logo

иҷтимоиёт

ЗАНЕ, КИ СОЛҲОИ ҶАНГ 40 ГУРЕЗАРО ПАНОҲ ДОД

Дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ, ки соли 1992 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сар зад, ҳазорон нафар қурбон шуда, ҳазорони дигар барои таъмини амнияти худу пайвандонашон роҳи ғурбатро ихтиёр карда, аз марзи кишвар берун рафтанд. Дар ин ҳол баъзе оилаҳо аз минтақаҳои даргири ҷанг ба шаҳру навоҳии дигар кӯч баста, то ба эътидол омадани вазъият онҷо паноҳ бурданд.
Ойниҳол Шарифова аз зумраи занҳое буд, ки ҳамроҳи шавҳараш -  Шодихон Шарифов (рӯҳаш шод бод!) шумораи зиёди гурезагонро дар хонаи худ паноҳ дод. Ӯ бо ин амали хайр дар дили паноҳҷӯён хотираи нек ба ёдгор гузошт. Нафароне, ки бо кумаки ӯ аз офати ҷанг наҷот ёфтанд,  барои  арзи  сипос  зуд - зуд ба аёдати  ин модари солхӯрда меоянд.
Бо ин зани инсондӯст ва модари мушфиқ, ки аз рӯзҳои пурдаҳшати ҷанги шаҳрвандӣ  хотираҳои зиёди ибратомӯз дорад,  ҳамсуҳбат шудем. Мавсуф ба саволҳои мо ҷавоб медоду ашки чашмонашро пок намуда, мардумро ба муттаҳидӣ, ватандӯстӣ ва поси арзишҳои миллӣ даъват мекунад.

- Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳама ба хотири амнияти худу наздиконашон паноҳгоҳ меҷустанд, чанд нафар гуреза дар хонаи шумо паноҳ бурданд, - пурсидем аз ӯ.
- Шумораи зиёди аҳолӣ, ки дар минтақаҳои пурдаҳшати ҷанг зиндагӣ мекарданд, иҷборан гуреза шуда, дар хонаҳои хешу табор паноҳгоҳ меҷустанд. Кам оилаҳое буданд, ки имконияти пуштибонӣ намудани гурезагонро доштанд, зеро дар он солҳо шароити зиндагии бештари аҳолӣ вазнин буд. Он солҳо шумораи аъзои оилаи мо 21 нафар буд, вале бо вуҷуди ин 40 нафар хешовандони дуру наздик аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Бохтари вилояти Хатлон то ором шудани вазъият инҷо ба сар бурданд. Аз Худои умед доштем ва пайваста дуо мекардем, ки рӯзе сулҳ бар муқобили ҷанг ғолиб ояду бори дигар рӯзгори осуда бинем.

- Дар он шароити мушкил барои  оилаи сернуфуз нигоҳубини боз 40 гурезаи дигар, албатта, осон набуд.
- Аввалҳо аз ҳисоби он ки захираи гандум ва саршумори зиёди чорво доштем, ҳатто барои 61 нафар ҳам мушкил чандон эҳсос намешуд. Баробари тамом шудани захираи гандум ва анвои дигари ғизоӣ маҷбур шудем, ки ҳамроҳи фарзандон дар заминҳои совхози ҷамоат, ки дарав шуда буд, барои ҷамъоварии сарак (хӯшаҳои боқимонда) -и гандум бароем ва рӯзгорро пеш барем.
 Аз хӯшаҳои афтидаи гандум барои идомаи рӯзгор як миқдор захира кардем ва то мавсими кишт аз гуруснагӣ эмин мондем. Сипас, заминҳоро бо белу каланд бо як ҳоли зор барои кишт омода  карда, аз дигар ҷо барои кишт ва идомаи таъмини оила то ҳосили нав гандум овардем ва миқдоре аз онро кишт кардем. Ва шукр, ки кишти гандум ва идомаи барзгарӣ моро аз он солҳои тангдастӣ наҷот дод.

- Вақте он рӯзҳоро ба ёд меоред, чӣ эҳсос шуморо фаро мегирад?
- Ҳама рӯзи он солҳо мушкил буд, ки ба хотир оварданаш дардовар аст. Нони ҷавӣ, хӯроки беравған ва алафҳои зиёдеро ҳатто аз набудани чойи хушк истифода кардем. Худо он рӯзҳоро дубора пас наорад ( ӯ ашк мерезад)…

- Оромии имрӯзи Тоҷикистон ва осудагии мардуми кишварро дар қиёс ба солҳои ҷанг чӣ гуна баҳо медиҳед?
 - Сад шукр, ки бо дуои неки сулҳхоҳон ва ташаббуси фарзандони фарзонаи миллат ба мисли Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷаҳолати ҷанги бародаркуш хомӯш шуду мардум дубора қомати хамшудаи худро рост кард. Ман ва дигар ҳамватанон, ки аз рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ хотираи даҳшатбор дорем, ба қадри сулҳу ваҳдат, истиқлолият ва осудагии миллат бештар мерасем. Зеро оромии имрӯзи Ватан замоне барои мо орзуи ҳамешагӣ буд. Ҳар нафаре, ки ба қадри ин сулҳи афсонавӣ намерасад, дар замири ӯ заррае инсонгарӣ ва ҳисси миллӣ вуҷуд надорад.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2016    №: 161    Мутолиа карданд: 423

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед