иштирок доранд. Симпозиум намояндагони баландпояи давлату ҳукуматҳо, роҳбарон ва коршиносону мутахассисони ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, доираҳои академӣ, илмию соҳибкорӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандиро, ки дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ метавонанд қарор қабул кунанд, ба ҳам овард.
Дар кори Симпозиуми байналмилалӣ, ки аз 9 - ум то 11 - уми август идома меёбад, мавзӯъҳои муҳими рӯзмарра, аз ҷумла афзун намудани зарфияти ҳукуматҳои миллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар масъалаи мудирият аз болои истифодаи ҳамгироиёнаи захираҳои обӣ, табодули дониш ва таҷриба дар масоили беҳтар намудани дастрасӣ ба об, беҳдошт ва санитария, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, коҳиш додани ифлосшавии захираҳои обӣ, ҳифзи ҳавзҳои обӣ ва системаҳои беҳдоштии экологӣ, пешбурди ҳамкориҳо ва шарикии байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва бисёрсоҳа, пешбурди ташаббусҳои мушаххас ҷиҳати иҷрои Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Зимни суханронии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба муҳимияти Ҳадафи шашуми рушди устувор, ки ба масъалаи таъмин намудани дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт бахшида шудааст, ибрози назар карда, таъкид намуд, ки ин ҳадаф, дар баробари зарурати таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт, масъалаҳои сифати об, самаранокии истифодаи он, пиёдасозии мудирияти муштараки захираҳои об, ҳифзи экосистемаи об, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи обро дар бар мегирад.
Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати марбут ба оби Ҳадафҳои рушди устувор вазифаҳои алоҳидаеро, ки ҳамгироии ҳадафи 6 - умро бо дигар Ҳадафҳои рушди устувор таъмин менамоянд, муқаррар карда, мудирияти захираҳои об дар Рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ҷойгоҳи калидиро касб намудааст.
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои нав ва муҳими Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии нав таҳти унвони “Об барои рушди устувор”, ки моҳи апрели соли гузашта пешниҳод шуда буд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори умеду боварӣ намуд, ки чунин як иқдом дар сурати аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ширкаткунандагони ин ҳамоиши бузург пуштибонӣ ёфтан барои ҷалби таваҷҷуҳи бештар ва фарогир ба татбиқи Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои он мусоидат хоҳад кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки дар оғози соли равон бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид ва Бонки ҷаҳонӣ Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об бо шумули роҳбарони даҳ кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Дар робита ба ин таъкид шуд, ки ин Панел ба ҳайси саҳнаи ҳамкории дастаҷамъона дар амалияи баррасиву дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ дар соҳаи об нақши муҳим хоҳад гузошт.
 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки зимни баррасии масъалаҳои марбут ба татбиқи Ҳадафи шашуми рушди устувор таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, ки метавонад кӯшишҳои давлатҳоро дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор халалдор намояд, афзоиши шумораи аҳолӣ дар миқёси сайёра ва ниёзмандии рӯзафзун ба захираҳои об, ба инобат гирифтани унсури гендерӣ дар мудирияти захираҳои об ва ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об ҳамчун як омили калидии таъмини сулҳу субот ва рушд мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор дода шаванд. Дар суханронии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз хатари афзун шудани обшавии аз ҳад зиёди пиряхҳо, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, тағйирёбии иқлими сайёра ва дигар мушкилоти марбут ба об ёдовар шуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки барои ҳалли масоили марбут ба ин мушкилот ҳамкорӣ ва муколамаи созандаи байнидавлатиро пеша намоянд.
Дар расми ифтитоҳи Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд муовини Дабири кулли СММ, Намояндаи олӣ оид ба масъалаҳои кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди тараққикунанда Гян Ачария Паёми шодбошии Дабири кулли СММ Пан Ги Мунро ба иштирокчиёни Симпозиум қироат кард. Ҳамчунин ноиби дигари Дабири кулли СММ Гай Райдер бо Паёми видеоӣ баромад намуд. Сипас, аз номи Гурӯҳи 77 намояндаи доимии Шоҳигарии Тайланд дар СММ Вирачай Пласай, аз намояндаҳои доимии давлатҳо дар СММ намояндаи доимии Финландия дар ин созмон Кай Сауэр, аз номи мушовирони махсуси Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об намояндаи доимии Ҷумҳурии Маврикий дар СММ Ҷагдиш Дҳарамачанд Кунҷал, ҳамчунин Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Халил Иброҳим Акча, намояндаи баландмақоми Бонки ҷаҳонӣ Ҷенифер Сара ва ноиби раиси Кумитаи роҳбарикунандаи шарикии глобалӣ дар соҳаи об Алиса Боуман-Дентенер сухан ронданд.
Хотиррасон бояд кард, ки дар доираи Симпозиуми байналмилалӣ ҳамчунин ҷаласаи 4 - уми мушовирони махсуси Панели сатҳи баланд оид ба масоили об баргузор гардида, дар ҷаласаҳои алоҳидаи ин чорабинӣ масъалаҳои матраҳ намудани ташаббусҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла пешниҳод оид ба Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, дастрасии умумӣ ва баробар ба оби ошомидании беҳтар ва арзон, дастрасии умумӣ ва баробар ба василаҳои сазовори санитарӣ-беҳдоштӣ барои ҳама, баланд бардоштани сатҳи самарабахши истифодаи об, таъмини мудирияти кулли захираҳои обӣ, муҳофизат ва барқарорсозии экосистемаҳои обӣ, баланд бардоштани сифати об тавассути коҳиш додани ифлосшавии муҳити зист ва механизмҳои нави иноватсионӣ дар ҷодаи ҳамкориҳо дар доираи об барои рушди устувор баррасӣ мешаванд.
Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт” бо ибтикори бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баргузор гардида, барои баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои дарёфти роҳҳои иҷрои Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он дар доираи Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст, заминаҳои мусоид фароҳам хоҳад овард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.08.2016    №: 159-160    Мутолиа карданд: 661

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед