logo

иҷтимоиёт

ФАРМАКОЛОГИЯ. БОЗЁФТҲО ЗИЁДАНД, НАТИҶААШ ЧӢ?

Бино ба иттилои Маркази миллии патенту иттилоот солҳои 2014 - 2015 дар соҳаи дорусозӣ чор нафар соҳиби нахустпатент гардид .
Солҳои охир кимиёшиносони тоҷик дар ин самт натиҷаҳои хуби илмие ба даст овардаанд, ки барои таҳияи доруҳои нави табобатӣ мусоидат менамоянд. Аммо, ба гуфтаи мутахассисони соҳа, на ҳамаи ин дастовардҳо дар истеҳсолот ҷорӣ ва дар тибби амалӣ истифода мешаванд.
Масалан, соли ҷорӣ Биҳамида Маҳкамова барои ихтирои доруи «Фитосуман” (маводи зиддимикробӣ) дар Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон, ки дар шаҳри Сеули Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуд, соҳиби медали тилло гардид. Олими дигари тоҷик Абдураҳмон Қодиров, доктори илмҳои кимиё, барои доруи «Нақеи Ромит» ва малҳами «Сино» соли 2015 Ҷоизаи байналмилалии тиллоии моликияти зеҳниро дар шаҳри Женева соҳиб  шуд. 
Инчунин, боиси тазаккур аст, ки соли 2014 Маҳина Султонмамадова, ходими илмии озмоишгоҳи фармакологии Пажӯҳишгоҳи кимиёи ба номи В. И. Никитини Академияи илмҳо, маводи доруие ихтироъ намуд, ки қобилияти ҳал намудани сангҳои  талхадонро дорад. Аз рӯи озмоиши мутахассисон таъсирнокии он аз доруҳое, ки айни замон дар тиб истифода мешаванд, ба маротиб бештар мебошад.
Вале, мутаассифона, бештари ин дастовардҳо ҳанӯз рӯи коғаз боқӣ мондаанд.
Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Давлатов, муовини  директори Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтӣ, тайи 70 соли замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳатто як дору  истеҳсол  нашуда буд. Ҳоло дар кишвар 16 ширкат  зиёда аз 150  навъи дору ва молҳои тиббиро истеҳсол мекунад. Аммо доруҳое, ки ин ширкатҳо истеҳсол мекунанд,  бозёфти олимони мо нестанд.
Айни замон аз шумораи умумии доруворие, ки дар кишвар истеҳсол мешавад, танҳо се навъи он  - «Темотин», «Темагор», «Темафер» аз ҷониби олими тоҷик  Ғуломқодир Бобизода  ихтироъ гардидаанд. Онҳо дар тибби амалии кишвар ва ҳам берун аз он васеъ истифода бурда  мешаванд.
- Барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани  маводи доруӣ вақт ва ҳам маблағи зиёд лозим аст, - мегӯяд Ғуломқодир Бобизода, раиси Кумитаи фармакологии кишвар. - Аз ҷониби дигар, масъалаи дар амал татбиқ шудан ё дар истеҳсолот ҷорӣ гаштани дастовард ин камбудии олим нест. Олим танҳо таҳия, кашф ва пешниҳод  менамояд. Ғайр аз он, ки олим маводро  синтез мекунад, ба вуҷуд меорад, нафари дигар ё ширкате лозим аст, ки онро истеҳсол намояд. Масалан, дастоварди моро ширкати дорусозии «Тиб барои шумо» истеҳсол мекунад. Айни замон, дар кишварҳои Қирғизистон, Туркманистон низ аз он истифода мебаранд.
Як сабаби дар истеҳсолот ҷорӣ нашудани дастовардҳояшонро мутахассисони соҳа дар мавҷуд набудани саноати хуби дорусозӣ медонанд. Ҳарчанд  солҳои охир дар кишвар ширкатҳои гуногуни дорусозӣ фаъолият намоянд ҳам, онҳо ба дастовардҳои олимон таваҷҷуҳ надоранд.  
Мубаширахон Раҳимова, доктори илми кимиё, андеша дорад, ки дар амал татбиқ намудани бозёфтҳои илмӣ кори душвор аст. Барои ин на танҳо заҳмати шабонарӯзӣ, балки маблағи зиёд низ зарур мебошад.
- Дар ин самт бояд аз ҷониби Ҳукумати кишвар сохтори вижае  таъсис  ёбад, ки  татбиқи дастовардҳои илмиро ба зимма гирад, - меафзояд  ӯ.
Таҷрибаи давлатҳои дигар нишон медиҳад, ки  натиҷаи кори олимонро дар соҳаи дорусозӣ шахсони алоҳида тоҷирон - роҳбарони ширкатҳо низ дар итсеҳсолот ҷорӣ мекунанд ва аз ин ҳисоб даромади хуб ба даст меоранд. Бозёфти олимони соҳаи фармакология ба хотири рушди соҳа ва беҳдошти сиҳатии мардуми кишвар аст. Пас, чаро мо аз ин таҷриба истифода набарем? 

Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2016    №: 161    Мутолиа карданд: 415

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед