logo

иқтисод

«ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕХОҲАД»

Мақолаи рӯзноманигор Сироншоҳи Диловар «Занбӯриасалпарварӣ   таваҷҷуҳи бештар мехоҳад», ки дар рӯзномаи  «Ҷумҳурият», № 136,  13 июли соли 2016 ба табъ расидааст, дар ҷаласаи васеи мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Масъули бахши кишоварзии ноҳия Содиқ Абдусамадов оид ба вазъу дурнамои соҳа гузориш дод. Зикр гардид, ки аз соли 1913 инҷониб соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар ноҳия тибқи барномаҳои соҳавӣ рушд меёбад. Чунончи, соли 2013 дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  850 оилаи занбӯри асал  парвариш ёфта, 323 сентнер  асал  истеҳсол шудааст.
Соли 2015 шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 862 адад расонда, 392 сентнер асал истеҳсол гардид. Дар ҷамоатҳои деҳоти дурдасти Рованд ва Язгулом низ соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар ҳоли рушд қарор дорад. Соли 2015 дар ҷамоатҳои деҳоти Рованд ва Язгулом мутаносибан 192 ва 48 оилаи занбӯри асал парвариш ёфта, аз онҳо 76 ва 22 сентнер асал истеҳсол гардидааст, ки дар шароити кӯҳистон натиҷаи хуб мебошад. 40 дарсади оилаҳои занбӯри асал дар ноҳия бо ёрии барномаи  иҷтимоии рушди минтақаҳои кӯҳистон  парвариш меёбанд.
Соҳаи занбӯриасалпарварӣ  яке аз соҳаҳои даромаднок дар манотиқи кӯҳистон ба шумор меравад. Хоҷагиҳо ҳамасола аз он даромади хуб ба даст меоранд. Дар оянда талош менамоем, ки занбӯриасалпарварӣ бештар рушд ёфта, ба  соҳаи муҳими иқтисодии ноҳия ва манбаи даромади сокинони деҳот мубаддал гардад.                                      

Саодатқадам ДАВЛАТАЛИЕВ,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоии
дастгоҳи раиси ноҳияи Ванҷ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2016    №: 161    Мутолиа карданд: 492

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед