logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон Бойматов - узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳод ТОИРОВ, роҳбари бахши муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.

-Таҷрибаи кори 23 - сола дорам ва дар даврони шӯравӣ асосан дар колхоз кор мекардам. Ҳамон вақт 200 сомонӣ нафақа мегирифтам. Ҳоло нафақаи маро 120 сомонӣ таъйин кардаанд. Мехоҳам бифаҳмам, ки нафақаи ман бояд дар чӣ ҳад бошад?
Ф. Абдулкаримов, шаҳри Панҷакент
- Тибқи муқаррароти моддаи 16 - и  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақаи синну сол ба андозаи 55 фоизи маош, аммо ба шахсоне, ки дар корхона, муассиса, ташкилот ё дар як соҳа собиқаи корӣ доранд (мардҳо - 25 сол ва занҳо - 20 сол), ба андозаи 60 фоиз маош таъйин карда мешавад. Ҳамзамон, моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, ки барои ҳар як соли пурраи кори зиёда аз 25 - солаи мардҳо ва зиёда аз 20 - солаи занҳо нафақа ба андозаи 1 фоизи маош меафзояд. Аз ин муқаррароти қонун бармеояд, ки айни замон нафақаатон 55 фоизи маошро ташкил дода, агар шумо дар ҳамон колхоз собиқаи кории зиёда аз 25 - сола медоштед, он барои баландшавии нафақа (то 60 фоизи маош) сабаб шуда метавонист.
 ***
- Муносибати ману шавҳарам вайрон шуда, аз ҳамдигар ҷудо шудем. Ӯ барои  дидани кӯдакон тез - тез ба хонаи мо омада, аҳли оилаамонро асабонӣ мекунад. Чӣ кор кунам, ки вай дигар ба хонаи падару модари ман наояд?
Марҳабо, шаҳри Қӯрғонтеппа
-Тибқи қонунгузории оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдак барои бо падар муошират кардан ҳуқуқ дорад. Падаре, ки аз фарзанд ҷудо зиндагӣ мекунад, дар навбати худ ҳуқуқ дорад бо кӯдакаш муошират ва дар тарбияи ӯ иштирок намояд. Қонун тартиби муоширати падару кӯдакро ба танзим дароварда, муайян кардааст, ки мувофиқи он падару модар метавонанд созишнома ба имзо расонанд. Аз ин рӯ, шумо метавонед бо падари кӯдаконатон ба тариқи хаттӣ созишнома оид ба муошират бо кӯдак тартиб дода, вақт ва маҳали вохӯрии онҳоро дарҷ  намоед.  Маълумоти кофӣ дошта бошед, ки саломатии собиқ шавҳаратон хуб нест, машруботи спиртӣ, маводи мухаддир ва ё психотропӣ истеъмол мекунад,  метавонед ба ӯ, бо назардошти манфиати фарзандон, иҷозати муошират  надиҳед. Агар ба бастани созишнома муваффақ нашавед, он вақт падари кӯдакон бояд ба суд бо даъво муроҷиат намояд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2016    №: 161    Мутолиа карданд: 2049

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед